Главная / Гуногун / Фазилати исми Ваҳҳоб

Фазилати исми Ваҳҳоб

«Ё Ваҳҳоб» – эй бағоят бахшандаи анвоъи атоё ва ниами зоҳиру ботин бесабаб ва беғараз. Ва асҳоби даъвоти ин исм ва мустафидони хосиёти асмо фармудаанд, ки ин исмест кассиру-л-баракот ва азиму-л-хосиёт ва сабаби суръати иҷобати даъват ва хосиёти ӯ аз он бештар аст, ки ба тақриру баён рост ояд.

Ва акобирон фармудаанд, ки ҳар кӣ хоҳад дуое бикунад, ҳафт бор «Ё Ваҳҳоб» бигӯяд, албатта ӯро Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло иҷобат кунад.

Ва ҳар кас, ки чизе талабад, ё ба дасти хасме дар қайд афтад ва гирифтор бошад, ё дар ризқи ӯ тангӣ бошад, ё дар касби ӯ бисёр манфиат набошад, ё соликеро дар роҳ фатҳе[1] падид наёяд, бояд, ки се шаб, ё ҳафт шаб дар нимаи шаб вузу созад ва ду ракъат намоз бикунад ва cap бараҳна кунад ва ду даст бардорад ва сад бор «Ё Ваҳҳоб» бигӯяд ва баъд аз он рафъи ҳоҷот бикунад ба Ҷаноби Ҳазрати Қозию-л-ҳоҷот. Ва Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ҳоҷати ӯро раво гардонад.

Ва гуфтаанд, агар касе мудовимат намояд бар он, ки баъд аз намози чошт саҷда кунад ва ҳафт бор «Ё Ваҳҳоб» гӯяд, Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ӯро тавонгарӣ бахшад.

Ва ҳар кӣ бар адади тақсир (14 бор) даъват кунад, ин исмро муддати чиҳил рӯз ба ҳузури қалб ва меъдаи холӣ, он чӣ толиби он аст ёбад.

Ва манқул аст, ки азизе яке аз машоихро дид, ки бо муридону асҳоб ҳама ағниёанд. Аз баъзе аз он муридон пурсид, ки:

  • Шайх шуморо аз асмо кадом исмро талқину таълим карда?

Он мурид гуфт:

  • Мудовимати мо бар исми «Ваххоб» аст.

Рубоӣ:

Он ҷо, ки камоли Кибриёи Ту бувад,

Олам наме аз баҳри атои Ту бувад.

Моро чӣ ҳад(д)и ҳамду санои Ту бувад,

Ҳам ҳамду санои Ту сазои Ту бувад.

Ва дар «Сунани Тирмизӣ» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Нест бандаи мусалмоне, ки гӯяд дар вақте, ки шом дарояд ва дар вақте, ки субҳ дарояд се бор:

«Разийно биллоҳи таоло Раббан ва би-л-исломи динан ва би-Муҳаммадин саллаллоҳу алайҳи ва саллам набийян».

Магар он, ки мебошад воҷиб бар Худои субҳонаҳу ва таоло ин, ки розӣ гардонад ӯро рӯзи қиёмат.

Ва дар «Саҳеҳ»-и Муслим омада, ки марде пеши Ҳазрати Рисолатпаноҳӣ (с) омад ва гуфт, ки:

  • Ё Расулаллоҳ (с), васф наметавонам кард он чӣ бар душ кашидам аз газидани ақраб[2]. Пайғамбар (с) фармуд, ки:
  • Бидон ва огоҳ бош, агар мегуфтӣ дар вақти шом «Аузу бикалимотиллоҳи-т-томмоти куллиҳо мин шарри мо халақ», зарар намерасонид туро ақраб.

Ва низ дар «Саҳеҳи  Муслим» омада, ки фармуд Пайғамбар (с), ки: Ҳар кӣ фурӯд ояд дар манзиле, пас гӯяд:

«Аузу бикалимогиллоҳи-т-томмоти куллиҳо мин шарри мо халақ».

Ҳеҷ чиз зарар намерасонад ӯро, то он замон, ки куч кунад аз он манзил.

Дар «Сунан»-и Тирмизӣ ва Ибни Моҷа омада ин маънӣ, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: Ҳар кӣ гӯяд дар аввали ҳар рӯзе ва дар аввали ҳар шабе се бор:

«Бисмиллоҳи-л-Лазӣ ло язурруҳу маа исмиҳи  шайъун фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-самои ва Ҳува-с-Самиъу-л-Алим».

Зарар намерасонад ӯро ҳеҷ чиз.

Агар касе «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин фӣ кулли вақтин ва ҳин» гӯяд ва баъд аз он хомӯш нишинад, ҳамчунон аст, ки ҳамеша ба салавот гуфтан машғул бошад. Ва агар ин дурудро гӯяд ва хоб кунад, дар замони хоб карданӣ вай ҳукм кунад Худои таоло ба фариштагони худ, ки: Бар вай салавот гӯед. Ва агар ин дурудро як бор бигӯяд ва баъд аз он бимирад, замони хуфтидани ӯ дар гур ҳукми он дорад, ки ба салавот гуфтан машғул бошад вай ва баъд аз он низ.

Байт:

Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,

Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз мaнy сомони ман.

[1] Фатҳ – кушоиш.

[2] Ақраб каждум.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …