Ё ВА Ё

Ин ҷавонмарди қадпаст ва чорпаҳлўи фарбеҳ Салим ном дошт. Ў марде буд назарногир, вале чопсул. Касе номи ҳақиқиашро намегирифт. Ҳама Пакана мегуфтанд ўро. Ҷудо меҳрашон тобад – Малыш. Дар маъракаву нишастҳо ба ў гап намерасид. Насибаш танқиду сарзаниш буд. Боре болоро ҳам надида буд. Ба қавле саги погаҳи дар буд. Ҳамеша зери хандаву истеҳзо қарор мегирифт. Вале ў хеле ҷиддӣ:

– Ман набошам, шумоҳо аз зиққӣ мемуред, – мегуфт.

Вале…

Ҳа, яку якбора Салимбой шуда монд. Ба ин нобасомониҳои замон сабаб гашт. Кашмакашиҳои бемаънӣ сар шуду баъзе ташкилотҳо бесоҳиб монданд. Ба Салим Худо дод. Вай аз ин вазъият моҳирона истифода бурда, корхонаи «Утилсирё»-ро ба даст даровард. Молу амволи онро фурўхта ба кисааш зад. Хонаи дуошёнаи боҳашамат сохт, мошини «Ҷип» харид. Дар се деҳа се зани дигар гирифт. Акнун карруфарашро фил бардорад миёнаш мешикаст. Вале ақлу фаросаташро мўрча бардорад то Ҳиндустон мебурд. Гоҳ-гоҳ ба ҳамдеҳаҳо зиёфат карда медод. Ҳеҷ кас эътироз намекард, гап намезад. Якта-нимта одамон ношунаво: «Харҷ аз кисаи давлат бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад!» – мегуфтанду халос.

Пулу мол ва макру ҳиял ба Салим обрў ато намуд. Беҳуда: «Фатир дорӣ хотир дорӣ» – намегуфтаанд. Акнун ў бологузар. Иззатманд. Соҳиби гап. Дар куҷое, ки ў бошад, ба касе гап намерасид. Кафки даҳонашро пош дода, мисли занҳои серҷоғ гап мефурўхт. Гапҳои бемаънӣ, яке аз боғу дигаре аз роғ.

Боре ҳангоми сўҳбат гап дар бораи меҳнати ҳалол рафту яке аз нишастагон бо қаҳру ғазаб гуфт:

– Э, ҳамааш гап! Имрўз кўзашикаста қадр дораду обоварда не!

Давронбек, марди меҳнатӣ ва оромтабиати камгап ба ў рў оварда, бо оҳанги таассуф гуфт:

– Гапат рост. Ана, ман як умр шабро-шаб, рўзро-рўз нагуфта арақи ҷабин мерезаму ҳеҷ не, ки якам ду шавад. Хўрданӣ ёбам пўшиданӣ намеёбам, пўшиданӣ ёбам хўрданӣ намеёбам. Беҳуда: «Кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо» – намегуфтаанд.

– Ҳӣ – ҳӣ – ҳӣ! – баланд хандид Салимбой. – Вўҳ – ҳа – ҳа!

– Чӣ механдӣ?

Салимбой даҳонашро чун калўши кўҳна калон кушода, бо заҳрханда таҳқиромез нидо намуд:

– Э, ҳой, беҳуда зўр назан, ки миёнат мешиканад!

– Э, не-е, барои чӣ миёнам мешикастааст? – оташин шуда, гуфт Давронбек.

– Оташин нашав, – гуфт Салимбой ҳавобаландона. – Худо ки надиҳад намедиҳад. Ҳа, Худо, ки медодааст, намегуфтааст, ки хушдоманат кист.

– Рост?! – бо тамасхури ошкоро гуфт Давронбек.

– Набошад чӣ! – нидо намуд Салимбой. – Ана, ба ман, дод!

Оташи қаҳру ғазаби Давронбек аланга зад. Як фикр кард, ки ин беадабро дурустакак танбеҳ диҳад. О, хонаи ташкилоти «Утилсирё»-ро сўхта, соҳиби пулу мол шуд. «Нариштаву натофта, аз баҳри Худо ёфта». Боз маро мазоҳу масхара мекунад! Вале боз аз фикраш гашт. Ҳозир ҷои гап не. Бо ин беадаб баъд гуфтугў мекунем. Қаҳру ғазабашро базўр фурў нишонда, хомўш монд.

Дар ин сўҳбат олими намоён Мирзозода низ ҳузур дошт. Азбаски рўи одам нур дорад: «Сар равад ҳам сир наравад» – гўён, хеле вақт ба сафсатаҳои Салимбой гўш дод. Аммо баъд дид, ки ба ин наздикиҳо ҷоғаш тамом намешудагӣ барин, тоқаташ тоқ шуда, чанд бор гулў афшонд, нашуд.

– Ба Салимбой чой диҳед, – гуфт ў ба чойкаш. – Гулўяш қоқ шуд, охир.

– Ба чашм! – чойкаш дарҳол ба Салимбой як пиёла чой дароз кард.

Вале даҳонаш банд нашуд. Ниҳоят ҳама варсоқиҳои Салимбой ба дили Мирзозода зад, якбора ба худ қиёфаи ҷиддиро гирифта, сухани ўро бурида:

– Дар дунё ҳама чиз андоза дорад, Салимбой! – гуфт.

Якбора дами Салимбой ба дарун зад. Сахт дар шигифт монд. Мақсади Марзозодаро мутлақо нафаҳмид. Лаҳзае чӣ гуфтанашро надонист. Сипас худро ба даст гирифта, табассуми бардурўғе намуда, гуфт:

– Э, то дунё будан бошед, устод! Асло аз шўхиатон намондед-да!

– Ман шўхӣ накардам! – ҷиддӣ гуфт Мирзозода.

– Э, мебахшед, устод, гапатонро нафаҳмидам, – гуфт Салимбой.

– Ҳамтуя? – табассуми тамасхуромез намуд Мирзозода. – Гапи ман ҳамин, ки гапи ту рост.

Дастгирӣ аз тарафи олими намоён барои Салимбой ногаҳонӣ буд. Аз ин рў аз ҳаяҷону изтироб лаҳзае аз забон монд Салимбой.

– Ана ҳамин тавр, Салимбой, – гуфт Мирзозода. – Ё ва ё.

– Ё ва ё? – ба худ омада, такрор кард Салимбой ва бо табассуми сохта изофа намуд:

– Шумо, ки олим ҳастед, олимона гап мезанед. Як инту содатар карда гўед, устод.

– Содаи гап ҳамин, ки Худои таъоло ҳама чизро ба инсон якбора намедиҳад, – ҷавоб дод Мирзозода.

Аз ин суханони Мирзозода Салимбой аз нав ҷон гирифт. Чун гули қоқу шукуфт. Сари зону нишаст. Ва ғолибона нидо намуд:

– Ана дидед! Не, дидед! Ку боз як бор такрор кунед, устод, ин ҳафтафаҳмо фаҳманд.

– Ҳа, Худои таъоло ба яке пулу мол медиҳаду ба дигаре ақл.

Салимбой аз ин гапи Мирзозода ҳузур карда, бо шакарханд нидо намуд:

– Алҳақ!

Ҳама ябора қоҳ-қоҳ хандиданд.

– А-а?! – даҳон кушода, лол монд Салимбой.

19 ноябри соли 2000

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …