Главная / Гуногун / Ҷазо – Ҳикоя

Ҷазо – Ҳикоя

Ҷавон дар дами ғори фарози кўҳ нишаста, ба деҳа менигарист. Дар поён деҳа бо боғоти сарсабзу хонаҳои бомҳояшон пасту баланд, дарёи тезоб, қабристони паҳновар ва пайроҳаҳои каҷу килебаш гўё ба ғанаб мерафт. «Ин қадар зебо, – аз дил гузаронд  ҷавон. – Чаро ман то имрўз чандин бор ба ин қулла баромада бошам ҳам, инро дарк накардам.”

Ҳарчанд деҳа дар зери пояш буд, ҷавон наметавонист поин шавад. Зеро вай ба як рафтори нангини худ ҳама дарҳои деҳаро ба рўйи худ баста буд.

jazoОн бегоҳ, ҷавон, ки Қаҳҳор ном дошт, аз як маърака бармегашт. Вақти говгум буд. Азбаски дар деҳа чанд дақиқа пеш барқ якбора хомўш гашта буд, хонаҳои гирду атроф дар ҳукми торикӣ буданд. Чароғи ягона мағозаи деҳа низ, ки шабҳо ҳамеша чени хирманҷо назди дари онро фурўзон мекард, хомўш буд. Ҷавон аввал ба он аҳамият надода, гузаро шуд, аммо панҷ – шаш қадам монда, боз ба қафо нигарист. “Айни муддао”, – аз дил гузаронд вай ва боз роҳашро идома дод.

Нисфи шаб оҳиста аз ҷой хеста, берун баромад. Деҳа сокит буд. Сукунати онро танҳо садои паст ва якнавохти резаборон, ки аз новдони айвон мешорид, халалдор месохт. Чеҳраи ҳаво гирифта буд, дар осмон ситорае наменамуд. Қаҳҳор оҳиста ба анбор, ки дар тарафи рости дарвоза буд, даромада, оҳани нўгкаҷро гирифта, ба бағалаш сахид ва хам шуда, банди кедиашро кушоду аз нав маҳкамтар баст. Сипас дуздона қадам зада, аз дарвоза берун шуд ва дере нагузшта ба назди мағоза расид. Аввал чанд лаҳза ноҷунбон  истода, ба гирду атроф назар андохт ва чун бовар ҳосил кард, ки касе ва садое намеояд, бо асбоби ҳамроҳ овардааш танбаоҳани дари қафои мағозаро ба кандан оғозид. Пас аз кашмакаши зиёд дар боз шуд ва Қаҳҳор ба дарун қадам монд. Дохили мағоза низ торик буд. Вай бо фонусчаи кисагиаш пеши пояшро равшан карда, ғалладони мизеро, ки фурўшанда ҳамеша пулҳои аз мизоҷон гирифтаашро ба он мегузошт, (Қаҳҳор борҳо ҳангоми харид кардан инро мушоҳида карда буд) сўи худ кашид. Ғалладон холӣ буд. «Лаънатӣ, ҳамроҳ бурдааст», – ғурунгид вай ноумедона.

Ҳамин вақт ғиҷирросзанон кушода шудани дари мағоза ба гуш расид.

– Кистӣ?! – баланд шуд овози посбони мағоза  Сулаймон-амак.

Қаҳҳор садое набаровард.

Посбон чун ҷавобе нашунид, пас аз чанд дакиқа дар як даст таёқ ва дар дасти дигараш фонус пеш омад. Ҳамин ки ба толори мағоза (хонаи қафо анбор буд) дохил шуд, аз пешпо додани Қаҳҳор , ки дар таги миз чо шуда буд, пару афтид ва фонус аз дасташ хато хўрда, садои кунде дар толор  печид. Қаҳҳор ба муйсафед фурсати хестан надода, ба ў дарафтод ва кундаи  зонуяшро ба сандуқи синаи вай гузошта, ба саллаву миёнбандаш  дасту пойи ўро маҳкам баст.

– Ин туӣ?! – ғурунгид мўйсафед.

– Ҳа, ман. Даматро гир, ки забонатро мебурам, – аз ҷой баланд шуд Қаҳҳор.

– Аз дузд дуздбача мерўяд, мегуфтанд, рост будаст. Дасти бобоят низ қалб буд. Чашми кас хато хўрад, аз зери пояш харашро медуздид. Оқибат аз дасти дуздияш ҳароммур шуд.  Намедонам дар ун дунё чӣ ҷавоб дода бошад?

– Ба бобои ман корат набошад. Беҳтараш ғами худатро хўр.

– Ман дар умрам хаси касеро беҷо накардаам, чаро ғам хўрам.

Ҳарду лахзае хомўш монданд. Қаҳҳор курсии зери мизро қафо кашида, нишаст.

– Ман медонистам, ки дасти ту қалб аст. Гўсфанди раҳматӣ Содиқро низ ту дуздида будӣ?!

– Ту аз куҷо медонӣ?

– Пўсташро дар ҳавлиатон дида будам.

– Ман дуздидам… Боз ягон гап дорӣ?

– Афсўс, ки онро ба мардум ошкор накардам.

– Хуб кардӣ.

– Ба ту бедиёнат раҳмам омад. Модари бечораатро хотир кардам.

– Дили раҳмгин ҳамеша ғамгин, гуфтаанд.

– Акнун ошкор мекунам.

– Дер шуд. Дигар ту аз ин ҷо зинда намебароӣ.

– Ту чӣ кор карданӣ?

– Намедонам, мўйсафед, ба Худо, ки намедонам. Сари калобаамро гум кардам.

– Бачагӣ накун, ман ба ҳеҷ кас даҳон намекушоям, – гуфт Сулаймон-амак, ки ноаён дар дилаш ваҳм хона мекард.

– Не, мўйсафед, ман ба ту бовар намекунам. Ҳозир худат гуфтӣ-ку, ҳамаашро ошкор мекунӣ.

– Аз сари қаҳр гуфтам, – яқин аз гуфтаи худ пушаймон шуд муйсафед. – Ба худо, ки рост мегўям. Аз Худо битарс, бачем. Хуни ноҳақ рехтан гуноҳи азим аст.

– Пагоҳ қулфи шикастаро дида пурсанд, чӣ ҷавоб медиҳӣ?

– Надидам мегўям. Шабона касе шикастаст мегўям. Азбаски ҳеҷ чиз гум намешавад, зиёд кофтуков намекунанд.

Қаҳҳор чанд лаҳза сукут карда нишаст ва баъд сар бардошта, гуфт:

– Ту дар ин нимашаб аз кадом гўр пайдо шудӣ…

– Охир, ман қаровул, касбам ҳамин аст. Ҳар шаб ду-се бор хабар мегирам.

– Ба ман пул даркор буд. Ана бин, – гуфт Қаҳҳор ғалладонро кашида. – Хоп-холӣ!

– Ба кӣ пул даркор нест?! – нешханд зад Сулаймон-амак. – Пул даркор гуфта, ба ҳар дари ростомада сар мезанӣ? Кор кун!

– Канӣ, ҳамон кор?! – гўё маҳз ҳамин суолро мунтазир бошад, дарҳол пурсид Қаҳҳор. – Нишон деҳ ҳамун кора?

Сулаймон-амак хомўш монд.

– Худат медонӣ, модарам бемор. Дору харидан лозим. Вай ба ғайр аз ман ҳеҷ кас надорад. Дирўз ба дари чанд кас рафтам, ҳеҷ кас қарз надод, – гуфт Каҳҳор, бо овози хаста. – Каме дер меомадӣ, баромада мерафтам. Аммо акнун…

– Чӣ акнун?

– Акнун кор аз кор гузашт. Ба ман шоҳид лозим нест.

– Гуфтам-ку, надидам мегўям. Гумонат ба ин риши сафед дурўғ мегўям.

– Бовар намекунам, мўйсафед.

Сулаймон-амакро аз ин истинтоқи ҷавони ба наберааш баробар ва ҳолати ҳақиронаи худ, ки бо дасту пойи баста рўи фарши намноку ифлос мехобид, хориаш омада, якбора шўрид:

– Э дар арвоҳи бобот б… Мекушӣ, куш! Лекин дониста мон, ки ҳафт пуштат месўзад.

– Даматро гир! – бо ҷаҳл ба сандуқи синаи муйсафед лагад зад Қаҳҳор.

Дами Сулаймон-амак дарун зад. Ҳамин вақт аз назди дари пеши мағоза ғибир-ғибири ду нафар баромад.

“Дўконро хабар мегирам гуфта, куҷо ғайб заданд”, – пурсид овози мардона.

“Шояд ба хонаи ягон ҳамсоя рафта бошанд”, – ҷавоб дод писарбачае.

“Дар ин нимашабӣ…”

Қаҳҳор  овози писари Сулаймон – амак Сафарро шинохта, саросема сангеро  аз назди тарозуи рўйи миз гирифта, ба фарқи сари мўйсафед фуровард. Ва зуд аз дари ақиб берун шуда, дар оғўши торикӣ ғайб зад…

Вақте ки Қаҳҳор ба хона баргашта, даруни ҷогаҳ медаромад, аз хонаи дарун овози модари бемораш расид.

– Куҷо будӣ, бачем?

– Таҳоратшиканӣ баромадам.

– Таҳоратшиканӣ? Як пиёла об биёр, ҳалқам қоқ шуд.

Қаҳҳор аз ошхона ба модар об оварда, сипас ба ҷогаҳ даромад. Хотираш парешон, дилашро гургон тала мекарданд. “Мўйсафед мурда бошад, хуб. Лекин агар зинда монад, рўзам сиёҳ”- меандешид вай. Ҳамин зайл то субҳ хаёлаш ба сад кўю дар сар зада, ғанабаш бурд. Вай намедонист, ки ин лаҳзаҳо Сулаймон – амак дар беморхона ба худ омада, ба зўр номи ўро ба забон оварда, ҷон дод.

 Субҳ дарвозаи онҳоро кўфтанд. Қаҳҳор тарсида бедор шуд ва зуд либосашро пўшида, назди дарвоза рафта, аз тарақи он милисионери деҳа ва писари Сулаймон-амакро дид…

Ҳамон субҳ вай дарвозаро накушода, милтиқи шикорӣ дар китф сўи кўҳсор роҳ гирифт. Ва инак як ҳафта боз ин ғори тангу торро маскан ихтиёр карда, азоби танҳоиву гуруснагӣ мекашид. Гоҳ -гоҳ кабк ё харгўшро шикор карда, нимпухтаву нимхом мехўрд. Нони ҳамроҳ овардааш кайҳо тамом шуда буд.

Ҷавон оҳ кашид ва аз деҳа чашм бардошта, ба пешгаҳи ғор (ҷойи хобаш) баргаштан мехост, ки ногоҳ чашмаш ба гурўҳи одамони аз ҳавлиашон (дар канори деҳа воқеъ буд ҳавлии онҳо) баромада афтод. “Модарам!” – нидо кард вай худ ба худ. Одамон рўи даст тобут ҷониби қабристон роҳ пеш гирифтанд. “Модарам! Модаракам!” – такрор кард Қаҳҳор. – Худоё, модарамро мегўронанд. Бояд биравам! Бояд биравам”.

Вай зуд баргашта, ба ғор дохил шуд ва ҷомаашро, ки вазифаи кўрпачаро адо мекард, аз замин бардошта, афшонд ва ба бар карда, хост аз ғор берун шавад. Аммо баргашта дар даҳони ғор ба гурге рў ба рў шуда, дар ҷояш ях баст. Гург аз ў чашм намеканд. Ҷавон бо надомат тамом шудани тирҳои камони шикориашро ба ёд оварда, худро маломат мекард, ки чаро ақаллан яктои онро нигоҳ надошт.

– Гург, эй гургҷон! – ба забон омад ҷавон. – Ба ман кордор нашав, бояд биравам… Дар он ҷо модарамро ба хок месупоранд.

Гург аз ҷой начунбид.

– Ту ҳам шояд фарзанд дошта бошӣ… Шояд барои пайдо кардани қути лоямути онҳо ба қасди  ҷони ман афтода бошӣ… Роҳ деҳ, гузарам, эй гург. Бе ин ҳам рўзи ман сахт аст. Дар он ҷо низ маро гургҳои дигар интизоранд. Бо ду дасти адаб худамро ба дасти онҳо месупорам. Бигузор маро зиндонӣ кунанд, сангсор кунанд, ба дор кашанд. Пеш аз ин мехоҳам сари қабри модарам як мушт хок партоям. То ў ҳис кунад, ки ман, фарзанди бетолеаш низ ҳамроҳи мардум ўро ба хонаи ахират гусел мекунам.

Аммо ин лобаҳои ҷавон ба гург кора накард: аз ҷой наҷунбид вай.

– Дафъ шав, даррандаи ҳаром, гум шав!

Гург, гуё аз ин фармони ҷавон қаҳраш омада дандон сафед кард ва қадаме пеш монд. Ҷавон аз тарс қафонокӣ рафт…

Гург торафт ба ў наздик мешуд…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zindagi

Манои зиндагӣ

Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъи бефоида караданд: яке он, ки андухту нахўрд ва …