Главная / Гуногун / Қиссаҳо аз Саъдии Шеърозӣ

Қиссаҳо аз Саъдии Шеърозӣ

Ҳакимеро пурсидаанд: «Чандин дарахти номвар, ки худои азза ва ҷалла офаридаасту барўманд, ҳеҷ якро озод нахондаанд магар сарвро, ки самаре надорад. Гўй, дар ин чӣ ҳикмат аст?» Гуфт:

– ҳар якеро  дахле муайян  асту вақте маълум, ки гоҳе ба вуҷуди он тозаанду гоҳе бо одами он пажмурда  ва сарвро ҳеҷ аз  ин нест ва ҳама вақте хуш аст. Ин аст сифати озодагон.

 

Бар он чӣ мегузарад, дил манеҳ, ки Даҷла басе

Пас аз халифа бихоҳад гузашт дар Бағдод.

Гарат зи даст барояд, чу нахл бош карим,

В-арат зи даст наёяд, чу сарв  бош озод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …