Главная / Гуногун / Истисмори халқи Индонезия

Истисмори халқи Индонезия

Болоравии ҳаҷми андозҳои пулӣ, вайрон шудани хоҷагиҳои натуралӣ, мавҷудияти баъзе шаклҳои меҳнати маҷбурӣ бори гароне буданд, ба дӯши аҳолии Индонезия. Заминҳои беҳтаринро сармоядорони хориҷӣ ба мӯҳлатҳои дуру дароз ҳамчун иҷора кашида мегирифтанд. Кишоварзон аз сабаби барои пардохти андоз пул надоштан, маҷбур мешуданд, ки қарз гиранд ва барои адои он ҳосили зироати ҷамънаоварда ва ҳатто ҳанӯз киштнашударо якчанд сол пешакӣ фурӯшанд. Ҳуқуқи хариду фурӯши замин, ки он тибқи қонуни соли 1870 ҷорӣ карда шуда буд, ба кишоварзон ва зиёдшавии замини помешикон ва заминдории кулакон оварда расонид.

226_regent_garuta_crop_730x400

Деҳқонони Индонезия ба истисмори ҳолландиҳо ва мустамликадорони дигар бо шӯришҳо ҷавоб мегардониданд. Оғози соли 1888 чунин шӯриш дар маҳалли Серанги музофоти Яваи Ғарбӣ ба амал омад. Деҳқонони ин ҷо маҷбур шуданд, ки аслиҳа ба даст гиранд. Онҳо ҳатто шаҳри Чилегонро ба даст дароварданд. Ин шуришро ҳукуматдорони мустамликавӣ бераҳмона пахш карданд. Баъди шӯриши мазкур дар солҳои 90-ум бо сардории Самин ном ватандӯст деҳқонони Яваи Марказӣ шӯриш бардоштанд. Роҳбари ин шӯриш мардумро даъват кард, ки ба ҳолландиҳо бойкот эълон карда шавад, мардум ба онҳо андоз ҳам насупорад. Оқибат ҳолландиҳо ин шӯришро пахш карданд. Самин соли 1914 дар бадарға вафот мекунад.

Соли 1889 К. Фан Дефентер ном озодандеш дар рӯязномае мақолаи “Қарзи шаъну шараф”-ро чоп кард. Дар он гуфта мешуд, ки буржуазияи Ҳолландия аз истисмори Индонезия даромадн фаровон ба даст медарорад. Биноан ӯ бояд нисбати халқи он “Қарзи шаъну шарф”-и худро адо намояд. Яъне дар бораи некӯаҳволии халқи ин мустамлика ғамхорӣ кунад. Баъди ин дар доираҳои ҳукмрони Ҳолландия нисбат ба Индонезия бо номи “сиёсати ахлоқӣ” андешае ба миён омад. Соли 1902 маликаи Нидерландия “Комиссия оид ба тадқиқи сабабҳои пастшавки некӯаҳволии халқи Ява ва Мадура”-ро созмон дод. Вале чорабиниҳои ин комиссия аҳволи халқи Индонезияро беҳтар накарда, баръакс, онҳо даромади ширкатҳои Ҳолландияро зиёд карданд. Масалан, аз соли 1900 то соли 1914 истеҳсоли қанд аз 700 ҳазор тонна то 1 млн 400 ҳазор тонна, чой 2 баробар, тамоку 1,5 баробар ва нафт аз 360 ҳазор тонна то 1 млн 540 ҳазор тонна зиёд шуд. “Сиёсати ахлоқӣ”-и Ҳолландия истисмори халқи Индонезияро боз ҳам зиёдтар кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …