Главная / Маданият ва санъат / ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ, Ҷалолуддин МуҲаммади Балхӣ ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқҳои форс-тоҷик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд ёфтааст. Падараш-Баҳоуддини Валад аз фақеҳони машҳури замон буд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷавонӣ ба омўзиши илмҳои маъмули давр машғул шуд.

jaloludini-balxiБаъди вафоти падар муддате дар хизмати Сайид Бурҳонуддини Тирмизӣ, ки аз шогирдони падараш буд, шогирдӣ кард. Дар Қуния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо карда, ўро устоди маънавии хеш хонд ва девони ашъори худро «Девони Шамси Табрезӣ» номид. Дар Қуния соли 1273 аз олам гузаштааст. Ашъори Ҷалолуддини Балхӣ аз ду қисм иборат аст. Яке манзумаи машҳури ўст, ки аз машҳуртарин китобҳои забони форсӣ-то-ҷикӣ буда, онро «Маснавии маънавӣ» ном ниҳодааст. Ин маснавӣ аз шаш дафтар иборат буда, 25 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ўро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки азсад ҳазор байт иборат буда, дар давоми умри худ сурудааст.

Дар бештари ғазалҳо номи Шамси Табрезӣ омадааст ва аз инҷиҳат ба «Куллиёти Шамси Табрезӣ» ё «Куллиёти Шамс» ва«Девони кабир» машҳур аст. Ҷалолуддини Балхӣ дар эҷодиёти худ одамонро ба некӣ ва некўкорӣ даъват карда, асоси бадиро дар ҳирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золимӣ, хислатҳои бади одамиро сахт маҳкум намуда, ба воситаи масалу ҳикояҳои зиёде адолат, саховатмандӣ, меҳнатдўстӣ барин хислатҳои писандидаи одамиро тараннум менамояд.

Осори Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи «Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст. Ҳоло чанд қисса аз «Маснавии маънавӣ»-ро пешкаши хонандагон менамоем, ки ҳама саршори панду ахлоқ мебошанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …