Главная / Ҷамъият / Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  

Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия  

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №1, мод.11; Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 с., № 1254)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаҳои истифодабарии самаранок ва афзалиятноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба миён меоянд, танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии беш аз пеши энергия, ҳифзи муҳити зист, кам кардани таъсири номатлубро ба иқлим, сарфаю сариштаи манбаъҳои барқарорнашавандаи энергияро барои наслҳои оянда муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ  

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

захираҳои энергетикии барқароршаванда – манбаъҳои ҳамеша мавҷуда ва ё давра ба давра дар муҳити зист пайдошавандаи ҷараёни шуъои  офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ, дарёҳо ва биомассаҳо, ки ба сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд;

истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия – маҷмӯи амалиёте, ки мақсад аз он дигаргунсозӣ, андӯхт, тақсим ва истифодаи энергияи барқароршаванда, ҳамчунин таъмини моддию техникии ин амалиёт аст;

– энергияи анъанавӣ – энергияи аз захираҳои барқароршаванда ҳосилшуда, масалан, аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маводи карбогидрид (ангишт, нафт, газ) бо иқтидори 30 мегаватт ва бештар аз он;

энергетикаи хурд – нерӯгоҳҳои хурдтарин (микро), нисбатан хурд (мини) ва хурди энергетикии иқтидорашон мутаносибан то 100 кВт, аз 101 то 1000 кВт ва аз 1001 то 30000 кВт;

истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тавассути дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини энергетикии фаъолияти худ ва инчунин бо мақсади фурӯши минбаъдаи  он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ  истеҳсол менамоянд;

истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергияро аз истеҳсолкунандагонаш тавассути дастгоҳҳои истифодабарӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини фаъолияти худ бо барқ, инчунин бо мақсади фурӯши он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ мегиранд;

сертификати мутобиқат ҳуҷҷати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашудае, ки мувофиқати энергияи ба воситаи дастгоҳи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо ба регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар талаботи санадҳои меъёрии техникӣ тасдиқ менамояд;

дастгоҳи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи  энергия таҷҳизоти технологӣ ё маҷмӯи таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсол, табдил, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияе, ки аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст;

энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда – қувваи барқ, гармӣ ва ё механикие, ки тавассути дастгоҳҳои истифодабарӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад;

биомасса ҷузъҳои таҷзияшавандаи биологии маҳсулот, партовҳо ва боқимондаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор;

оператори шабакаи энергетикӣ – шахси ҳуқуқие, ки ҳангоми интиқол ва тақсими энергия хизмат мерасонад;

шабакаи энергетикӣ воситаи техникии интиқол ва тақсими энергияи барқ ва гармӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур фаъолиятро дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад, аз он ҷумла:

– усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия муқаррар мекунад;

– тарзҳои якҷоякунии манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар системаи энергетикии ҷумҳурӣ муайян мекунад;

– фаъолияти ташкилӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарроҳӣ, коршиносӣ, конструкторӣ ва батанзимдарориро, ки ба афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудааст, ба роҳ мемонад;

– алоқамандии фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол, баҳисобгирӣ, интиқол, тақсим ва истифодаи энергияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешбинӣ менамояд;

– чораҳои иқтисодӣ ва ташкилиеро муайян мекунад, ки мақсади онҳо ҳавасмандгардонии истеҳсол ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

 

БОБИ 2.

АСОСҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАБАРИИ

МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

 

Моддаи 4. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

– энергияи офтоб;

– энергияи бод;

– энергияи ҷараёни об, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ;

– энергияи обҳои гарми зеризаминӣ;

– энергияи чӯб, биомассаҳо дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор.

 

Моддаи 5. Самтҳои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Энергияи офтобро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истеҳсоли энергияи гармӣ ба воситаи қубурҳои (коллекторҳои) офтобӣ ва ё системаи гармии ғайрифаъол;

– истеҳсоли энергияи барқ ба воситаи системаи силсилавии табдилёбии ҳарорати термодинамикӣ;

– истеҳсоли энергияи барқ ба воситаи системаи мустақиман табдилёбии энергия (фотобарқ, гармибарқ, фотогармибарқ ва ғайра);

– истеҳсоли энергияи барқ, гармӣ ба воситаи системаи омехта бо ҳар гуна усулҳои табдилёбӣ;

– ҳосил намудани гидроген ҳамчун ҳомили энергия ба воситаи истифодаи усулҳои фотолиз ва фотоэлектролизи об;

– гузаронидани ҷараёнҳои алоҳидаи технологӣ (дар хушккунакҳо, бухоркунакҳо, гармхонаҳо ва дигар дастгоҳҳо).

  1. Энергияи бодро бо мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истеҳсоли энергияи барқ бо истифодаи дастгоҳҳои барқи бодӣ;

– истеҳсоли энергияи механикӣ бо истифодаи дастгоҳҳои механикӣ ва гидродинамикии бодӣ.

  1. Энергияи ҷараёни об ва обанборҳоро инчунин ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд бе истифодаи дарғот (дар наҳрҳо, понтонҳо ва маҷрои озод);

– истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд бо истифодаи дарғотҳои начандон баланди обанборҳои табиӣ ва сунъӣ;

– истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурди фишори ҷараёни обаш сунъӣ (канали қубурҳои обрасонӣ);

– истеҳсоли энергияи механикӣ бо истифодаи хусусиятҳои физикии об ва сатҳи пасту баланди обанборҳо.

  1. Энергияи обҳои гарми зеризаминиро бо мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истеҳсоли энергияи гармӣ (ҳамчун гармии барқ) аз буғу обҳои гарм ё газҳои гарми зеризаминӣ;

– истеҳсоли энергияи барқ дар турбинаҳои буғӣ бо истифодаи омехтаи обу буғҳои зеризаминии ҳарораташон баланд.

  1. Энергияи партовҳои чӯбу дарахт (парахаҳои чӯб), самғ ва биомассаҳои партовҳои саноатӣ,  кишоварзӣ ва ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгорро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истеҳсоли энергияи гармӣ ва барқ ба воситаи сӯзондани онҳо дар нерӯгоҳҳои истеҳсоли гармию барқ ва дегҳои буғ;

– истеҳсоли  гази биологӣ  бо мақсади сӯзондани он дар нерӯгоҳҳои истеҳсоли гармию барқ ва дегҳои буғ ва зимни ин истеҳсоли нурӣ бо истифода аз дастгоҳҳои биохимиявӣ;

– истеҳсоли гази сӯзишворӣ дар дастгоҳҳои газогенератории  термохимиявӣ;

– истеҳсоли сӯзишвории карбогидратҳои моеъ дар дастгоҳҳои ба гази моеъ табдил додани боқимондаҳои органикӣ.

  1. Манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар мақсадҳо низ истифода бурдан мумкин аст.

 

Моддаи 6. Объектҳои афзалиятнок барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Объектҳои афзалиятнок барои истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия  инҳо мебошанд:

– минтақаҳои дур аз маркази барқтаъминкунӣ, ки аз сабаби зичии ками аҳолӣ бунёди нерӯгоҳҳои маъмулии барқ ва кашидани хати баландшиддати барқ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар ва ё имконпазир нест;

– минтақаи дар маркази барқтаъминкунӣ қарордошта, ки дар натиҷаи ғайриқаноатбахш будани ҳолати шабакаҳои энергетикӣ ва ё норасоии иқтидорҳо ё қувваи барқ сабаби мунтазам қатъ кардани барқи истифодабарандагон мегардад ва он зарари калони иқтисодӣ ва оқибати манфии иҷтимоиро ба бор меорад;

– маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, ки дар натиҷаи дуду ғубори сӯзишвории органикии деги буғ вазъияти экологиро мурракаб мегардонад;

– маҳалҳои аҳолинишин, бӯстонсаройҳо ва ҷойҳои будубоши муваққатии одамон, ки аз норасоии қувваи барқ, гармӣ, оби гарм ва ғайра танқисӣ мекашанд.

  1. Бо мақсади таъмини талаботи истеҳсолию маишӣ мамнӯъгоҳҳо ва ҳудудҳои ҳифзшавандаи табиат бо қувваи барқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзалият доранд.

 

Моддаи 7. Талабот нисбат ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, ҷустуҷӯ, амалисозӣ, лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, сохтмону васлкунӣ ва корҳои баҳрабардорӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи табиат ва санитарию эпидемиологӣ, риояи қоидаҳои бехатарии корҳо, татбиқи меъёрҳои истифодаи захираҳои табиӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва истифодаи самараноки энергия  амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Дастгоҳҳо барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва талабот ба онҳо

 

  1. Тавоноии дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешаванд, бо ҳуҷҷати додаи истеҳсолкунандаи чунин дастгоҳҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Молик ҳуқуқ дорад ҳар як таҷҳизоти технологӣ ва ё маҷмӯи таҷҳизоти технологиро барои фаъолияти худ дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо риояи қонунгузорӣ, регламентҳои техникӣ ва санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав такмил диҳад.
  3. Такмили таҷҳизоти технологӣ ва ё маҷмӯи таҷҳизоти технологӣ бо мақсади истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо ҳуҷҷатҳои додаи ташкилоте, ки такмили таҷҳизотро анҷом додааст, тасдиқ карда мешавад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷат додани мақомоти ваколатдори давлатӣ пешбинӣ шуда бошад.
  4. Талабот нисбати баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи  манбаъҳои  барқароршавандаи энергия:

– риояи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботро барои истеҳсол, такмил, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда муқаррар мекунад;

– назорати давлатӣ оид ба баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи  манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– таъмини нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба меъёрҳои  санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.

  1. Дар ҳолати истеҳсол ва баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бояд шароите таъмин карда шавад, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва муҳити зист зиён нарасонад.

 

Моддаи 9. Баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои

                    барқароршавандаи энергия

 

  1. Бо мақсади истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  2. Барои ба ҳисоб гирифтани манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз рӯи ҳар як навъи онҳо кадастри дорои маълумот оид ба номгӯе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.
  3. Барои ба ҳисоб гирифтани дастгоҳҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия номгӯи дастгоҳҳо, ҳамчунин тарзи истифодаи онҳо бо мақсади тавлиди энергия тартиб дода мешавад.
  4. Корҳои баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва  дастгоҳҳои истифодаи ин манбаъҳо, ки тибқи қонунгузорӣ сурат мегиранд, аз ҳисоби буҷет, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
  5. Ташкили баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва  дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои энергия ба зиммаи мақомоти ваколатдори соҳаи энергетика гузошта мешавад.
  6. Тартиби пешниҳоди иттилооти дар кадастр ва феҳрист мавҷударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда

 

  1. Сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда бо роҳи муқаррар намудан ва истифода бурдани маҷмӯи умумии нишондиҳандаҳои ҷараёни технологӣ, тақсим ва истеъмоли энергия, инчунин нишондиҳандаҳои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва ҳифзи меҳнат дар ҷараёни истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия таъмин карда мешавад.
  2. Нишондиҳандаҳои сифати энергияи аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо регламенти техникӣ ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 11. Муносибати истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо

                       операторони шабакаҳои энергетикӣ ва  истифодабарандагони умдаи энергия

 

  1. Муносибати истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо операторони шабакаҳои энергетикӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки энергияро  харидорӣ намуда, онро бо роҳи пайвастшавӣ ба шабакаҳои энергетикӣ минбаъд ба харидорони умдаи энергия мефурӯшанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байни онҳо муайян карда мешавад.
  2. Операторони шабакаҳои энергетикӣ истеҳсолкунандаи энергияро аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шабакаҳои энергетикӣ дар асоси шартнома ба шарте пайваст менамоянд, ки он ба устувории системаи шабакаҳои энергетикӣ таъсир нарасонад.
  3. Истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия барои пайваст кардан ба шабакаҳои барқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз доранд.
  4. Операторони шабакаҳои энергетикӣ ва истифодабарандагони умдаи энергия ӯҳдадоранд энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия истеҳсолшударо дар асоси шартнома бо риояи ҳаҷми тавозуни истеҳсол ва сифати энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия харидорӣ намоянд.
  5. Рад кардани содироти энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда, ки ба хусусияти табиии ин манбаъҳо алоқаманд аст, наметавонад барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия  асос шавад.

 

Моддаи 12. Таъмини истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Истифодабарандагони энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома бо энергия таъмин карда мешаванд.
  2. Энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия  истеҳсолшуда бо риояи шартҳо ва талаботи зерин фурӯхта мешавад:

– дар асоси сертификати мутобиқат ба энергияе, ки фурӯхта мешавад;

– дар асоси шартнома ва ё озмуни тарифҳои танзимшаванда;

– ба мақомоти ваколатдори соҳаи энергетика.

 

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ  ДАВЛАТӢ  ВА  ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ

МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

 

Моддаи 13. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборат аст аз:

– муайян ва амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– ташкилу истифодаи технология ва дастгоҳҳои самараноки истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– ташкили низоми механизмҳои молиявию иқтисодӣ, ки шахсони воқеию ҳуқуқиро барои истеҳсоли энергияи манбаъҳои барқароршавандаи  энергия ва истифодаи онҳо ҳавасманд мегардонад;

– дастгирии рушди заминаи истеҳсолоти илмию техникӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тарғиби комёбиҳои илмию техникии ин соҳа;

– танзими давлатӣ, нархгузорӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– баҳисобгирӣ ва назорат, аз ҷумла тасдиқи пайдоиши энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– муайян намудани қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон;

– ҳамкории байналмилалӣ.

  1. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Дастгирии давлатии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсоли энергияи барқ ва (ё) ҳарорат бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои коҳиши энергияталабии иқтисодиёт ва таъсири сектори истеҳсоли энергияи барқ ва ҳарорат ба муҳити зист ва зиёд шудани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳангоми истеҳсоли энергияи барқ ва (ё) ҳарорат амалӣ мегардад.
  2. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборат аст аз:

– муайян кардани сиёсати оқилонаи нархгузории энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда, ки ҳавасмандгардонии истеҳсол ва хариди онро таъмин менамояд;

– ҳифзи истеҳсолкунандагони энергияи аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия аз рақобати ноодилонаи дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи истеҳсол ва истифодаи энергия вазъи бартарӣ доранд;

– эътирофи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун фаъолияти ҳифзи табиат ва сарфаҷӯии энергия бо муқаррар намудани имтиёзҳои дахлдор барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ин соҳа фаъолият доранд;

– вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсолӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии бо истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда машғул мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ карда мешаванд;

–  танзими тарифҳои энергияи таъиноти истифодабарандагон, ки аз  дастгоҳҳои истифодбарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия  мегиранд, аз ҷумла бо роҳи қисман ҷудо кардани маблағ аз манбаъҳое, ки қонунгузорӣ барои хароҷоти истеҳсолии чунин намуди энергия муайян намудааст;

– муқаррар намудани мӯҳлати тезонидани истеҳлоки (хӯрдашавии) дастгоҳҳои истифодбарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

–  таъмини дастрасии бемамониати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  манбаъҳои барқароршавандаи энергияро барои таъмини худ истифода мебаранд, бо захираҳои манбаъҳои энергия бо роҳи бо тартиби содда ба онҳо додани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои зарурии табиӣ ва дигар захираҳо;

– кафолати ба шабакаҳои энергетикӣ пайвастани истеҳсолкунандагони энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда;

– ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла ташкили шароити мусоид барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва таъсис додани фонди дастгирии ин соҳа;

– дастгирии илмию техникӣ оид ба ташкил ва татбиқи дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.

 

Моддаи 15. Барномаҳои истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия

 

  1. Барои идоракунии раванди рушди энергетика аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмуддати илмию техникии байнидавлатӣ, давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия қабул карда мешаванд.
  2. Чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барномаҳои мазкур бо назардошти алоқамандии онҳо бо чорабиниҳои бо энергия таъминкунии минтақаҳои дурдасти камэнергия, ҳифзи муҳити зист ва сохтмони манзил ба нақша гирифта мешаванд.
  3. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Барномаю лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона карда шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва   шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ метавонанд чорабиниҳои зерин маблағгузорӣ карда шаванд:

– ташкил ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи  энергия;

– дастгирии илмию техникӣ оид ба офаридан ва татбиқ намудани дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– чорабиниҳои дигари ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.

  1. Тартиби ҷудо кардани маблағ барои хароҷоти мазкур тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 17. Нархгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли энергия аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия

 

  1. Нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, бо назардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1254)
  2. Субъекти монополияи табиӣ энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо бо нархи барои маҳсулоти субъекти инҳисороти табиӣ муайяншуда мефурӯшад ва фарқи байни нархи барои маҳсулоти энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия муқарраршуда аз ҳисоби тарифи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муқарраргардида бо назардошти зарарҳои пешбинишуда ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 18. Стандартонӣ ва сертификатсия дар соҳаи истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия

 

  1. Стандартонӣ дар соҳаи истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– дохил намудани нишондиҳандаҳои истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба регламенти техникӣ, стандартҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– роҳандозӣ кардани регламенти техникӣ, стандартҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи методологӣ, ташкилӣ ва техникии истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи  энергияро муқаррар менамояд;

– ба регламенти техникӣ, стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дохил намудани мизонҳои сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда;

– дохил намудани нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ ба регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, мавод, конструксияҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳ ва таҷҳизоти таъиноти хоҷагӣ, инчунин дигар молу хизматрасониҳо, ки энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамоянд;

– сертификатсияи ҳатмии энергия ва маҳсулоти аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда.

  1. Дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тибқи регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Таъминоти илмию техникӣ барои офаридан ва ҷорӣ намудани дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин рушди истифода кардани ин манбаъҳои энергия, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии чунин дастгоҳҳо дар доираи барномаҳои байнидавлатӣ, давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ ва амалии илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ, ки маблағгузории онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 20. Таъмини иттилоотонӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи энергетика таъмини  иттилоотиро барои ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо роҳҳои зерин ташкил менамояд:

– ташкили семинарҳо, намоиши таҷҳизот ва технологияе, ки дар истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба кор бурда мешаванд;

– нашри иттилоот доир ба масъалаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар воситаҳои ахбори омма;

– таҳияи пешниҳодҳо доир ба дохил намудани мавод оид ба  истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар барномаҳои умумӣ ва касбии таълимӣ;

– тайёр намудани мутахассисони техникӣ ва менеҷерони соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– ташкили системаи такмили ихтисос ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

  1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.
  2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз инҳо иборатанд:

– мубодилаи манфиатбахши комёбиҳои илмию технологӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

– иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ;

– мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– таълим ва бозомӯзии кадрҳо дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ;

– иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 12 январи соли 2010

№ 587

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …