Главная / Гуногун / КӮЛИ КАЛОН

КӮЛИ КАЛОН

Боз гардондам инони умр бо хайли хаёл, Хотироти кӯдакӣ омад ба истиқболи ман. 

Доманакӯҳҳои Соя ва Офтобрӯя, аз тарафи ғарб ва шарқ Панҷрӯдро иҳота карда, мазрааи лалмии колхоз ҳисоб мешуданд. Соле кӯҳи Соя корам бошад, соли дигар кӯҳи Оф- тобрӯя корам мешуд ва дар кӯҳи корам чаридани чорворо иҷозат намедоданд. Мардуми деҳ ҳама чорвои хонагӣ доштанд ва чарогоҳҳои атрофи деҳ барои чаридани чорво камӣ мекард.

Ғайр аз ин, боду ҳавои деҳа дар тобистон гарм шуда, барои чорво муносиб набуд. Аз ин сабаб, ҳар сол тобистонҳо, чанд хонавода ба кӯҳҳои дуртар ба овул мерафтанд. Баҳорон яке аз амакҳоям дар мавзеъе, ки Кӯли Калон ном дошт, каппа мезад ва чорвои хонагии аҳли хонадони моро он ҷо бонӣ мекард ва мо баччаҳоро ба он ҷо дастёрӣ мефиристоданд.

Кули калонҲамагӣ аз наздикону хешовандонамон тақрибан 50-60 сар гов ҷамъ мешуд. Аз рама ҳамин миқдор бузҳоро низ ҷудо карда, ба мо медоданд ва мо аз аввалҳои июн то охири август ин чорво- ро он ҷо бонӣ мекардем. Маро аз нӯҳ-даҳсолагӣ ҳар тобистон барои ёрӣ ба он ҷо мефиристоданд, ки масъули чарондани бузҳо будам.

Мавзеи Кӯли Калон дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, 18-20 километр ҷанубтар аз Панҷрӯд, дар як ҳамворие, дар қа- торкӯҳҳои Фон ҷойгир шудааст. Ин мавзеи зебоест, ки панҷ кӯли нисбатан бузург ва кӯлҳои зиёди хурдтаре дорад. Ин кӯлҳо дар байни ҷангали кӯҳӣ, дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалак ҷойгир буда, ин мавзеъ ҷои дӯстдоштаи сайёҳону кӯҳнавардони шӯравиву хориҷӣ буд.

Калонсолон нақл мекунанд, ки пештар ҷангалҳои ин ҷо он қадр анбӯҳ буд, ки аз дохилаш ба душворӣ мегузаштанд. Баъдан одамон дарахтҳои ин ҷоро бурида, ҳезум ва чӯби хонасозӣ карда, ин ҷангалро нобуд кардаанд. Солҳои пеш, дар замони шӯравӣ, дар кӯҳҳои ин ҷо конҳо канда, маъдан истихроҷ мекардаанд ва дар корашон ангишт ниёз доштаанд. Қисми зиёди ҷангалҳои Кӯли Калонро ана ҳамин кӯҳканҳо бурида, барои кокс – ангишт истифода кардаанд.

Солҳое, ки ман дар ин ҷо ба сар мебурдам, дар ҷангал танҳо коҷҳои сарсабз, ки ҳезум намешуданд ва буттаҳо монда буданд. Ба тадриҷ одамон дарахтҳои сарсабзро ҳам тар бурида, ҷангал- ро боз ҳам холитар карданд.

Ҳукумат ҷангалбонҳо гузошта буд, ки доим бо ин дарахт- буррон дастбагиребон мешуданд, вале мардум боз ҳам чашми онҳоро хато карда, дарахтҳоро мебуриданд, зеро ки ин ягона роҳи таъмини ниёзашон ба ҳезум буд. Ба назари ман, агар дав- лат дар деҳот фурӯши ангиштсангу ҳезум ва маводи сохтмони манзилро ба роҳ мемонд, барои ҳифзи табиати зебои кӯҳҳо чораи муассиртаре мебуд.

Замони баччагӣ ва бузбонии ман дар ин ҷо лаби кӯлҳо пур аз хаймаҳои кӯҳнавардон ва сайёҳони минтақаҳои дурдасти шӯравӣ ва хориҷӣ буд. Умуман, кӯҳҳои Фон табиати нотакрору тасхиркунандае доранд. Шоир ва овозхони машҳури рус Юрий Визбор суруде бо номи «Кӯҳҳои Фон» дорад, ки мисраи авва- лаш: «Ман диламро дар кӯҳҳои Фон мондаам» буда, дар васфи ҳамин кӯҳҳо сурудааст, ки дар паҳнои Шӯравӣ машҳур буд.

Ин ҷо иқлими ноустуворе дорад. Рӯздармиён борон ме- борад, дамои ҳаво метавонад то нисфирӯз сахт гарм бошад ва ними дигари рӯз шадидан сард шавад. Фақат дар се моҳи то- бистон қобили будубош аст, вале ҳатто дар миёнаи тобистон низ баъзан барфу жола меояд.

Ана дар ҳамин мавзеъ зери офтоби сӯзону сардиҳои шадид тобистонҳои баччагии ман бо бузбонӣ гузаштааст. Ҳар саҳар соати 4-5 маро бедор мекарданд, то бузгаларо ба кӯҳи Работ барам. Як ними нонро ҳам ҳамроҳ медоданд. То бегоҳ бузҳоро дар кӯҳ мечарондам ва бегоҳ онҳоро ҷамъ карда меовардам. Буз ҳайвони чолоку шумест, ки ба касногузартарин ҷойҳои кӯҳ мебаромад ва ман маҷбур будам, ки аз паси он ба ҳамаи он кӯҳҳои душворгузар бароям.

Кӯҳи Работ резҳо дорад, ки саросар аз сангреза иборатанд. Баромадани ин резҳо хеле душвор аст, як қадам ба боло монӣ, лағжида, се-чор қадам ба поён меравӣ. Баъзан, маҷбур мешудам, чаҳорпо гавак кашида, боло равам, сангҳои нӯгтез ангуштонамро хуншор мекарданд. Бачча, ки будам, сахт монда мешудам, аз ҷойҳои хатарнок, ки мегузаштам, сахт метарсидам, на як бору ду бор аз хастагӣ ба дод омада, гиря кардаам, вале касе ба до- дам намерасид, зеро дар ҳоли ҳамаи бузҳоро саривақт ҷамъ карда наовардан бо чеҳраи турши зани амакам ва ғур-ғури ӯ рӯбарӯ мешудам, ки он хеле бадтар аз ҳар азобе буд. Дарки масъулият ва тарс аз хашми янгаам маро маҷбур мекард, ки ҳар рӯз ин душвориҳоро аз сар гузаронам ва ҳамеша бузҳоро таври лозим чаронда, биёрам. Орзу мекардам, ки мисли ҳамсолонам таътилро дар деҳа гузаронам ва ба бозиҳои ширини кӯдакии онҳо шарик бошам.

Ростӣ, як бор аз муносибати бади зани амакам қаҳр карда, асоро ба санг зада шикаста, чӯпониро партофта, ба деҳа раф- таам. Вале баъд аз чанд рӯз бо исрори модарам ва аз шарми рӯи падарам баргашта ва он сол низ вазифаамро то охир иҷро кардаам.

Хуллас, тобистонҳои кӯдакӣ сахтӣ бисёр кашидам, вале агар, аз як сӯ, масъулиятшиносӣ омӯхта бошам, аз сӯи дигар, сахткӯшӣ бароям якумрӣ одат шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …