Қаҳру ғазаб ва бисёр хӯрдан
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: – Паҳлавонӣ ба гӯштин гирифтан нест ва
марди боқувват он нест, ки касеро бияндозад, балки марди мардона касе аст, ки
дар ҳоли ғазаб худро нигоҳ дорад.
Мард дар вакти ғазаб дар дасти шайтон чунон асир аст, ки хатари он бошад, ки ӯро на танҳо дар маъсияту гуноҳ, балки дар куфр андозаду вай хабар нашавад. Марде назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) омада гуфт: – Ё Расуллаллоҳ, маро васияте кун кореро, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки дар ғазаб машав.
Он мард борҳо мегуфт: – ё Расулаллоҳ, маро васият кун, Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун.
Дар хадис омада аст, ки ҳар касе фурӯ хӯрад хашмро ва ҳол он ки қодир бошад бар рондани он хашм Худованди таъоло дили ӯро пурамн ва имон гардонад. Ҳар кадоме аз шуморо қаҳру ғазаб ояд, худро ба паҳлу андозед, ғазаби шумо паст мешавад.
Дар бисёр хурдан даҳ офат аст: Аввал сахтдил шудан. Дувум бераҳм шудан. Сеюм кундфаҳмӣ. Чаҳорум беҳифзӣ. Панҷум коҳилӣ. Шашум беҳудагӣ. Ҳафтум гурусна шудан ба гуноҳ, яъне ба гуноҳ рағбат кардан. Ҳаштум қиёматро фаромӯш кардан. Нуҳум мӯҳтоҷ шудан. Даҳум хуриши кирмон шудан дар гӯр. Дар китоби тиб гуфта шуда аст, ки ҳама донишмандон ва табибон бар он ақидаанд, ки асли ҳамаи касалиҳову бемориҳо дар хурдани бисёр аст.
Дар ҷимоъ харис будан низ хатари бузург дорад, ки шояд ба ҳаром дар афтад ва мустаҳиқи расвоӣ ва азоб гардад дар дунё ва дар охират. Ҷимоъ кардани бисёр мағзро заиф кунад ва чашмро торик гардонад ва заъфи дил орад ва рӯйро зард ва кунад ва дигар зиёнҳои бисёр дорад.
Илоҳо, шаҳвот ва лаззати нафсоние, ки мухолифи ризои ту бошад, бар дилҳои мо сард гардон, омин.