Главная / Маданият ва санъат / Истифодабарии асбобҳои ошхона дар дастурхон

Истифодабарии асбобҳои ошхона дар дастурхон

Тартиби ороиши дастурхонро барои наҳорӣ, пешин, шом, иду айём донанд. Барои ин албатта қоидаҳою вазифаи истифодабарӣ ва муносибат бо асбобҳои ошхона ва лавозимоти ошхонагӣ ё баъзан асбобҳои ёрирасонӣ мегӯянд, (қошуқча, корд, чангак ва ғайра) донистан лозим.

Баъзан фикр мекунанд, ки иҷрои қоидаҳои таомхӯрӣ, истифода бурдани қошуқ, чангак, корд, донистани қоидаҳои истифодабарии онҳоро зарур намешуморанд, баракс онҳоро проссеси изофагӣ ва нолозимӣ дар таомхӯрӣ мешуморанд. Аммо ин одоби қабулшуда дар таомхӯри асрҳо инҷониб чун қоидае мебошад, ки он дар амалия санҷида шудааст. Асбобҳои ошхонагӣ маданияти таомхӯриро нишон медиҳанд.

dasturx

Қоидаҳои дуруст истифодабарии онҳо на фақат барои ба завқ овардани атрофиён, балки маданиятнокии шахсро нишон медиҳанд. Агар чангакро бо ангуштони даст нагирифта, бо дигар ҳолат гирем, оринҷ бардошта мешавад, ки ин ба ҳамроҳи нишастаамон халал мерасонад. ҳолати ҷойгиршавии асбобҳои ошхона (қошуқ, корд, чангакро) бо маданият таомхӯриро нишон медиҳад. Барои ин корд, қошуқ, чангакро бо табақи истифодашаванда мувозӣ мегузоранд.

Табақчаро дар ин ҳолат аз худ намеғеҷонанд, агар таомхӯриро тамом накарда, каме дам гирифтанӣ бошед, он гоҳ корд ва чангакро бо нӯгаш ба канори табақча, ё ки ҳар дуи онро барои тоза нигоҳдории дастархон дар шакли зарб ба дохили табақча мегузоранд. Ин қоидаҳоро риоя кардан душвор нест. Фақат дар вақти истифодабарӣ каме зиракӣ ва хушзеҳнӣ риояи ин қоидаҳоро осон мекунад. Дар вақти зиёд будани табақча, қошуқ, корд ва чангак дар мизи идона табақчаҳоро дар масофаи 3-5 см аз канори миз мегузоранд.

Асбобҳои хӯрокхӯрӣ (корд, қошуқ, чангак)-ро ба канори табақчаҳо мегузоранд, баъд паи ҳам мувофиқи вазифаашон гузошта мешаванд. Дар тарафи рости табақча кордро мегузоранд, ки теғаш ба табақча нигаронида шуда бошад. Ба канори табақча наздик қошуқи таомхӯриро бо тарафи барҷаста (вогнутой) ба поён ва чангак бо тарафи дандонҳояш ба боло аз тарафи чап ба канори табақча мемонанд гузошта мешавад. Ба он наздик барои таоми дуюм ва баъд барои хуришҳо асбобҳои боқимонда таомхӯриро барои десерт бо болои табақча гузошта мешавад.

Ҳамчун ороиши мизи идона дастархони сафеди тоза дарзмолкардаро меандозанд. Дастўрхони дигар хел рангро бо гулдӯзӣ ва бо ҳар гуна ороишот ҳам истифода мебаранд. Таомҳоро дар вақти омадани меҳмон ё дар вақтҳои муайян оварда медиҳанд. Агар таомҳо ба табақча гузошта шуда бошад, онҳоро аз тарафи рости меҳмон дароз мекунанд.

Агар ба табақи умумӣ додан лозим бошад ва ҳар кас худ мегирифта бошад он аз тарафи дасти чап дода мешавад. Умуман ороиши дастархони рӯзи мавлуд дар як миз тартиби якхела вазифа ва истифодабарии асбобҳои ошхона: қошуқҳо, кордҳо, чангакҳоро, ороиш бошад (якхела) асбобҳо, дастархон ва сачоқча (салфетка) гузошта шуда бошад. Хонандагон бояд донанд, ки баъзан барои осон фарқ кардани асбобҳои ошхона аз дигар асбобҳои ёрирасони таомхӯри, яъне кадом таомро чӣ хел ва бо чӣ мехӯранд бояд донанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

шеъри модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, …