Главная / Ҷамъият / ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВРАИ ТО АСРИ XX

ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВРАИ ТО АСРИ XX

Халқи тоҷик асрҳо шаклҳо, воситаҳо ва усулҳои қадимаи халқии варзишро таъсис ва такмил медод, доимо онро илова ва бойу ғанӣ мегардонд.

Омўзиши шаклҳои халқии тарбияи ҷисмонӣ нишон медиҳанд, ки он дар алоқаи ногусастанӣ бо фаъолияти меҳнатии халқ ва талаботҳои худмуҳофизатӣ, машғул будан ба меҳнати осоишта, дифоъ ва ба муҳориба бо душман воридшуда, халқ хислатҳои ҷисмонии худ ва маҳорату малакаҳоро дар роҳравӣ, давидан, партоб додан, ҷаҳишҳо, шиноварӣ ва боло баромаданҳо (ба монеаҳо) инкишоф ва такмил дод.

varzish

Тоҷикистон дар ҷараёни инкишофи таърихии худ мудом робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро бо халқҳои бародари ҳамсояаш афғонҳо, ўзбекон, қирғизҳо ва туркманҳо таҳким мебахшид. Аммо новобаста ба алоқаҳои мустаҳкам бо ин халқҳо тоҷикон ҳамеша фарҳанги қадими худро, аз он ҷумла варзишро ҳам нигоҳ доштаанд.

Ба хусусият, мазмун ва шаклҳои тарбияи ҷисмонии халқи тоҷик муҳит, шароити маишӣ, иқлимӣ – ҷуғрофии маҳал ва ғайра таъсир мерасонад.

То инқилоб дар ҳудуди Тоҷикистон тарбияи ҷисмонии муташаккил дар байни оммаи васеи халқ мавҷуд набуд. Танҳо аҳолии бой имкон доштанд, ки барои ба бачаҳои худ омўзондани аспсаворӣ, тирпаронӣ аз ка-

мон, гўштингирӣ, шатранҷбозӣ мураббиёнро киро намоянд. Тоҷикон бо шуҷоату матонат, қувва ва ҷанговарӣ дар байни халқҳои дигар ҳатто дар давраҳои қадим ҳам маъруфияти бузург касб карда буданд. Дар ин боб нависандагони гузаштаи форс, араб ва дигарон зикр намудаанд.

Аммо нобаробарии иҷтимоӣ, ки дар шароити сохти феодалӣ пурзўр гардида буд, инчунин вазъи бениҳоят душвор ва беҳуқуқии оммаи меҳнаткаш ба инкишофи васеи навъҳои варзиши мардумӣ мусоидат накарданд.

Бо вуҷуди беҳуқуқӣ, зулми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз байни халқи заҳматкаш ҳам аспсаворони олӣ, паҳлавонон, камонварони моҳир мебаромаданд. Дуруст аст, ки фақат ба баъзе аз онҳо имкони нишон додани истеъдодҳои варзишии худ муяссар мегардид.

Тарбияи ҷисмонии халқ бошад дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии ў амалӣ мегашт. Аз синни 13 – 14-солагӣ сар карда, деҳқони наврас ба ёрдамчии падар табдил меёфт ва дар 16-солагӣ озодона корҳоро идора ме-

кард, истифодаи табар, дос ва ғайраро азхуд карда менамуд. Барои машғулиятҳои махсуси бачаҳо вақти кам мемонд, ки ба инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонии онҳо мусоидат намекард. Вале он барои омода шудан ба мусобиқаҳои оддии қуввасанҷӣ ва чусту чолокӣ мусоидат менамуд.

Дар байни мардум чунин намудҳои варзиш амсоли тирпаронӣ аз камон, гўштингирӣ, сангпартоӣ, ҷаҳидан, гузаштан аз монеаҳои мухталифи табиӣ, шамшербозӣ, баромадан ба баландиҳои кўҳ, шикор, шиноварӣ,

бозиҳо, рақсҳо, муҳорибаҳои гуногуни тан ба тан густариши васеъ ёфта буд.

Аз қадимулайём тоҷикон бозиҳои серҳаракатро васеъ истифода мебаранд. Дар байни бачаҳо бозиҳои мавсимӣ машҳур буд: «Рўймол дар гирд», «Тўбро ба чуқурӣ расонидан», «Худро ба боло кашидан», «Қотил»,«Ҷаҳиш» ва ғайра. Мусобиқаҳои халқӣ чун аспдавонӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ барои фароғати варзишии мардум хизмат менамуданд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …