Главная / Илм / КАБУДДОҒӣ

КАБУДДОҒӣ

kabuddogiКАБУДДОҒӣ, хунмурдагӣ, иллатест, ки дар натиҷаи лат хӯрдан ба вуқуъ меояд (дар натиҷа хун ба бофтаҳои сатҳии бадан мешорад). Дар аввал ранги ҷои латхӯрдаи пӯст қирмизии баланд буда, ба андозаи таҷзияи гемоглобини хуни шорида тадриҷан аз сурх то кабуд тағйир меёбад, сипас сабзтоб ва ниҳоят зард гашта, пас аз он пурра нест мешавад.
Тағйири ранги К. имкон медиҳад, ки мӯҳлати пайдо шудани он тақрибан муайян карда шавад. Ин барои интихоби тарзи табобат муҳим аст (аввал хунукӣ ва баъд гармиро истифода мебаранд).
К. мумкин аст пас аз чанд рӯзи латхӯрӣ зоҳир шуда, рангаш кабуд ё сабзтоб бошад; ин ҳолат ҳангоми хуншорӣ дар бофтаҳои амиқ, ки хун аз онҳо тадриҷан ба пӯст заҳида мебарояд, ба вуҷуд меояд. Чунин тарзи гуншавии хун аксар вақт аз осеби устухон (шикастан, кафидан, канда шудани қисми бофтаи устухон) гувоҳӣ медиҳад. Баъзан К. аломати ягон ҳолати барои ҳаёт вазнину хатарнок аст. Чунончи, дар аснои латхӯрии сар пайдо шудани доғи кабуд дар атрофи чашм ба шикастани устухони косахонаи сар хос буда, осебдидаро фавран ба беморхона бурдан зарур аст.
К.-е, ки дар натиҷаи андак лат хӯрдан ё фишурдан пайдо мешавад, аз бемории хун ё рагҳои он дарак медиҳад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …