Главная / Илм / КАДУ

КАДУ

kaduКАДУ (Cucurbita maxima; C. moschata), растаниест яксола; зироати маъмул. Палакаш дароз, баргаш содаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон, зард, норанҷӣ, самараш калон ва шаклан гуногун. Аз К. таомҳои лазиз мепазанд. Дар таркиби он қанд, оҳар, моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (бахусус фосфор, оҳан), витаминҳои С, В1, В2, РР мавҷуданд. Донаи К. равған ва сафеда дорад.
Бино ба навиштаи Абӯалии Сино табиати К. хунук ва тар аст. ӯ К.-ро барои меъдаи наврасону ҷавонон зиёновар меҳисобад. Ҷӯшоби К. давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равғани гули садбарг омехтаи К. дарди гӯшро таскин мебахшад, барои бемориҳои гулӯ муфид аст. К. шаҳватро паст мекунад.
Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ (а. 18) К. ҷисмро сард карда ба он тақвият мебахшад, бинобар ин барои одамони мизоҷашон гарм муфид аст. Он қабзиятро рафъ месозад, пешобро ронда рӯдаро мулоим мекунад, зардпарвин ва табларзаи шадидро шифо мебахшад. Истеъмоли К. баъзан боиси халаи рӯда мегардад. Бо мақсади бартараф намудани таъсири номатлуби К. ба он илова намудани афшураи ғӯраи ангур, анор, сирко, биҳӣ, сир, занҷабил, наъно, зира ва хардал муфид аст. Табибони қадим К.-ро барои одамони меъдаашон сард, яъне барои ашхоси гирифтори гастрит ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта зиёновар меҳисобиданд.
Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи К.-ро барои одамони гирифтори бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, ҳангоми қабзият, чун воситаи пешоброн ҳангоми варами ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Онҳо бо марҳами мағзи хоми К. ҷароҳату захмҳои сӯхтаи пӯстро табобат мекунанд, доғи кунҷидак ва гармичаро меравонанд. Донаи К. давои хуби киҷҷарон аст.
Дар тибби илмӣ мағзи К. ба сифати ғизои парҳезӣ истифода мегардад. Бо донаи он кирмҳоро аз организм хориҷ мекунанд. Мағзи дар об пухтаи К., махсусан шарбати тозаи он, кори рӯдаро беҳ месозад, ҳангоми колит ва қабзият муфид аст. К. камғизо аст, бинобар ин истеъмоли онро барои одамони фарбеҳ тавсия медиҳанд. К. пешобро меронад, аз ин рӯ барои аз организм хориҷ сохтани намакҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин истеъмоли он ба ашхоси гирифтори бемориҳои ҷигар, гурда ва дилу рагҳо муфид аст.
Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли К. барои беморони қулинҷ (колит) зарар дорад, зеро худи К. пайдокунандаи қулинҷ аст. К.-ро кӯфта ё тарошида ба пеши сар гузошта банданд, бехобиро дафъ мекунад, дарди сарро таскин мебахшад. Бо оби К. ғарғара кунанд дарди гулӯ шифо меёбад. Гӯшти К.-ро хушконда чун орд маҳин кӯфта, дар дег бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, фишори хунро паст мекунад. Пӯсти хушки К.-ро кӯфта бихӯранд, барои бавосир ва хунравии узвҳои шикам даво аст. Мағзи тухми К.-ро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, барои дафъи дуруштии узвҳои даруни сина, хунравӣ аз шуш, сурфаи гарм, ташнагӣ, захми рӯда даво мешавад.
Ад.: Ҳикмати арсҳо (мураттибон Капранов В. А., Ҳошимов Р.), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …