Главная / Гуногун / Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 9-уми сентябр!

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 9-уми сентябр!

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст.

Таърих

Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (русӣ: СССР) ҷунбишу созмонхои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ислоҳотҳои демократӣ ва махсусан “ошкорбаёнӣ”, ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизби коммунистӣ (русӣ: КПСС) ба миён оварда шуд имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима карда шаванд. Ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии дар охири солҳои 80-ум ибтидои 90-ум Тоҷикистон ташкилёфта камбудиҳои дар ҷомеи ҷумҳурӣ ҷойдоштаро ба элитаи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ ва ҳизби коммунистӣ (бевосита, роҳбарияти ҲКИШ русӣ: КПСС) нисбат медоданд.

Душанбе

Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклолияти Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ” (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз “табадуллот”-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ – русӣ: ГКЧП), ки коммунистони тундрав (КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуданд,аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар ш. Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”– ро қабул намуданд.[1][2] Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Баргузории ид

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9 сентябр — ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардид. 9 сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[3] Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи rонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,
Хоку покаш дар шабистони ман аст.
Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,
Дар фазояш чун кабутар мепарам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …