Главная / Гуногун / Истиқлолияти Муғулистон

Истиқлолияти Муғулистон

Тобистони соли 1911 ҳаракати зиддиманҷурӣ боз ҳам пурзӯртар мешавад. Дастгирии Русия барои эълон карда шудани истиқлолияти Муғулистон шароити мусоид фароҳам овард. Ин буд, ки 1 декбри соли 1911 Кумитаи ҳокимон ва ламаҳои олимартаба истиқлолияти давлатии Муғулистонро эълон кард. Рӯҳонии калисои ламаи Муғулистон Богдо-гэгэн Ҷебзун Дамба-Хутухтаи III сардори давлат таъйин гардид.

Эълони истиқлолияти Муғулистон дар вазъияти мураккаби байналхалқӣ, дар шароити тезу тунд шудани зиддиятҳои байни мамлакатҳои империалистӣ ба амал омад.

maxresdefault

Баъди эълони истиқлолияти давлатӣ асоси сиёсати хориҷии Муғулистон мубориза барои ба расмият шинохтани истиқлолияти давлатии он гардид. Доираҳои ҳукмрони муғул кӯшиш ба харҷ медоданд давлатеро бунёд кунанд, ки он Халха, Муғулистони Ғарбӣ, Муғулистони Дохилиро дар бар гирад. Вале ин кор хеле мушкил буд, чунки мувофиқи Созишномаи байни Русия ва Ҷопони солҳои 1910 ва 1912 ба имзо расида Муғулистони Берунӣ ба доираи манфиатҳои Русия ва Муғулистони Дохилию Корея ба доираҳои манфиатҳои Ҷопон тааллуқ доштанд. Барои ҳамин ҳам Русия танҳо Муғулистони Беруниро дастгирӣ карда метавонист.

Истиқлолияти давлатии соли 1911 эълонкардаи Муғулистон то соли 1915 давом кард. Мувофиқи эъломияи русию чиноии 2 июни соли 1915 ва Созишномаи сетарафаи Муғулистон, Русия ва Чини моҳи майи соли 1915 дар Кяхта баимзорасида Муғулистон дар ҳайати Чин худмухтор эълон карда шуд. Он дар ҳамин ҳолати сиёсӣ то соли 1919 монд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …