Главная / Илм / ИСЛОМ ДАР МИЁНИ ДИНҲОИ ДИГАР

ИСЛОМ ДАР МИЁНИ ДИНҲОИ ДИГАР

Аввалин инсон ва фиристода (расул) паёмбар Одам (а) мебошад. Дини аввалини инсоният Ислом аст. Ислом ин ибодат ва итоат ба Худованди Яккаву Ягонааст. Хамаи пайёмбарон аз Одам (a) то Исо (а) танҳо Ислом дини Якахудоиро таблиғ ва паҳн карда, ба одамон чӣ тавр ибодат намудани Аллоҳ Таъолоро омухтаанд. Вале асосҳои имон ва онунҳои динии ин Пайёмбарон бо мурури замон аз чониби одамон таир дода шуда, асолат ва воеяти худро гум карданд.

islomАз ин ру, Аллоҳ Таъоло охирин Пайёмбар Муҳаммад (с)-ро фиристод. Тавассути Пайёмбар Муҳаммад (с) аз сари нав дини ҳақиқӣ ва такмилёфта дини Ислом дини тамоми Паёмбарон ба одамон фиристода шуд. Айни замон дар руи замин дини ҳақиқӣ Ислом мебошад. Адёни ботил назди Парвардигор ҳеҷ адру қиммате надоранд. Ислом дини ягонаи пазируфтаи Аллоҳ Таъоло аст. Далели ин оятҳои зерин аз Қуръон Карим мебошад:

إن أسيرى عنت اًلئؤ اًلإشللئ

«Ба дурустӣ ки дин(-и муътабар) назди Худованд Ислом аст». (ОлиИмрон-19)

ؤس ننئغ غئزآلانم ديى قتن يعبل مفه ؤهـو ئ آلا حرة ين آلحئيرين

«Ва ҳар ки ғайри Ислом динеро талаб кунад, пас ҳаргиз аз у қабул карда нахоҳад шуд ва у дар Охират аз зиёнкорон аст».

(Оли Имрон-85)

МАҚСАДИ ИСЛОМ

Мадади дини мубини Ислом хушбахт гардонидани одамон мебошад. Одамоне, ки қонунҳои Исломро риоя мекунанд, дар ин ҳаёт ва ҳаёти оянда (пас аз фавт) хушбахт мегарданд.

Дини Ислом бар се асл устувор аст.

  1. Имон. Одами эътиодманд ҳамеша изои руҳӣ ва маънавӣ гирифта, дили худро аз ақидаҳои ботил пок НИГОҲ медорад ва онро бо эътиқоди дуруст пур намуда, ҳақиқатро дарк мекунад.
  2. Амал. Ин чизест, ки инсон ба анҷом мерасонад, ё ки ба ҷо меоварад. Ҳақ бо амал алоқаманд буда, бо ду намуд тақсим мешавад:

а)    ҳаққи одам дар назди Парвардагор (ибодат);

б)     ҳаққи одамон дар назди якдигар;

  1. Ахлоқ.

ХУСУСИЯТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

  1. Ислом ин дини барҳақ аст. Ин дин танҳо ибодат ва парастиши Худоро меомузад. Баъди он дини дигаре фиристода намешавад. Қонунҳои Ислом то рузи Қиёмат амал мекунанд. Охирин паёмбару паҳнкунандаи дини Ислом Муҳаммад (с) мебошад. Баъди у дигар паёмбаре фиристонида намешавад.
  2. Ислом дин барои ҳама аст. Пайёмбар Муҳаммад (с) дини Исломро барои ҳамаи халқҳо овард. Пайабарони пешин барои халқҳои мушаххас ва алоҳида фиристонида шуда буданд.

*Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси муборак чунин мефармояд: “Аз ҳама беҳтарин суханҳое, ки ман гуфтаам ва ҳамаи Паёмбарони то ман омада гуфтанд, ин аст: “Нест худое ғайри Ӯ”.

  1. Қонуни дини Ислом ба ҳама ҳоҷатҳои одамон чавобгӯй аст.
  2. Дини Ислом ҳамаи Паёмбарони то Муҳаммад (с) омадаро ва китобҳои муқаддасро, ки пеш аз Қуръон нозил гардидаанд, дар шакли аввалашон ва намуди аслашон эътироф мекунад.
  3. Қонунҳои тавассути ҳазрати Муҳаммад (с) расонида шуда, қонунҳои расулони пешинаро иваз менамояд, ба он хотир, ки онҳо барои халқҳои мушаххас ва ба муддати кӯтоҳ фиристода шуда буданд. Қонунҳои охирин бошад, барои ҳамаи халқҳо фиристода шуда, TO рӯзи Қиёмат бе тағир мемонанд.
  4. Дини Ислом дини сулҳу осоиш ва муҳаббат аст. Ислом одамонро дар рӯҳияи аҳлоқи ҳамида, шафат, муҳаббат ва эҳтиром ба якдигар тарбият менамояд. Ислом одамонро ба сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ даъват мекунад.

САВОЛҲО БАРОИ ВАЗИФА:

  1. To Ислом кадом динҳои барҳақ вуҷуд доштанд?
  2. Дини барҳақ чист?
  3. Мавқеи Исломро миёни динҳои дигар шарҳ диҳед?
  4. Мақсади Ислом чист ва дини Ислом болои кадом рукнҳо қарор дорад?
  5. Ислом чӣ гуна сифати (хусусияти) ба худ хос дорад?

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …