Главная / Биология / Ҷамоаи наботот ва гуногуншаклии онҳо

Ҷамоаи наботот ва гуногуншаклии онҳо

Дар табиат растаниҳо алоҳида-алоҳида бе робитаи байниякдигарӣ намесабзанд. Балки онҳо ҳамроҳ, гурӯҳ-гурӯҳ мерӯянд. Гурӯҳи бо ҳам алоқаманди хелҳои гуногуни растаниҳоро, ки муддати дуру дароз дар як қаламрав (марзи муайян) сабзида, ба якдигар унс гирифтаанд ва инчунин, ба якдигар ва муҳити атроф таъсир мерасонанд, ҷамоаи наботот меноманд. Дар натиҷаи бо ҳам зиндагӣ кардани растаниҳо дар ҷамоаи наботот байни онҳо як робитаи мутақобилаи (тарафайни) боҳамтаъсиркунанда пайдо мегардад. Ҷамоаи наботот ҷангал, марғзор, дашт, ботлоқ ва ғайраҳоро дарбар мегирад.

daraxt

Бавуҷудоварандаи ҷангал, одатан, дарахтон мебошанд. Дар ҷангалҳои мо ягон намуди муайяни дарахтон (бодоми бухороӣ, фарқи туркистонӣ, чинори шарқӣ, арча ва ғайраҳо) дар алоҳидагӣ, нисбатан бартарӣ доранд. Одатан ҷангалро бо номи дарахти бартаридошта ном мегиранд. Чунончи, ҷангали фарк, арчазор, ҷангали чинор, тӯс ва ғайра.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои кӯҳӣ, дар пастхамиҳои серсангу регдор ва водии дарёҳо паҳн шудаанд. Ҳар як ҷангал аз ҳамдигар аз рӯи таркиби набототаш фарқ мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки барои ҳар як намуди чангалзор намудхои растаниҳои ба вай мувофиқу созгор хос аст.

Набототи ҷангали фарки туркистонӣ. Фарки туркистонӣ мансуби оилаи фаркҳо мебошад. Ҷангалҳои фарки туркистонӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, Дарвоз, Пётри I, Қаротегин паҳн гардидаанд. Дар шароити чумҳуриамон ҷангали фарки туркистонӣ порча-порча вохӯрда, ҷангали яклухту бутунро пайдо намекунад.

Фарқи туркистонӣ дар баландиҳои 2500 м аз сатҳи баҳр бо ҷангали арча, анбӯҳи хучзор (настаран), марғзорони баландалаф ва аз поён то баландии 1000 м аз сатҳи баҳр бо анбӯҳи бодоми бухороӣ, заранги Регелу дӯлона, писта ҳамшафатӣ дорад. Дар ҷангалзори фарки туркистонӣ бо вай дигар растаниҳои дарахтӣ, аз кабили чормағз, себи кӯхӣ, сафедор, малҳам, шунг, ғубайро, тӯғ, арча, аз растаниҳои буттагӣ бошад хостак, намудҳои гуногуни настаран, ирғай, талох ҳамроҳ мерӯянд. Дар зери дарахту буттаҳо, одатан растаниҳои соядӯсту намидӯсти алафӣ паҳн шудаанд. Дар ҷойҳои кушоди нисбатан серрӯшноӣ бошад, растаниҳои алафии бисёрсола — юған, торон, чормағзак, хардума, намудҳои гуногуни ширеш, камоли кӯҳистонӣ, пиёзи кӯхӣ (пиёзи Ошанин), морчӯба ва дигарҳо бо он ҳамроҳӣ намуда, пӯшиши анбӯҳи (зичи) набототро пайдо кардаанд.

Набототи ҷангали арча (арчазорон). Арчазорон назар ба дигар ҷангалзорҳо дар баландиҳои аз ҳама болои кӯҳсорон мавқеъ доранд. Арчазорон асосан дар нишебиҳои серсанги кӯҳсорон дар теғаи кӯҳҳо, водии дарёҳо доман паҳн кардаанд.

Растаниҳои дарахтию буттагӣ ва алафии қаблан номбаршударо дар арчазорҳо низ дидан мумкин аст (агар вай дар ҷойҳои нисбатан намнок ва хоки серғизо рӯяд). Дар минтақаҳои хушки хокаш регноку камғизои арчазор инчунин дарахтони қадпасти ба хушкӣ тобовар (шӯлаш, бодоми бухороӣ, заранги Регел), растаниҳои буттагӣ (бушол, настаранҳои гулизарддошта), растаниҳои алафии бисёрсола (хардума, баъзе хелҳои ширеш, мармарак, ҷамилак, чукрӣ) месабзанд. Дар фасли баҳор бошад растаниҳои зиёди пиёзакдор – намудҳои гуногуни лола, гули ғоз, ҷурғотак ва ғайра низ вомехӯранд.

Набототи бодомзор. Бодомзорҳо асосан дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои начандон баланд, дар баландии аз 800 то 1700 м аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Яке аз аломатҳои фарқкунандаи бодомзор аз ҷангали фарку арча дар он аст, ки ҳар як дарахти бодом аз якдигар дар масофаи начандон наздик сабзидаанд.

Бодомзорхо асосан дар нишебиҳои самти ҷанубӣ ё қисман дар самти шарқии кӯҳсорон ҷойгир шудаанд. Дар баландиҳои 1700 м аз сатҳи баҳр бодомзор бо ҷангали дарахтони паҳнбарг ҳамшафат мебошад.

Дар бодомзор дар қатори бодом дигар растаниҳои дарахтӣ – заранги Регел, тӯғ, дӯлона, писта, шӯлаш, растаниҳои буттагӣ – намудҳои зардгули настаран, бушол, зирк ва хостак месабзанд. Дар бодомзор мақоми растаниҳои алафӣ, аз ҷумла ҷави пиёзакдор, юган, дар ҷойҳои кушоди серрӯшноӣ – камол, соқала, ғармаш (хай- ригул), ширеши борикбарг хеле калон аст. Дар бодомзор раста- ниҳои яксолаи давраи рушду инкишофашон ниҳоят кӯтох (эфемерҳо), аз қабили гули одамрӯ, гули ноз, лолаарӯсак, мӯнҷ ва бисёрсола (эфемероидҳо) – пиёзи қоз, ҳамаи намудҳои гули сиёҳгӯш, баъзе намудҳои савсан, бинитоҷгул, заъфарон, ҳавоборонак, ғеша, ҷурғотак ва дигарҳо вомехӯранд.

Рӯи харсангҳои калонеро, ки дар бодомзорҳо бисёр вомехӯранд, одатан гулсангҳо ва ушнаҳо пӯшонидаанд.

Набототи пистазор. Пистазор дарахтзори нисбатан па- рокандаи равшан аст, дарахтон аз ҳамдигар дур-дур ҷойгир шуда- анд. Сабабгори асосии ин ҳолат норасогии яке аз омилҳои асосӣ — намнокӣ мебошад. Пистазорони Тоҷикистон асосан дар кӯҳу теп- паҳои ноҳияҳои ҷанубӣ (дар баландиҳои 600 то 1700 м аз сатҳи баҳр) паҳн шудаанд. Дар нуқтаҳои поёнӣ онҳо бо ҷамоаи набото- ти алафии қадпаст, ки номи нимсаваннаро гирифтаанд ва дар нуқтаҳои болоӣ бо арчазорҳо ҳамсарҳад мебошанд.

Дар ташаккулёбии ҷамоаи пистазорҳо боз растаниҳои дигар — бодоми бухороӣ, дар ҷойҳои нисбатан намнок – дарахтони себ, олуча, дӯлона, фарк, аз растаниҳои буттагӣ — бушол, настаранҳои гулзард, ирғай, хостак ва дигарҳо иштирок мекунанд. Аз растаниҳои алафӣ бештар пиёзаклӯнда ва решапоядор, чунончи пиёзи қоз, бойчечак, ҳавоборонак, хӯроки кабк, бинитоҷгул, ҷурғотак, заъфарон, ғеша, ҳолмон ва дигарҳо вомехӯранд. Дар ҷойҳои нисбатан кам- дарахт растаниҳои соқала, ширеш, камол, чойкаҳак, мармарак, ис- фарак, ҷави пиёзакдор, юған ва ғайраҳо паҳн гардидаанд.

Набототи марғзор. Марғзор ин ҷамоаи махсуси набо- тоте мебошад, ки асосан растаниҳои бисёрсолаи алафиро дарбар гирифтааст. Аз рӯи мавқеъ ва гуногунтаркибии намудҳои растанӣ марғзорҳоро ба марғзорҳои соҳилӣ ва баландкӯҳ чудо мекунанд.

Марғзорҳои соҳилӣ асосан дар соҳили дарёҳо ҷойгиранд. Дар баҳорон ҳангоми туғён кардани дарё марғзори соҳилӣ зери об монда, бо лойқаи селоб пӯшида мешавад. Лойқаи селоб аз моддаҳои ғизоӣ хеле бой мебошад ва таркиби хоки марғзорро ҳосилхез мегардонад. Баъди паст шудани туғёни дарё дар хоки ҳосилхезу намнок растаниҳои бисёрсолаи алафӣ нумӯ мекунанд. Аз растаниҳои хӯшадор дар он ҷо арзанаки марғзорӣ, қӯноқак, сулии марғзорӣ, себаргаи хазанда, нахӯдак, намудҳои гуногуни мулкак, инчунин дигар растапиҳои маргзорӣ, аз қабили анҷибар, тугмачагул, бӯимодарон ва дигарҳо месабзанд. Ҳангоми гулшукуфт растаниҳои марғзор рангҳои гуногуни дилкашро ба худ мегиранд.

Дар шароити Тоҷикистон марғзорҳо бештар дар баландкӯҳҳо дар наздикии тармаҳои обшудаистода, чашмасорон ҷойгир шудаанд. Растаниҳои асосии марғзорҳои баландкӯҳ аз растаниҳои хардума, рӯбоҳдуми зарафшонӣ, торон, намудҳои гуногуни ширеш, мунҷ, зарбат, лигулария ва ғайраҳо иборатанд.

Умуман, марғзорҳои баландкӯҳ хеле пароканда буда, дар байни теғаҳои кӯҳ, ҷойҳои нисбатан камшамолрас вомехӯранд. Дар ҳар ҷамоаи растаниҳо намудҳои бартаридошта (ҳукмрон) ва ҳайроҳикунанда дида мешаванд. Дар ҳар ҷамоаи наботот, одатан, намудҳое вомехӯранд, ки ба растаниҳои дигар таъсири калон мерасонанд ва ё барои онҳо муҳити зист пайдо мекунанд. Ин намудҳоро намудҳои бартаридошта ё ҳукмрон меноманд. Масалан, дар фаркзор фарк барои дигар намудхои ҳамроҳикунанда бавуҷудоварандаи муҳити ҳаётӣ мебошад.

  1. Ҷамоаи наботот чист?
  2. Кадом гурӯҳҳои ҷамоаи набототро медонед?
  3. Гурӯҳҳои (намудҳои) ҷамоаи наботот аз якдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
  4. Кадом намуди растаниҳо барои ҷамоаи фаркзор, арчазор ва марғзорон хос аст?
  5. Марғзори соҳилӣ аз баландкӯҳӣ бо чӣ фарқ мекунад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …