Главная / Илм / КАЙК

КАЙК

КАЙК, ҳашароти майдаи хунмак, ки дар ҷисми ширхӯрон, паррандаҳо ва одам зиндагӣ мекунад. К. хуни ҳайвоноти гуногун (гурба, калламушҳо, суғур, саг ва ғ.)-ро макида, баъзан ангезандаи як қатор бемориҳои хавфнок (тоун, ҳасба ва ғ.)-ро дар байни одамон паҳн менамояд. Оби даҳони К. таъсири озурдасозӣ дорад. К. дар пашми ҳайвонот ва пару боли паррандагон тез ҳаракат карда, ҷуфти пои қафояш барои ҷаҳидан хизмат мекунад. Ранги К. зардча ё ҷигарӣ аст. К.-и нарина аз модинааш хурд мебошад.
Баъзе намудҳои К. фақат дар бадани ҳайвоноти муайян зиндагонӣ мекунанд, намудҳои дигар бошанд, дар ҷонварони гуногун паразитӣ карда, аз як ҳайвон ба ҳайвони дигар мегузаранд. Зиёда аз 1000 намуди К. маълум аст. К. – и одам (Purlex irritans), К. – и саг (Ctenocephalides canis), К. – и калламуш (Xenopsulla cheopis), К. – и юрмон (Ceratophyllus tesquorum), К. – и муш (Leptopsulla musculi) барои одаму ҳайвонот хавфнок ва паҳнкунандаи бемориҳои вазнин мебошанд. К. дар манзили одамон, дар хок, пору, тарқиши фарш, тагандози ҳайвонот ва ғ. афзоиш меёбад. Як К. – и модина дар тӯли ҳаёт то 400 дона тухм мегузорад. Аз тухм баъди 4 – 12 шабонарӯз кирминаҳо мебароянд, ки рангашон сафед буда, по надоранд. Кирминаҳо дар муддати 8 – 100 шаборӯз ба зоча, сипас пилла ва ба К. (дар давоми 6 – 220 шаборӯз) табдил меёбанд. Баъзе намудҳои К. то 1000 рӯз умр мебинанд. К. метавонад муддати зиёд (зиёда аз як сол) бе ғизо зиндагӣ кунад.
Барои мубориза бо К. қабл аз ҳама ба афзоиши он монеъ шудан лозим аст. Барои ин доимо тоза нигоҳ доштани манзил аҳамияти калон дорад. Барои нобуд кардани К.-и ҳайвоноти хонагӣ онҳоро мунтазам ба зоошампун ё пиретрум (ба 1кг вазни ҳайвонот 1 – 2 г) мешӯянд. К.-и хонаро ба хокаи пиретрум (ба 1м2 5 – 25 г), хлорофос, карбофос ва диг. инсектисидҳо маҳв мегардонанд (ниг. Дезинсексия). Барои гурезонидани К. ба кунҷҳои хона явшон мегузоранд ё хонаро бо ҷорӯби явшон мерӯбанд. Барои муҳофизати шахсӣ репеллентҳоро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …