Ихлос

Ихлос

Бо эътиқоди тамом барои ризои Худо ибодат карданро « ихлос мегӯянд.

Бидон, ки бе ихлос ҳама ранҷу машаққатхое, ки дар тоат кардан мекашанд, бефоида аст, зеро халоиқро Худои таъоло ба ибодат кардани бо ихлос фармудааст.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки ихлосро дар аъмол лозим гиред, чун ки халосии банда дар ихлос аст ва агар корҳо бо ихлос набошад, он корҳо риёианд.

Риё он бошад, ки ба мардумон намояду ба он кор обрӯе аз мардумон хоҳад ва ин касро риёкор гӯянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки фардои қиёмат бандаеро биёранду ҳамаи некиҳои вайро ҳозир кунанд бар мисли кӯҳҳои дунё, дар номаи аъмоли вай савоб бошад. Малоикаҳо гӯянд: – Илоҳо, ин банда тоати бисёр дорад, сазовори биҳишт аст.

Нидо ояд, ки эй малоикаҳо, шуморо бар ҳақиқати аъмоли вай огаҳӣ нест.

Он гоҳ фармон ояд, ки эй банда, намоз хондӣ? То туро гӯянд, ки марди ибодаткор аст ва ман аз намози ту бениёзам, яъне мӯҳтоҷ ба намози ту нестам.

Закот додӣ? То гӯянд: фалон мард ҷавонмард аст ва ман мӯҳтоҷ ба моли ту нестам.

Садақа додӣ? То ки туро марди сахӣ гӯянд.

Ҳамчунин аъмоли бандаро як-як пеш меоваранд ва рад мекунанд, то дар сахифаи вай ҳеҷ тоат намонад.

Он гоҳ нидо ояд, ки, эй фариштагони ман, бандаи маро тоат буд, аммо бо тоат ихлос набуд ва тоати бе ихлос назди мо қадр надорад.

Аз ҳамин ҷиҳат Ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ мегӯяд, ки риё ҳар вақте ки воқеъ шавад, дар амале аз аъмолҳои банда ба дурустие, ки риё ботил ва бекор мегардонад аҷри амалро. Чунончи дарахт мавҷуд аст, лекин хушк аст. Яъне дар номаи аъмол менависанд, ки фалонӣ ибни фалонӣ ҳамин амалро ба ҷо овардааст, лекин савоб надорад.

Амали бесавоб дар ҳеҷ мавзеъ ба кор намеояд. Аксарияти амалҳои мардуми замони мо ҳамин тариқ риёӣ мебошанд.

Шумо бародарон ва хоҳарони азиз, саъю кӯшиш намоед, ки амалҳои худро бо ихлос ба ҷо оред ва аз риё амалҳои худро  дур доред, ки меҳнати бефоида мекунед.

Ҳикоят. Зунуни Мисрӣ мегӯяд, ки аломати ихлос се чиз аст. Яке он ки ба таъриф кардани мардум хурсанд нашавӣ. Дуюм он ки аз сарзаниши мардум ғам нахӯрӣ. Сеюм он ки музди тоат ба дунё нахоҳӣ, (яъне тоъату ибодатро дар дунё ба пул ё ба чизе иваз накунӣ). Илоҳо, ҳамаро дар амал ихлос  рӯзӣ гардон ва аз дӯзах наҷот деҳ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …