Главная / Илм / ИСПАНД — дар Канзи Шифо (Китоб)

ИСПАНД — дар Канзи Шифо (Китоб)

ispand-22-660x330Испанд (Исфанд) -ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ машҳур аст, ки ҳазориспанд низ меноманд ва ба руси «Гармала обыкновенная«. Инро аз бехаш ҷудо намуда хушк карда бигиранд, қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли испанд узвҳои даруни сина ва шушро аз рутубатҳои часпак пок мекунад, бодҳои рӯдаҳоро пароканда месозад, моддаҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад, ба одамони сардмизоҷ қуввати боҳ мебахшад, баданро фарбеҳ мекунад; пешоб, шир ва ҳайзро равон менамояд, моддаи савдо ва балғами ғафсро бо исҳол дафъ мегардонад, кирмҳои кадудонаро аз рӯдаҳо дафъ мекунад.

Испандро кӯфта бихӯранд, барои иллатҳои саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), девонагӣ, фаромӯшхотирӣ ва дигар бемориҳои сардмизоҷи вобаста ба мағзи сар ва асабҳо даво мешавад; узвҳои майна ва узвҳои дигари баданро гарм мекунад; истисқо (водянка), зардпарвин, гиреҳҳо, қулинҷ (колит) ва ирқуннасоро (радикулитро) дафъ менамояд.

300 грамм испанди хушкро дар ду литр оби ширин як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда, аз он ҳар рӯз 100 грамм бинӯшанд, моддаҳои савдовиро пароканда мегардонад, хунро соф мекунад ва дарунро мулоим медорад. Чун 25 грамм испандро кӯфта, дар 100 грамм об биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, бо 75 грамм асал ва 60 грамм равғани кунҷид бинӯшанд, сахт қай меоварад, узвҳои даруни сина ва қисми болои баданро аз рутубатҳои часпак пок месозад, зиқ-ун-нафас (астма) ва сурфаи тарро дафъ мекунад.

300 грамм испанди хушкро кӯфта, дар 9 литр оби ангур то чоряки об мондан биҷӯшонанд, дарди сари кӯҳна ва саръро (припадкаро) шифо мебахшад. Чун зане, ки хомила мешуда бошад ва баъд нашуда монда бошад, аз ин таркиб то се рӯз ҳар рӯз 50 грамм бинӯшад, боз ба зоидан давом мекунад. Испандро маҳин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи ошӣ бо об фурӯ баранд, аз иллати ирқуннасо (радикулит) наҷот меёбанд.

100 грамм испанди кӯфтагӣ, 100 грамм тухми зағири кӯфтагиро бо 1,5 килограмм асал сиришта, аз ин таркиб ҳар рӯз се маҳал як қошуқӣ бихӯранд, зиқ-ун-нафасро дафъ мекунад, ба шарте ки фишори хун баланд набошад, Агар ба ин 4,5 грамм сӯхтагии шишаро ҳамроҳ карда бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Сурати Испанди хушк — кок

ispand

Сӯхтани шиша он тавр аст, ки мо дар муқаддима баён кардем. Испандро маҳин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи хонагӣ, асал, шароб, оби арпабодиёни сабз даромехта, ба чашм кашанд, беқувватии чашмро, ки сабабаш бисёр шудани балғам дар ин узв бошад, шифо мебахшад. Испандро дар об ҷӯшонида, он обро ба узвҳои заиф бирезанд, онҳоро қувват мебахшад ва карахтиро дафъ мекунад.

Испандро дар об бо равғани кунҷид ҷӯшонида, биёшоманд ва ба он мудовамат намоянд, ҳамаи иллатҳои ҷигар ва шушро дафъ месозад. Испандро маҳин кӯфта, бо равғани шибит даромехта, ба ноф ва тиҳигоҳ (холияки паҳлу) бимоланд, кулинҷи (колити) кӯҳнаро дафъ мекунанд. Испандро кӯфта, гарм карда, батакрор гузошта банданд, барои фолиҷ, суст ва нотавон гаштани узв, карахтӣ, дардҳои бодӣ ва ғайраҳо, ки дар ҳар як узве бошад, шифо мебахшад. Агар муттасил бо сеяк вазни он кӯфтаи занҷабили хушк, бо оби барги сагангур хамир карда, дар офтоб гузошта банданд, то он ки зуд хушк шавад ва аз нав гарм карда гузошта банданд, таъсираш барои иллатҳои номбурда хубтар мегардад.

Оберо, ки дар он испанд ҷӯшонида шуда бошад, дар офтоб ғафс гардонида, баъд дар бинӣ бирезанд, назла ва сурхии чашмро дафъ мекунад. Испандро дар оби турб то қувваташ ба он об гузаштан биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, аз болояш баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то ки обаш бухор шуда равғани холис бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронӣ ва карии гӯш, инчунин, ҷарангҳои гуногуни онро дафъ мекунад.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Испандро кӯфта, ба фарши хона бипошанд, ҳашароти ғазанда аз он ҷо дафъ мегарданд.  Истеъмоли испанд ба дарун барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: дарди сар медиҳад ва дилашонро беҳузур (беҷо) мекунад. Ин зарар бо хӯрдани меваҳои турш, сиканҷабин ва дигар туршиҳо ислоҳ меёбад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз худи испанд аз 4,5 то 9 грамм аст.

Мизоҷи равғани испанд дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Агар инро бихӯранд ва аз рӯ бимоланд, гиреҳи майнаро мекушояд; барои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, нотавон мондани узвҳо, саръ (припадка), паридани аъзо, боди асабҳо ва карахтӣ шифо мебахшад. Бо ин равған нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, дарди миён, ирқуннасо (радикулит), сардии гурда ва бачадонро нафъ мебахшад. Решаи испандро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ сиришта, дар сӯрохи мақьад бардоранд, даҳани рагҳои бавосирро кушода, хуни бандшудаи онро равон мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …