Главная / Ҷамъият / Кафолати бонкӣ (Намунаи матн)

Кафолати бонкӣ (Намунаи матн)

Кафолат барои иштирок дар тендер

                                                            МЎҲТАРАМ ҶАНОБОН! 

Аз баски  ҶДММ “Тоҷ Экспортан (минбаъд Принсипал) дархости тендерии худро барои “Оиди таъмири рангубору ороишнамои бинои таълими №6 ва№7 Донишгоҳи Давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, пешниҳод намуд.

Кафолати бонки

    БА МАЪЛУМОТИ ШУМО РАСОНИДА МЕШАВАД, ки мо ўҳдадориро дар назди  (Донишгоҳи Давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С.Айни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ  ба ўҳда мегирем, ки  пардохташро ба фоидаи  (Донишгоҳи Давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С.Айни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон мегузаронем.

ШАРТҲОИ  амали ўхдадорӣ:

  • Агар Принсипал баъд аз кушодани лифофаҳои бақайд гирифташуда бо дархостҳои тендерӣ аз дархости тендерии худ даст кашад ё онро дар мўҳлати амали он, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишон дода шудаанд, тағйир диҳад, ё
  • Агар Принсипали огоҳшуда бо тартиби дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқарраршуда оид ба ғолиби тендер эълон шудани он, имзо намекунад ё аз имзо намудани протокол оид ба натиҷаҳои тендер барои номгуи тендер “Оиди таъмири рангубору ороишнамои бинои таълими №6 ва№7 Донишгоҳи Давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, » мўҳлати дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқарраршуда, даст кашад,    ё
  • Агар Принсипал баъди ғолиб интихоб шудан, ба талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ҷавобгў набошад, ё
  • Иттилооти пешниҳоднамудаи Принсипал оид ба тахассуси худ маҳз дурўғ аст, ё
  • Муқарраркунии амалҳои бевиҷдонаи Принсипал.
  1. Мо ўҳдадор мешавем ба Бенефитсиар маблағи зикршударо баъди гирифтани якум талаби хаттии он пардохт намоем, дар ин ҳолат асоси ягона ва кифояи чунин талаб ишора ба вайронкунии ўҳдадориҳои худ аз ҷониби Принсипал.
  2. Кафолати мазкур бешарт ва бебозхонд мебошад.
  3. Кафолати мазкур аз «18» май  соли 2018 ба қувваи амал медарояд ва то «03» августӣ с.2018  амал мекунад.
  4. Кафолати мазкур тибқи «Қоидаҳои ҳамгуншуда барои кафолатҳо аз рӯи дархости аввал», нашри № 758 аз тарафи Палатаи Байналмилалии Савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон қабул мегардад ва амал мекунад.

 

Раиси Бонк                                                           Камолов П.А.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …