Главная / Ҷуғрофия / ҒИЗОГИРИ ВА САТҲИ ДАРЁҲО

ҒИЗОГИРИ ВА САТҲИ ДАРЁҲО

Об ба дарёҳо бо роҳҳои гуногун дохил мешавад. Манбаи асосии он оби-борон, барф, пирях ва обҳои зеризаминӣ мебошад. Обҳои бо нишебии сатҳи хушкӣ ҷоришаванда ва бо қабати Замин ҳаракаткунанда якбора дарёҳои калонро ҳосил намекунанд. Аз онҳо аввал чашмахо, ҷӯйчаҳо, баъд дарёчаҳо ва дар охир дарёҳои калон ҳосил мешаванд. Дар ҳосилшавии онҳо нақши асосиро оби борон ва барфу ях мебозад.
Обҳои зеризаминӣ ва кӯлу ботлоқҳо, ки дар ҳосилшавии дарёҳо иштирок менамоянд, як ҳиссаи оби борон ва барфу ях мебошанд.

Ғизогирии дарёҳо асосан се хел мешавад: боронй, барфй ва пиряхӣ. Агар дарё аз борону барф, пиряхҳо, обҳои зсризамннн ва ё барфу пирях об гирад, онро ғизогирии омехта меноманд. Ин намуди ғизогирй ба Амударё ва бисёр шохобҳои он хос мебошад. Дарёҳои Аму, Панҷ, Вахш, Зарафшон ба ғизогирии барфу пиряхӣ мансубанд. Онҳо дар як сол ду маротиба сероб мегарданд: баҳорон ҳангоми боридани борон ва тобистон дар натиҷаи тез об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ.

daryo-qaratoq

Ҳангоми серобшавй маҷрои онҳо ин миқдор обро ғунҷонда наметавонад. Сатҳи об баланд шуда, обдоғ (ҷое, ки ҳангоми сероб шудан оби дарё онро пахш мекунад ва дар вақти кам шудани он аз об озод мешавад) ва ҷойҳои пасти назди соҳилро ишғол мекунад. Аз ҷумла дарёи Аму дар вақти сероб шудан соҳили худро ба масофаи то сад метр вайрон мекунад. Дар яке аз Солҳои пуртуғёниаш дарёи Аму соҳилашро чунои кофта буд, ки об ба шаҳри Тӯрткӯл наздик омада, хонаҳои якчанд кӯчаҳоро вайрон намуд. Баъзе шохобҳои дарёи Аму ба монанди Кофарнихон, Қизилсу, Сурхондарё ва Қашқадарё гизогирин барфу лиряхЯ доранд. Онҳо ҳам дар як сол ду маротиба сероб мешаванд. Аммо миқдори об бештар дар фасли тобистон меафзояд.

Барои дарёҳои Помир бошад гизогирии барфу пиряхӣ ва пиряхй-барфӣ хос аст. Онҳо тобистон (июн. август) сероб, зимистон камоб мешаванд. Дарёҳое, ки аз қаторкӯҳи Паси Олой cap мешаванд, дар тобистон сатҳи оби онҳо дар давоми рӯз тағйир меёбад. Пагоҳӣ оби онҳо кам, бегоҳӣ бошад, дар натиҷаи босурьат об шудани барф ва пиряхҳо сероб мешаванд. Оби дарёҳои Волга, Дон. Об. Иртиш баҳорон аз ҳисоби обшавии барфҳо, тобистону тирамоҳ, аз ҳисоби борон ва обҳои зеризаминй, зимистон фақат аз обҳои зеризаминӣ ғизо мегиранд.

Бештари онҳо дар фасли баҳор сероб мешаванд. Дарёи Амур охири тобистон, ҳангоми борндани борони сел пуроб мегардад. Дар рӯи Замин бисёр дарёҳое ҳам хастанд, ки фақат аз оби борон ғизо мегиранд. Чунин ғизогирйӣ беияар ба дарёҳои назди хати истиво хос аст. Аз ҷумла дарёи Амазонка ва Конго тамоми сол аз оби борон ғизо мегиранд. Дар ҳавзаи онҳо дар тамоми фаслҳои сол борони зиёд меборад. Бинобар ин доимо сероб мебошад ва сатҳи об кариб тағйир намеёбад. Хамин тавр, дарёҳои рӯи Замин баьзан дар натиҷаи босурьат обшавии барф ё борони сел дар давоми сол сероб мешавакд, ки онро обхез меноманд. Ҷойҳоеро, ки ҳангоми паст шудани сатҳи оби дарё аз об озод мешаванд, обдоғ с даребод мегӯянд. Дарёҳо ҳангоми дар сатҳи хушкӣ ҷорй шудан каъри маҷро ва соҳилро мешӯянд.

Суръати оби дарёҳо ҳар қадар тез бошад, фаъолияти шӯяидагӣ ва вайронкории онҳо хамон кадар меафзояд. Дар натича дарахои танг. водиҳо ва ҷарихо ҳосил мешаванд. Аммо ҷинсҳои кӯҳии майда ва порашударо, ки ҳангоми шустан ва вайронкории ҷараёни оби дарё ҳосил мешаванд (гил, peг, сангпорахо ва ғайра), дарё бо худ мебарад.

Баробари аз сароб то резишгоҳ оҳиста-оҳиста суст шудани суръати ҷараён дарё ҷинсҳои кӯхии калонро дар саргаҳ майдатарашро дар қисми миёна ва аз ҳама хурдашрё дар резишгох боқӣ мегузорад. Дар резишгоҳ аз ҷинсҳои кӯҳии обовард дар муддати солҳои зиёд аввал ҷазираҳои алоҳида пайдо мешаваид, баъд онҳо тадриҷан бо ҳам пайваст гардида, ҳамвориро ба вуҷуд меоранд, ки онро делта меноманд. Бисёр дарёҳо ба монанди Миссисипӣ, Нил, Волга, Аму, Сир делта доранд, Делтаҳо дорои олами наботот ва ҳайвоноти ба худ хос мебошацд. Дар баъзеи онҳо мамнӯъгоҳҳо ташкил ёфтаанд. Қисман делтаҳо аз худ карда шудаанд. Дар онҳо одамон зиндагӣ мекунанд.

Дарёҳо дар ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд. Инсон оби дарёҳоро барои нӯшидан (агар тоза бошад), корҳои рӯзгор, обёрӣ намудани заминҳо ва дар корхонахои саноатӣ истифода мебарад. Дарёҳо нақлиёти арзони обӣ мебошанд. Ба воситаи онҳо киштиҳо бор ва одам мекашонанд. Дар маҷрои онҳо обанборхо ва стансияҳои электрикии обӣ месозанд.

Каналҳо бо дасти инсон буиёд карда мешаванд. Онҳо асосан аз дарёҳо ибтидо мегиранд, вале баъзе баҳрҳоро низ ба ҳам пайвасгаанд. Масалан, Канали Суэтс, ки Баҳри Миёназаминро бо Бахри Сурх пайваст мекунад, Канали Панама, ки дар каламрави А.мерикаи Марказӣ воқеъ гардидааст, Уқёнуси Атлантикаро бо Уқёнуси Ором мепайвандад. Канали киштигарди Волга – Дон дарёҳои Волга ва Донро ба ҳамдигар пайвастааст. Канали Баҳри Сафед – Балтика Баҳри Сафедро бо кӯли Онега пайвастааст. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон якчанд канал сохта шудааст: Канали Калони Ҳисор. Канали магистралии Вахш, қисми Тоҷикистони Канали Калони Фарғона»- каналҳои Марғедар, Шӯробод ва ғайра.

Савол ва супориш

  1. Дарёҳо аз чӣ ғизо мегиранд?
  2. Ғизогирии дарёҳо чанд хел мешавад?
  3. Дарёҳо чӣ амалиётро иҷро мекунанд?
  4. Дарёҳо дар ҳаёти инсон чй аҳамият доранд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …