Главная / Маданият ва санъат / Истифодаи асбобҳои ошхона

Истифодаи асбобҳои ошхона

Сачоқчаҳоро ҳамроҳи асбобҳои ошхона истифода мебаранд. Аз қадимулайём ба миз сачоқча дар шакли секунҷа, квадрат ва ғайра мегузоранд. Онро ба табақчаи хурд, ки дар тарафи рост (барои таоми дуюм) аст гузоштан хуб аст.

Ҳеҷ гоҳ сачоқчаро гирди гардан напечонед, ё онро ба гиребон нагузоред, ки ин қоидаҳои кӯҳнашуда мебошад. Сачоқчаро аз тахаш кушода, ба рӯи зону гузоред. Бо он даст пок накунед, барои ин сачоқчаҳои қоғазин мавҷуданд. Дастмоли қоғазиро истифода бурда,  баъд онро ба табақчаи истифодабурдаи худ гузоред. Салфеткаи матогиро аз тарафи рости табақчаи истифодабурда мегузоранд, агар табақчаро гирифта бошанд, ба тарафи худ такя карда гузоред.

salfetka

Таърихи пайдоиши салфетка

Сачоқчаҳо (салфедка) – «sӯғiӯttӯ» аз калимати франсавӣ гирифта шуда, дастмолча, коғази мулоим барои пок кардани дасту лаб ҳангоми таомхӯрӣ ё баъд аз он аст. Онро римиҳо аз қадим истифода мебурданд.

Ҳозир ҳам сачоқчаҳои қоғазин ва матогин васеъ истифода бурда мешаванд. Дар вақти оростани мизи идона мувофиқи қоида сачоқчаҳои қанотӣ якрангаш бо дастархон нағз дарзмол карда ва камтар крахмал дода бошанд.

Барои он ки сачоқча дар миз зебо намояд қоидаҳои таҳкунии сачоқчаро аз худ кардан лозим аст. Дар расми ороиши миз як намуди таҳ кардани сачоқчаҳо нишон дода шудааст. Шумо метавонед бо хоҳиши худ дар соати кори амалӣ якчанд намуди таҳкунии сачоқчаҳоро бо ҳамроҳии дугонаҳотон ва муаллиматон иҷро намоед.

Қоидаҳои таҳкунии сачоқчаро аз худ кунед

Қоидаҳои зебо ба рӯи мизгузориро омӯхтан лозим аст. Сачоқчаҳо (салфеткаиҳо)_ таҳкардаро ба назди асбобҳо ё ба рӯи табақчаи қаннодӣ мегузоранд. Сачоқчаҳои қоғазин боз дар вақти додани маснуоти хамирини истифода бурда мешаванд.

Намуди зебо ва тартиби ороиши миз иштироҳоро мекушояд ва шираи меъдаро ҳосил мекунад, ки он ба ҳазмкунии таом мадад мерасонад.

 Савол в супориш

  1. Вазифаи асбобҳои дар рўи миз гузоштаро гуфта диҳед.
  2. Ба рўи миз гузоштани асбобҳои корд, чангак, қошуқро амалӣ нишон диҳед.
  3. Агар дар кабинети технология шароит муҳаё бошад ороиши дастурхон ва тарзи гузоштани асбобҳо ва сачоқчаҳо барои шаш нафар амалӣ иҷро намоед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kulob-shar

ШАҲРИ КӮЛОБ (Ноҳияи Кӯлоб)

Кӯлоб як ноҳияи калон ва дар он замон шаҳр бо аҳолии зиёда аз 200 ҳазор …