Главная / Илм / Дар баёни ҷолиби ризқ

Дар баёни ҷолиби ризқ

Бишнав, акнун баёни ҷолиби ризқ,
Низ асбобҳои солиби ризқ.
Шуд зи асбоби ризқ, эй дамсоз,
Бо хушуъу хузуъ адои намоз.
Ҳар кӣ бо ин ҷаҳор шуд мавсуф ,
Нашавад ҳеҷ гаҳ зи фақр махуф .
Яке пеш аз духули вақти намоз,
Сохтан бо вузуи хуб намоз.
Дигаре пеш аз азон хондан,
Сӯйи масҷид қудуми худ рондан.
Дигаре аз каломи дунёвӣ,
Баъди витр аст тарки ӯ авло.
Дигаре тарки хоб пеш аз субҳ,
Ин ҳама мебарад аз ӯ ҳар кубҳ .
Хӯ намудан ба хайру ҳам садақа,
Низ хушниятист бо рафиқа.
Субҳ, аз хоб ҳам шудан бедор,
Баракатро биёварад бисёр.
Дар ҷамеи ниам диҳад баркат,
Бар сари кас биёварад раҳмат.
Ҳар кӣ дар ҳар шаб, эй хамидаписар,
Сураи «Воқеа» бихонад агар.
Низ ду сураи муборак ҳам,
Яъне «Ё син»-у бо «Таборак» ҳам.
Хати хубу каломи хуби хеш,
Хулқхуш будану сулуки хеш.
Рӯфтани рӯйи хонаву дару бом,
Шустани косаву табақ зи таом.
Ризқро пур кунад, ғано орад,
Оқил инҳо зи даст нагзорад.
Суннати бомдод дар хона,
Хондани витр боз дар хона.
Хондани фарзи фаҷр дар масҷид,
Ҳам ба масҷид ишо кунад бо ҷид .
Хомӯшӣ аз каломи беҳуда,
Ин ҳама ризқро кунад тӯда.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …