Главная / Гуногун / Ислоҳоти аввали асри XX дар ИМА

Ислоҳоти аввали асри XX дар ИМА

Ҳаракати ислоҳотхоҳӣ дар ИМА дар натиҷаи норозигии доираҳои васеъи аҳолии мамлакат аз фаъолияги инҳисорҳо оғоз ёфт. Қисми пешқадами буржуазия ба сиёсати ислоҳотхоҳӣ гузашт. Ба ин роҳ номзади Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон Т. Рузвелт дар интихоботи президентии соли 1904 ғолиб баромад. Ӯ баъди интихобот ислоҳот гузаронд. Ин ислоҳот на ба гурӯҳҳои алоҳида, балки ба нафъи ҳамаи аъзоёни Ҷомеаи Америка нигаронида шуда буд.

Конгресс дар бораи захираҳои табиии мамлакат якчанд қонун қабул кард. То ин вақт захираҳои табиӣ, аз он ҷумла, заминро инҳисорҳо бераҳмона ғорат мекарданд. Мувофиқи қонунҳои нав 235 млн гкр замин фонди дахлнопазири давлатӣ эълон карда шуд. Қонуни дигар дар бораи аз болои тайёр кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ ташкил кардани назорати давлатӣ буд. Бо ин роҳҳо пеши роҳи корҳои ғайриқонунии ширкатҳои инҳисорӣ гирифта мешуданд.

ssha

Вале, вақте ки соли 1909 номзади дигари Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон Уилям Тафт дар интихоботи президентӣ ғолиб баромад. Ислоҳоти саркардаи Т. Рузвелтро давом надод. Тафт имконият дод, ки ин инҳисорҳо даромади калон ба даст дароранд. Ин кор норозигии як қисми мардумро ба вуҷуд овард.

Ҳаракати ислоҳотхоҳии ибтидои асри ХХ-и ИМА мураккаб буд. Қисми пешқадами буржуазияи дар ин ҳаракат иштироккарда зидди сӯистеъмол кардани фаъолияти трестҳо буд. Қисми дигараш баръакс, ҷонибдори озодии комили инҳисорҳо буд. Вале аксарияти ислоҳотхоҳони ин давра арзишҳои иктисоди бозоргониро ҳимоя мекарданд. Умуман ислоҳоти ибтидои асри XX имконнит дод, ки ИМА аз ракибони асосии худ пеш гузашта, ба мамлакати пуриқтидори ҷаҳон табдил ёбад.

Системам бисёрҳизбии ИМА. Дар ибтидои асри XX дар ИМА асосан 3 ҳизб барои дар мамлакат ҳукмрон шудан дар байни худ рақобат мекарданд: демократа, ҷумхуриятхоҳон ва сотсиалистй. Фаъолияти онҳо махсусан дар давраи интихобот баланд мешуд.

Системаи бисёрхизбӣ ба интихобкунандагони ИМА имконият медод, ки номзади сазоворро президенти мамлакат интихоб кунанд, ба Конгресс ва мақомоти қонунгузории дигари марказию иёлот низ ашхоси сазоворро интихоб намоянд. Ҳамин хел ҳам мешуд, ки номзади ба мансаби президентӣ соҳибшуда ба ваъдаҳои пеш аз интихобот додааш вафо намекард. Ба ҳамин сабаб аз ҷумҳуриятхоҳ Улиям Тафт, ки соли 1909 ба иҷрои вазифан президентӣ шурӯь карда буд, интихобкунандагон норозӣ буданд. Ин ҳолати ҷумҳуриятхоҳон ба оппозитсияи демократӣ имконият медод, ки дар интихоботи дар пешистода дастболо шавад, ё ки ба ин мақом намояндаи ҳизби сотсиалистӣ соҳиб мешуд, яьне онҳо метавонистанд номзади худро ба мансаби президентӣ гузаронанд. “Мусобиқа” барои мансаби президентӣ дар Қасри Сафед асосан дар байни ҳизбҳои ҷумҳуриятхоҳон ва демократӣ сурат мегирифт.

Дар интихоботи соли 1912 ҳар се ҳизб ҳам номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешниҳод карданд. Ҳизби Согтиалистӣ Ючин Дебсро пешниҳод кард. Ҳизби Демократӣ ба ин мансаб Вудро Вилсонро лоиқ донист. Ин вақт дар Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон ҷудоӣ ба амал омад. Барои ҳамин ин ҳизб номзади ягонаро пешниҳод карда натавонист. Он ду номзад пешниҳод намуд. У. Тафт ва Т. Рузвелтро. Дар натиҷа овозҳои интихобкунандагони ҷумҳуриятхоҳон дар байни ду номзад тақсим шуданд. Умуман овозҳои интихобкунандагон чунин тақсим шуданд: В. Вилсон – 6.286.214 овоз, Т. Рузвелт – 4.126.020 овоз. У. Тафт – 3.483.922 овоз ва Ю. Дебс – наздики 1 млн овоз. Ҳамин тариқ номзади Ҳизби Демократӣ профессори таъриху ҳуқуқи донишгоҳи Принстон Вудро Вилсон ба мӯҳлати 4 сол президенти ИМА интихоб гардид.

Вале мумкин буд, ки номзади Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон ғолиб барояд. Сабаби асосии шикасти ин ҳизб дар ду номзад пешниҳод кардани он буд. Ҷамъи овозҳои ба даст даровардаи ҳар дуи онҳо 7609942 нафарро ташкил кард. Ин аз шумораи овозҳои гирифтаи номзади демократҳо, ки ғолиб баромад, қариб 1,5 млн нафар зиёд аст. Ҳамин тариқ, соли 1912 намояндаи Ҳизби Демократӣ ба мӯҳлати 4 соли оянда соҳиби Қасри Сафед гардид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …