Главная / Маданият ва санъат / ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБҲО

ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБҲО

ИСТИЛОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБҲО ВА ҶОРӣ НАМУДАНИ ИСЛОМ ВАЗЪИЯТИ СИЁСӣ ВА ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АРАФАИ ҲУҶУМИ АРАБҲО

Вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми арабҳо. Хусусан баъди мустаҳкам шудани онҳо да р Эрон, шикасти давлати Сосониён ва тобеони он, тавре буд, ки барои пешрафти арабҳо мусоидат менамуд . парокандагии сиёсӣ, пастравии иқтисодиёт, шиддат гирифтани зиддиятҳо бани давлатҳои хурде, ки дар ин минтақа вуҷуд доштанд, низоми доимии онҳо имкон намедод, ки иттиҳоди ба вуҷуд омада, сади азиме барои гирифтани пеши ҳуҷуми арабҳо шаванд. Ноҳияву минтақаҳои Осиёи Миёна ҳар кадом мустақил буданд, давлати ягонаи мутамарказе вуҷуд надошт.

arabskoe-vojsko-v-pohode

Фақат дар як сарзамин ҳозираи Тоҷикистон чандин давлатҳои хурд, аз қадилаи далатчаҳои Устурушан / Ўротеппа /, рутам, Баргар / Мастчлҳу Фалғар /, Чағониён / води Ҳисор /, Аҳорун ва Шумон / дар ғарбтари Чағониён /, Ваштгирд/Файзобод, Кофарниҳон/, Қубодиён, Хутталон, Рашт /Гарми ҳозира/, Дарвоз, Вахон, Шуғнон, Рўшон ва ғайра. Ҳар кадоми ин давлатчаҳо имкони мустақилан ташкили артиши пурқувват надоштанд. Иттиҳоде, ки дар муқобили арабҳо онҳо ҳар сари вақт ба вуҷуд меоварданд, заиф буда, бо андаке мушкилӣ ва гузаштҳои арабҳо ба яке аз онҳо парешон мегашт.

Арабҳо метавонистанд ҳар яке аз онҳоро бар зидди дигар равона кунанд. Давлатҳои нисбатан пуриқтидор дар байни онҳо Суғд, Хутталон буданд. Осиёи Миёна дороӣ шаҳрҳои бузург нисбат ба он замон/ ва машҳур буд. Аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Чоч, Тошканд, Марв, Қубодиён, Мунк, Бунджикат наздикии Шаҳристон ва ғайра. Дар онҳо маданияти баланд аз ҷиҳати инкишофи илму фарҳанг ва ҳам моддӣ, қасру иморатҳо, системаи канализасионӣ, воситаҳои обёрӣ ва сардкунӣ ва ғайра вуҷуд доштанд. Шаҳрҳо тақрибан ба се қисмат тақсим мешуданд; Шаҳристон, Работ, Кўҳандиз, яъне ҳаволии назди-шаҳрӣ, гўшаю атрофии шаҳр ва марказ. Дар марказ биноҳои маъмурӣ, қасри ҳоким қарор дошт.

Уламо, удабо, ашхоси бомаърифат, ҳунармандони номӣ дар дарбори шоҳ, амир ё ҳоким ҷамъ шуда буданд. Онҳо ба кори эҷодӣ машғул буда., аз ҷиҳати моддӣ аз тарафи амир ё ҳоким дастгирӣ меёфтанд. Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳунармандӣ, тиҷорат, бофандагӣ ва дигар касбу кор хеле тараққӣ карда буд. Матоъҳои истеҳсоли Суғд, Хоразм ва дигар маҳсулоти ҳунармандию кишоварзӣ харидорони зиёде дошта, дар дигар кишварҳо шўҳрат доштанд.

Аввалин бархурди мардуми Осиёи Миёна ба арабҳо баъди шикасти давлати Сосониён солҳои 651-654 сурат гирифтааст. Масалан, аз рўи маълумоти сарчашмаҳо соли 654 арабҳо ба Маймурғи Суғд ҳуҷум мекунанд. Вале тохту тозҳои арабҳо дар ин давра хусусияти муваққатӣ дошта, задухўрдҳои ҷиддии ҳарбӣ набуданд. Аз солҳои 673-674 сар карда кўшиши арабҳо барои гирифтани Осиёи миёна бештар мегардид. Соли 673 арабҳо ба Бухоро ҳуҷум карда, Ромитанро ғорат мекунанд ва боз ақиб мегарданд.

Тақрибан дар ҳамин солҳои 70-ум арабҳо ба Хутталон, Суғд ҳуҷум мекунанд, баъди дарёфти ғанимат боз ақиб мегарданд. Аз ибтидои асри VIII арабҳо барои истилои пурраи Осиёи Миёна шурўъ менамоянд. Соли 705 Қутайба ибни Муслим ба истилои Мовароуннахр оғоз кард. Ў ҳамон сол бисёр ноҳияҳои атрофи Балхро тобеъи худ сохта, соли 706 бо қувваи калон дохили Мовароуннаҳр гардид, Бухороро забт намуда, онро ғорат намуд. Баъди гирифтани ғанимат боз ба ақиб баргашт. Соли 709 Қутайба дубора ба Бухоро ҳуҷум карда, соли 710 Бухороро тобеи худ сохта, ба Шумон ҳуҷум менамояд. Насафу Кеш / Шаҳри сабз /-ро ишғол менамояд. Тархун / шоҳи Суғд / бо арабҳо муоҳидаи сулҳ имзо кард, вале соли 710 шоҳи нави Суғд Ғурон муоҳидаро бекор месозад. Муборизаи дуру дарози мардуми Исъёни Муқанаъ муқобили арабҳо манзараи майдони ҳарб Су бар зидди арабҳо бо роҳбарии Ғурак ва Деваштич /фарзанди дигари Тархун / оғоз меёбад ба арабҳо баъди муборизаи 10-сола муяссар мегардад Самарқандро фатҳ карда, Суғдро тобеи худ созанд.

Ба зудӣ муборизаи зидди арабҳо дар Суғд, Фарғона дубора авҷ мегирад. Соли 720 мардуми Суғд бо кўмаки туркҳо муввақатан бошад ҳам арабҳоро аз Суғд берун мекунанд.

Ба арабҳо мардуми Хутталон муқовимати ҷиддӣ нишон доданд. Истилои Хутталон аз соли 725 оғоз мешавад. Ҳокими араб Асад ибни Абдулло баъди Балх ба Хутталон ҳуҷум мекунад. Мардуми Хутталон ба муборизаи зидди арабҳо бархезанд ва арабҳо ноилоҷ ақибнишинӣ мекунанд. Ба ин муносибат Балх бар истеҳзон арабҳо мисраҳои зеринро эҷод намудаанд:

Аз Хутталон омадия

Бо рў табоҳ омадия

Обора боз омадия 

Дар натиҷа арабҳо то соли 737 дигар ба Хутталон ҳуҷум намекунанд. Вале баъди гирд овардани қувваи зиёд ба арабҳо соли 737 муяссар мешавад, ки Хутталонро фатҳ кунанд. Гарчи арабҳо тамоми Осиёи Миёнаро фатҳ карда бошанд ҳам, муборизаи зидди онҳо қатъ намегардид. Баъзан он хеле қувват гирифта, минтақаҳои гуногунро аз итоати онҳо берун месозад. Дар ҳар сурат то солҳои 40-ум ба арабҳо муяссар мегардад, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Ғалабаи арабо сабабҳои зиёд дорад. Дар ҳар сурат он афзалияти ҳарбӣ ва идеологии арабҳо ва бартарии дини исломро ба динҳои дар ин ҷо ҷорӣ нишон медиҳад. Дар арафаи ҳуҷуми арабҳо дар Осиёи Миёна давлатҳои хурд-хурде буданд, ки бо ҳам ихтилоф доштанд ва ҷабҳаи ягонаи мубориза бар зидди истилои арабҳоро ташкил карда натавонистанд. Парокандагӣ яке аз сабабҳои шикасти онҳо шуд.

Мардуми Осиёи Миёна дорои тамаддуни бою ғанӣ буданд. Кишоварзии пешрафта, системаи ҷолиби обёрӣ, шаҳрҳои зебо ва тараққикарда ба шўҳрати ин диёр афзуда буданд. Саноати меъморӣ ва тасвирӣ хеле тараққӣ карда буд. Дар ин бора ёдгориҳои тоисломии кўҳи Муғ, тасвирҳои рўи деворҳои қасрҳо ва биноҳо шаҳодат медиҳанд.

Мардуми ин ҷо асосан ба оини зардуштӣ эътиқодманд буданд. Дигар динҳо, аз ҷумла насронию буддоӣ низ таъсири муайяне доштанд. Дохил шудани Осиёи Миёна ба хилофат, қабули дини ислом алоқаи ин ҷоро бо кишвару тамаддунҳои гуногун тақвият бахшид, то ҳадде низоъҳои дохилиро аз байн бурд, шароити мусоид барои пешрафти тамаддун ба вуҷуд овард.

Мардуми Осиёи Миёна чун дигар кишварҳои дохили хилофат аз мубориза барои озодии кишварашон даст накашиданд. Хилофатро муборизаҳои сахти сиёсии ҳам байни гурўҳҳои мухталифи арабҳо, ҳам ҷангҳои озодихоҳӣ фаро гирифт. Аз бузургтарин ҳаракате, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон рух дод ва боиси аз байн рафтани сулолаи Умавиён гардид, ҳаракати озодихоҳона бо сардории Абў Муслими Хуросонӣ буд. Ҳаракати мазкур қариб тамоми хилофатро фаро гирифт ва соли 750 ба дигар шудани сулолаи ҳукмрон дар хилофат, яъне ба ҳукмронии сулолаи нав Аббосиён овард. Дигар шудани сулола вазъиятро чандон тағйир надод, норозигии омма аз ҳукмронон кам намегардид, ваъдаҳои роҳбарони шўриш иҷро нашуд, ҳатто роҳбари воқеии ин ҳаракат-Абў Муслимро Аббосиён ба қатл расониданд.

Дар натиҷа муборизаи мардум бар зидди хилофат дар шаклҳои нав давом ёфт. Яке аз ҳамин гуна шўришҳои оммавӣ ва хеле пурқувват шўриши Муқаннаъ ё худ ҳаракати сафедҷомагон буд. Роҳбари шўриш қосиб Муқаннаъ собиқ яке аз сарлашкарони Абў Муслим соли 776 мардумро ба муборизаи зидди хилофати Аббосиён ва дастнишондагони онҳо даъват намуд. Даъвати ўро мардум, хусусан аҳолии Суғд дастгирӣ кард. Ба қавли Наршахӣ, яке аз муаррихони машҳури он давр, ба Муқаннаъ муяссар гардид, ки қувваи зиёде гирд оварад. Маркази шўриш Наршах, яке аз маҳалҳои назди Бухоро буд. Дар чандин задухўрдҳое, ки байни қўшунҳои хилофат ва шўришгарон Рух дод, ба шўришгарон муяссар шуд, ки ба қувваҳои хилофат зарба зананд. Баъди 4 соли мубориза ва ҷамъ овардани лашкари зиёд ба арабҳо муяссар гардид, ки шўришро пахш кунанд.

Ҳамин тавр, то нимаҳои асри ХIII ислом дар саросари Осиёи Миёна паҳн гарид. То ислом дар ин ҷо асосан ба оини зардуштӣ, маздакия гаравида буданд. Арабҳо тамоми чораҳоро барои тарғиби дини ислом диданд. Аз ҷумла, ҳатто дар Бухоро дар хонаҳо ҷой гирифта, ба мардум тоату ибодат меомўзонданд, баъди қабули исломаз додани ҷизя озод мегарданд ва ғайра.

Бо вуҷуди ин динҳои маҳаллиро манъ накарда буданд. Мардум метавонист дар дини худ боқӣ монад ва ҷизя супорад. Пайравони динҳои ғайри исломро зиммӣ мегуфтанд. Ислом аз ҳар ҷиҳат ба динҳои маҳаллӣ афзалият доштва ин наметавонист таваҷҷўҳи мардумро ҷалб накунад.Ин афзалият онҳоро водор месохт,ки ба ислом бигараванд ва аз динҳои тоисломӣ муддати зиёде дар Осиёи Миёна таъсиру нуфузи худро нигоҳ доштанд. Дар ҳар сурат ислом дар Осиёи Миёна комилан пирўз гашта, дини мардуми ин минтақа гардид.

Супориш ва саволҳо.

  1. Чаро мардуми Осиёи Миёна ба лашкари Араб муқобилат карда натавонис?
  2. Кадом нишонаҳои дини Зардуштия дар рўзгори имрўзаи мардумӣ мо боқӣ монданд? 
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

bolisht

Туҳфа ба модаркалон (Болиштча)

Ба наздикӣ рўзи таваллуди модаркалонам. Ман бояд ба ў тўҳфаи махсусро интихоб карда, ба зодрўзаш …