Главная / Гуногун / Исёни аскар

Исёни аскар

– Холаи Гулмоҳ!

– Ҳа… Чӣ мегўӣ?

– Э тезтар бароед, Раис худоӣ дода истодааст. Худоӣ…

– Худоӣ? Чӣ хел худоӣ?

– Ҳафти бародараш. Шаш дег ош мондааст. Боз мегўянд, ки кабку моҳӣ ҳам мепазанд.

Гулмоҳ дар маҳалла аз ҳама камбаѓал буду ягона такягоҳ – ҳамсараш се моҳ пеш аз олам чашм пўшида. Маоши аз фаррошӣ ба даст омада ночиз бошад ҳам, ўро аз мурдан нигоҳ медошт. Ва ҳоло аз сухани духтари ҳамсоя ба димоѓаш бўи ош расиду ҳамчун нилуфар аз тулўи офтоб кушода шуд.

– Наход! – нидо дардод Гулмоҳ ва чизе ба хотираш заду ба тааҷҷуб омад. – О аз рўи қонун ҳафт додан мумкин не-ку? Боз имрўз ҷумъа, рўзи корӣ-ку?

Духтари ҳамсоя аз соддагии холаи Гулмоҳ завқ бурд.

– Э ин қадар “ку-ку” кардед? – гуфт ў хандида. – Фаромўш кардед, ки ў мансабдор. Аз тарафи дигар ба мо чӣ, ош хўрем шуд-да.

Дар ҳамин лаҳза садои хафифи модари бемораш ба гўшаш расид.

– Модарҷон, чӣ шуд ба шумо?

– Ош гуфтед? Кӣ ош пухтааст? Ошро шунидаму дилам гум зад. Хеле шуд, ки ош нахўрдаам.

Дили Гулмоҳ сахт ба тапиш даромад. Чашмонаш сиёҳӣ заданд.

– Раис худоӣ дода истодааст.

– Худо хайрашро диҳад, – дар рўи кампир хушҳолии заифе давид.

Зери айвоне, ки дар майдончаи кўдакон махсус сохта буданд, дар таги даҳ дег алов месўхт. Оши палав, кабоб мепухтанд.

Ҷавони тануманде сари роҳи Гулмоҳро баст ва ба ў нигоҳи пурхашмонае афканда, бо зарда пурсид:

– Ту кистӣ?!

– Ман? – мутаҳайирона ба ў дида дўхт. – Ман ҳамсоя.

– Туро касе даъват кард?

– Не… О ин худоӣ-ку? – дар ҳайрат монд Гулмоҳ.

Бўзбала ба ў зеҳн монда баъд хандид. Сипас бо истеҳзо гуфт:

– Худоӣ баро ҳамсояҳои фиси бинӣ не, барои калонҳо. Фаҳмидӣ?

– Шўхӣ намекунед, рост мегўед? – нобоварона ба рўи бўзбала нигоҳ кард Гулмоҳ.

– Фаҳмидӣ, чӣ гуфтам?! – дод зад бўзбала ўро тела дода. Табақча аз дасташ ба замин афтида, пора-пора шуд.

Гулмоҳ оҳувоҳкунон хам шуда, пораҳои табақро ҷамъ овард ва сипас гўфт:

– Бубахшед…

Ҳамсояҳои камбизоат ҳайрону лол, аз дур маъракаро тамошо карда, лаб мелесиданд. Тамошо накарда чӣ кор ҳам мекарданд.

Ҳаво хеле хунук. Боди сард мевазид. Ва чун сўзан ба тан мехалид. Аммо одамони бисёр миён баста дар хизмат буданд, ҷоннисорӣ мекарданд.

Яке бо ҳасад гуфт:

– Хешу табори бисёр доштааст.

Дигарӣ бо асабоният гуфт:

– Хеш-пеш надорад!

Якумӣ бо ҳайрат пурсид:

– Пас, инҳо кистанд?

Дигарӣ бо ҳамон оҳанг ҷавоб дод:

– Хешу табори мансабаш!

Бале, ин гап дурўѓ набуд, рост буд. Ҳамаи он одамон хешу табори мансаби Раис буданд. Рўзи саги сиёҳро доштанд. Аммо илоҷ надоштанд. Ботинан аз худ норизо, Раисро дашном медоданд. Хаёли осуда надоштанд. Дар тарсу ҳарос буданд. Худо нишон надиҳад, ки Раис ранҷад, дилмонда шавад. Кинагир, дилсиёҳ аст. Аз ин рў, ҳар яке ҳаракат мекард, ки садоқати худро намоиш диҳад.

Яке ба дигаре гуфт:

– Дидӣ?

– Мебинам. Кўр нестам-ку.

– Чиро мебинӣ?

– Маъраи пурдабдабаро.

– Зоҳирбин будаӣ. Ман қонуншиканиро дар назар дорам.

Вай бо дили пурҳарос ҷавоб дод:

– Не-ку, ман ҳеҷ чизро намебинам.

Дигарон ҳам ҳамин ҷавобро доданд.

– Ҷиноят рўпўш шавад мегўед?

– Э, мемонӣ, ки ба ҳамин ҳоли бечорагиамон сиҳату саломат гардем.

– Барои ин махсус ташкилот ҳаст, маош мегиранд, бигузор чора бинанд.

– Ҳа, рост, ба мо чӣ?

Вай як оҳи сарди чуқуре кашиду гуфт:

– Ҳа-а, як кўдак лозим аст.

– Кўдак? Чӣ хел кўдак?

– Магар латифаи “Подшоҳи урён”-ро нашунидаӣ? Набошад, гўш кун. Подшоҳе будааст, бисёр аблаҳ. Ду қаллоб аблаҳии ўро истифода бурда, ўро бовар кунондаанд, ки аз ҳавои оддӣ барои ў матои ҳарири нозук ва маҳин, ки онро кас ба чашм дида наметавонад, мебофанд. Ба тавраш бофтаанд ва аз он барои подшоҳ либос дўхтаанд. Вақте ки подшоҳ он либоси набударо пўшида, ба назди дарбориёнаш мебарояд, онҳо ба ҳазору як таърифу тавсиф ўро муборакбод мекунанд, ки “Чи хел ҳарири олиҷаноб, чи хел либоси ҷонона, дўхташ чи сон зебо ва ба қаду қомати подшоҳ чи гуна шинам ва зебанда!” Дар миёни дарбориён кўдаке будааст, ки подшоҳро ўрён дида, “О подшоҳ луб-лучаст-ку!” гуфта хитоб кардааст.

– Ҳа-а, аҷиб.

– Ана ҳамин хел як кўдаке мебояд, ки дар риояи расму оини адолату инсоф ва қонуну додгарӣ саҳмгузор бошад.

– Оча!

Холаи Гулмоҳ як қад парид.

– И-и, писарам, ту аз дарс гурехтӣ?

– Не, дарс нашуд, – ҷавоб дод Аскар. – Муаллим ба хонаи Раис рафта будааст.

– Муҳобот накун, писарам.

– Муҳобот не, оча… Ҳо, ана нигоҳ кунед, муаллим дар назди самовор, чой дам мекунад.

– Ҳа, рост, – овоз дод модар. – Директори мактаб ҳам дар хизмат.

– Не, вай муовини раиси ноҳия аст. Директори мактаб ҳезум майда карда истодааст. Оча, Раис чӣ маърака дорад?

– Ҳафти бародарашро дода истодааст.

– Ҳафт, ҳафт?!

Вай оҳи вазнин кашиду гуфт:

– Ҳа, ҳафт.

Чанд фурсат вай ҳарфе назад. Аммо рўяш тааҷҷуб ва таҳайюри ўро ифода мекард. Дили ў дар талотум буд.

– Чаро маро фиреб кардед? – бо зарда ва нигоҳи оташбор пурсид Аскар.

Ин суоли писар модарро ба як ҳолати ногувор андохт.

– Бачам, чӣ гап шудааст? Ягон кас туро ранҷонд? Чӣ воқеа рўй дод? Бигў, чӣ гап?

– Чаро ба ман дурўѓ гуфтед? Чаро ҳафти падарамро нагирифтед? Рўҳи падарамро ранҷондед?

Модарро гўё қувваи барқ зад. Таконе хўрду ба рўи писар нигарист. Нигаристу аз чашмони ѓамгинаш ду қатра ашк ба мисли ду дона марҷон аз нўги мижгонҳояш канда шуда, ба ду рухсораш шориданд.

– Ҳа-а, фаҳмидам. Дилатон ба пулатон сўхт. Пулро аз падарам боло донистед.

Модар фурсате сукут карда, маюс ба гар даромад:

– Писарам… Гўш кун… Гумон баъзан… Чӣ гўям? «Гумон аз имон ҷудо мекунад», мегўянд. Худат шоҳид будӣ-ку. Раиси маҳалла омад, Қонунро нишон дод. «Мумкин не, ҷазо дорад» гуфт. Ба ёд биёр.

Ҳа, ба ёд овард ва беихтиёр садо дар дод:

– Номард!

Модар ҳайрону парешон ва бо изтироб ба писараш нигарист:

– Кӣ номард?

– Раиси маҳалла.

“Эй палид! Ту табиатан бадтинат ҳастӣ! На инсоф дориву на диёнат. Ба бемансабон «Қонун, мумкин не» мегўию ба мансабдорон бошад, хизматгорӣ. Ҳоло ў хеле серкору сертараддуд буд. Ду даст пеши бар меҳмонҳоро “Хуш омадед!” мегуфт, пазироӣ мекард. Вобаста ба мансабашон ба хонаҳо тақсим менамуд. Бо фармоиши ў назди онҳо чой, дар табақҳо ошу кабоб медароварданд. Мулло ҳам аз бари боло, гулў даронда оят мехонад”.

– Эй Худоҷон! – нидо дардод ў ва ҳис кард, ки косаи сабру боварӣ бар санг зада, пора-пора мешавад.

Модар бо остин чашмонашро пок кард.

– Ҳе, содда! Ту тамоман аз сиёсат бехабар ҳастӣ. Ҳазл не, охир! Вай вазифа дорад. Ҳар кор карда метавонад. Ҳоло давр даври ў, Худо ба ў додааст.

– Ба худододагон ситеза макун, ки худододагонро Худо додааст, – гуфт зани дигаре ва дар чеҳрааш истеҳзои нафратомез падид омад. – Фаҳмидӣ? Ситеза накун!

Гўё як кўза оби сард ба сари ў рехтанд. Дилаш хунук шуд. Оламро сардӣ гирифт. Ях баст ҳама ҷо.

Магар ба Раис Худо дода буд?

Номи аслии Раис Санг бошад ҳам, дар бачагӣ ҳама ўро Кал ном мебурданд. Зеро кал буд. Қоматаш миёна. Рўяш доѓи кунҷитак дорад. Дар кўдакиаш “гул” гирифта буду дар зиндагӣ рўи хуш надида. Ҳанўз яксолагиро пур накарда, аз падар маҳрум шуд. Ва ў монду бародараш Кулўх ва модараш Хасмоҳ. Ҳамеша дар забони модар калимаи Худо буд.

– Чаро ин қадар Худо мегўед?

– Бепаноҳ ба ѓайр аз Худо боз ба кӣ паноҳ бурда метавонад?

Ҳа, ѓайри Худо мутаккое надошт, модар. Худаш буду ду чўҷаи гирёнаш. Ҳаёти худро ба онҳо бахшида буд. Вай акнун танҳо барои онҳо зиндагӣ мекард.

– Чаро мо камбаѓалем?

– Ҳамаи ин хости Худост, писарам, – бо андўҳ мегуфт модар. – Агар бахт медоштед, падаратон зинда мемонд.

Кулўх пас аз мактаби миёна ба донишгоҳ нарафт, дар деҳа монд, деҳқон шуд. Санг бошад, мактаби миёна ва донишгоҳи варзишро бо пули ночизе, ки модараш аз фаррошӣ ва бародараш аз деҳқонӣ ба даст меоварданд, хатм намуд. Дар шаҳр монда, муаллими тарбияи ҷисмонӣ шуд. Одати хабаркашӣ ва иѓвогарӣ дошт. Аз ин рў, Калбуз лақаб гирифт. Чанд бор шатта хўрд, аммо дигар нашуд. Ниҳоят қарор шуд, ки ўро аз мактаб биронанд. Гиряву зора кард, бо хоҳиши худ ҷавобаш доданд.

Чанд рўз назди бинои вазорате тор танид. Ниҳоят чашми Вазир ба ў афтид.

– Эй, саѓира, ту кистӣ?

– Ман? – тааҷҷуб кард Калбуз. – Ман одам.

– Мебинам, ки одамӣ. Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Аз афташ ягон қасди бад дорӣ. Дўздӣ чӣ бало!

– Гумони бад накунед, амак, – бо табассум гуфт ў. – Ман кор мекобам.

– Чӣ ҳунар дорӣ?

– Ҳунари муштзанӣ.

– Муштзанӣ?! – хандид масхараомез Вазир.

– Нахандед, – гуфт ў. – Муштам филро меафтонад.

– Наход? – Вазир ба андеша рафт ва сипас ўро ҳамчун нигаҳбон ба кор гирифт.

Калбуз дили духтари сабукпои Вазирро ёфту бо ў хонадор гардид. Ва соҳиби мансаб шуд. Орзуяш ҳамин буд. Акнун бо виқор, сараш ба осмон, фукаш чухт, ѓолибона қадам мемонд.

Баъдтар овоза паҳн кард, ки чияни фалон мешавад. Бисёриҳо бовар карданд. Охир, хеши фалон набошад, соҳиби мансаб мешавад? Ў бошад, рўз то рўз аз худ мерафт. Шоир беҳуда нагуфта будааст: “Ё раб, мабод, ки гадо мўътабар шавад, Чун мўътабар шавад, зи Худо бехабар шавад”.

Ҳамин худобехабариаш бародарашро қурбон кард.

 

*      *      *

 

Ҳафт рўз пеш бародараш Кулўх ба идорааш омад. Ёрдамчии Раис шубҳа накард, зеро онҳо монанд буданд. Баракс хурсанд шуд.

– О-о… фарзанди падар! Чӣ хуб! Беҳуда намегўянд, ки касе бародар надорад, дар рўи замин болу пар надорад.

Ва ўро ба ҳузури Раис даровард.

– Бародар, чӣ ҳол дорӣ?

Раис дар ѓазаб шуда, хун ба сараш зад.

– Ту кистӣ? Чаро омадӣ? Чӣ мехоҳӣ?

Бародар ибтидо бовар накард. Хаёл кард, ки шўхӣ мекунад.

– Додари азиз… ин… манам…

– Манам, манам! Ман туро намешиносам!

– Чӣ-ӣ?! – вай аз тааҷҷуб моту мабҳут шуд. Тўшаи дар миёнбанд печонида аз дасташ афтид. Ранг аз рўяш париду чеҳрааш хокистарӣ гардид. Ақли худро аз даст дод. Дигар чи гуфтану чи пурсиданро намедонист.

Раис сўи ёрдамчӣ бо кароҳат нигариста дод зад:

– Бадзот! Ҳар касу нокасро ба назди ман даровардан мегирӣ?! Ўро бадар кун ва нагузор, ки дубора қадамашро ба ин даргоҳ гузорад.

Қариб буд, ки дили Кулўх аз ѓаму андўҳ торс кафад. Вай бехудона чанде гашту худро дар назди майхона дид ва ба он ҷо даромад. Барои аз яъсу навмедӣ халос шудан арақ нўшида маст шуд. Дар кўчаи марказии ноҳия мерседеси шишаҳояш сип-сиёҳ ўро зад. Дар рўи роҳ ҷон дод. Ба Раис зуд ин хабари нохуш расид.

– Э, вой-е! Наход ки рост?!. Чӣ-ӣ-ӣ?!. Ронанда гурехт?! Ба куҷо гурехт?! Чаро гурехт?! Кобед!.. Ёбед ўро! Ёбед!!!

Вай ҳамаи корҳоро як сў гузошта, ба ноҳия шитобид. То ў расид, ки ронандаро дошта оварданд. Раис рўзи сиёҳро ба сари ў гардон кард.

– Ту, ту?! Ту қотил! Ту азизи маро куштӣ! Ман дар бисотам як бародар доштам! Вай бародар не, бароям падар буд! Ту миёни маро шикастӣ! Ман туро худам мекушам, пўст меканам!

Ронанда аз тарс меларзид.

– Гап зан, гап зан!

– Айби ман не… Вай… вай маст буд…

Вай мушт рўи миз фуроварда, дод зад:

– Даҳонатро пўш! Сагбача! Дар маҳбас мепўсӣ! Фаҳмидӣ?!

Замин якбора пеши назари ронанда давр заду зери пояш фурў рехт. Дилаш сахт зад, рўи харак нишаст афгору бемадор.

– Очаҷон-е! – фарёд кашид.

– Э бар падари очаат лаънат! Занед палидро, занед ўро!

Ва милисаҳо ўро заданд. Ва боз заданд. Бозу боз… Нимкушта карданд.

– Падар дорӣ?

Базўр сар ҷунбонд.

– Равед, падарашро биёред! – ба милисаҳо амр кард Раис.

Ба ин ҳоҷат намонд. Вай бо пои худаш омад.

– Ассалом, ака, – назди Раис чорқад шуд.

– Ака нагўй! – дод зад Раис. – Як ака доштам куштед!

– Ака…

– Боз ака мегўӣ?! Дигар номи акара ба забонат нагир!

Падари ронанда сокит монд.

– Гап зан, чӣ мехоҳӣ? Барои чӣ омадӣ? Номат чӣ?

– Номам Боймат. Ҳамон ҷувонимарг писари ман аст. Дар бисотам як писар дорам.

– Мемурӣ тарбия кунӣ?!

Ин суханҳо чун намак бар ҷароҳати тозааш расиданд.

– Ҳа, айби ман, камакак эрка кардам…

– Камакак не, аз ҳад гузарондӣ, ки дар ҳаққи ман ҷабр кард. Акнун ҷонаш дар дасти Қонун.

– Мефаҳмам, Қонун зўр аст. Лекин ҳазор зўр бошад ҳам, он дар дасти шумо аст.

– Ман худам Қонун ҳастам!

– Рост, рост. Шумо Қонун ҳастед. Барои ҳамин омадам ки бо шумо маслиҳат кунам.

– Тезтар маслиҳат кун! – тоқати Раис тоқ шуда бо қаҳру ѓазаб ба Боймат рў овард. – Ман вақт надорам. Вақти ман қиммат аст. Мефаҳмӣ?!

– Мефаҳмам, маслиҳат ба шумо, чӣ ки гўед.

– Чӣ мехоҳӣ, ки…

– Ҳа, гўед, гушам ба шумо, – бетоқат шуд Боймат.

– Ба ман ҷони писарат лозим.

Боймат як қад парида, безобита шуд.

– Ҷони писарам?

– Ҳа, магар намедонӣ, ки хун ба хун гуфтаанд. Ман мардам, ору номус дорам. Агар қасос нагирам, авлодам ба ман механданд.

Дили Боймат торик, сип-сиёҳ шуд. Вай фаҳмид, ки ҷон, ҳаёту мамоти яккаписараш сари қиле овезон аст. Тарсу изтироб вуҷудашро фаро гирифт. Ҳалқаш қоқ шуд.

– Мумкин аст об нўшам? – ба тунги об, ки рўи миз меистод, ишора кард.

– Ту чӣ, ташна мондӣ?

– Ҳа.

– Хайр, майлаш, бинўш!

Сари миз омада ба истакон об рехту ҳарисона ва бо ташнаҷонӣ нўшид.

– Боз якто мумкин?

– Нуш!

Боз як истакон об нўшид ва истаконро ба ҷояш гузошта нафасашро рост кард. Қатраҳои арақи пешонаашро пок кард. Сипас ба Раис рўй оварда, бо илтиҷо гуфт:

– Ҷони ўро чӣ кор мекунед? Ҷонашро ба ман фурўшед.

– Ба ту фурўшам? – бо шунидани ин гап қариб изҳори шодмонӣ намуд Раис, вале дарҳол худро ба даст гирифт, ҷиддӣ шуд. – Оё зўрат мерасад?

– Чӣ қадар мехоҳед? Бигўед.

– Чӣ қадар медиҳӣ?

Боймат саросема даст ба ҷайбаш бурда, аз он бастаеро баровард.

– Ана марҳамат ҳисоб кунед.

– Тоҷикӣ аст ё доллар?

– Ҳа, доллар, доллар. Ҳоло кӣ бо тоҷикӣ гап мезанад.

– Рост. Чӣ қадар аст?

– Се ҳазор доллар.

– Чӣ-ӣ?! Се ҳазор? Чӣ ту маро масхара мекунӣ? Бародари ман барои ту мошини “Некси”-и шалақ аст?! Даҳ хазор доллар! Як тин кам не!

– Хуб шудааст, корро хобонед, мондагиашро худи ҳозир рафта меорам.

– Қавл медиҳӣ?

– Ҳа, мо мард, ака.

Раис ҷасади Кулўхро ба хонааш не, ба шаҳр овард. Хабари ҳаром мурдани Кулўх фавран ба ҳама маълум шуд. Ҳама дар дили худ шодӣ мекарданд, аммо ба сухан гуфтан ҷуръат надоштанд. Танҳо “Баъд аз ин бояд ба худ биёяд” гуфта умед мекарданд. Аммо умедашон меваи ботил ба бор овард. Раис ҳатто мурдаи бародарашро ҳам ба фоидаи худ истифода бурд. Ҷанозаи бошукўҳе барпо кард. Лифофаборон шуд. Ҳар касе, ки меомад, ўро ба оѓўш мегирифт ва лифофаро ба баѓалаш метиққонд.

 

*      *      *

 

– Ана Раиси танзими расму оинҳои ноҳия омад. Ба Раис коѓазеро дод. Аз афташ ҷазо медиҳад, ҷарима мебандад.

– Хестӣ, ки хобӣ! Ба Раис лифофа дод.

– Чӣ хел лифофа?

– Конверт.

– Ҳа-а. Шояд дар дохили он қарори ҷазо бошад?

– Гапатро бин-а! Дар он пул аст, пул.

Бале, Ализода ба Раис лифофаи пулдор дода:

– Ин аз коллективи мо, – гуфт.

Лифофа тунук буд. Раис абрў чин кард.

– Боз ҳастем-ку.

Ин замон ба ҳавлӣ Вазири собиқ, марди қадпасти шикамкалон ворид гашт. Пеш ҳама “Раисҷон!” гуфта, наздаш дуқат мешуданд, ҷунбад, “Лаббай!” мегуфтанд. Акнун ҳеҷ кас ба ў эътибор намедод. Вай тамоман карахт шуда буд. Ба назараш чунин намуд, ки хоб мебинад,

Баногоҳ паро-пар шуд. Ҳама шогирдон ва ёрони ў сўи роҳи калон, ба истиқболи Вазири нав шитофтанд. Вазири нав як марди сиёҳҷурдаи қадпастаке буд. Чеҳраи безебу чашмони танг-танге дошт. Бо шукўҳу салобати хосае солорона қадам мениҳод. Аз қудрату тавоноии хеш ҳаловат мебурд. Нигоҳи тунду маънидорашро ба рўи одамон медўхт. Нигоҳи Вазири нав чун корд ба вуҷуди Вазири собиқ халид. Салом надод, оѓўш накушод. Таври ҳамешагӣ ханда бар лаб “Устод!” гўён чорқад нашуд. Осмон гўё ба сари Вазири собиқ фурў рафт. Беҳолу бемадор шуд, хун дар рўяш намонд. Чунин менамуд, ки ана ҳозир меафтад. Оҳе кашиду ба умед интизор шуд, ки кай ўро таклиф мекунанд. Охирин умеди Вазир барбод рафт. Фаҳмид: он чи ногузир буд, ба амал омад. Он чи ки бо вазифа омада буд, бо он рафт. Ў аз хиҷолат базўр сар бардошта, ба яке аз хизматгоррон рўй овард:

– Ман ба кадом тараф гузарам?

Ўро ба ҷои бемансабон ҳидоят намуданд. Рафта нишаст. Таомул вайрон шуд. Касе аз ў чизе напурсид. Ў ҳам чзе гуфта натавонист. Забонаш гўё ба комаш часпида буд. Дастрўмол аз киса бароварда, арақи пншонаашро пок кард. Мардум ош хўрда, чой нўшида, дуою фотиҳа хонда аз ҷойҳояшон хестанд. Вай танҳо монд. Ҳоло ба ў ош наоварда буданд. Як каси дигарро интизор буданд. Ва ҳамин тавр нишастан гирифт. Шамоли сард гўшу рўи ўро харошида мегузашт. Сараш аз дард мекафид. Дар назараш тамоми мавҷудоти атроф беҷон менамуд, ҳатто худаш ҳам. Дар бораи як чиз фикр мекард: вазифа. Вазифае, ки ин ҳама иззату эҳтиромро ба ў баргардонад. Ва аз ин сагбачаҳо ниқорашро гирад.

Ин лаҳза Вазири нав берун омад ва нигоҳи онҳо ба якдигар бархўрда, гўё дар як нуқта садама овард.

“Эҳ, фалаки мансабпарвар!”

Қаҳру ѓазабаш аз нав ба ҷўш омад. Ба сару рўяш гўё хун зада, оташинтар гашт. Ва нохост дарк намуд, ки мемирад! Бе вазифа бо ранҷу азоб, бо машаққат мемирад!

“Эй Худо, дар рўи замин ман ҳам ҳастам, охир!..”

Ҳаво сардтар шуда, хабари барф меовард. Маърака идома дошт. Иддае аз “хешу табор” дар хизмат, иддае ѓамзада, хомўш, сархам.

Гоҳ-гоҳ садои мулло сукунатро мешикаст.

“Ауззу биллоҳи минашшайтони раҷим… Одами хуб буд, биҳиштӣ… Охираташ обод бод! Омин!”

Боз сукунат.

Баногоҳ сукути атрофро зоѓи сарсахте барҳам зад. Чанд нафар аз паси зоѓ шуданд. Як марди лоѓари рангпаридае ки шоҳиди ин ҳама кору бор буд, лабашро бурмакунон  бо худ гуфт:

– Аҷиб, вазифа ин қадар зўр будаст-е!..

Аз ҳарфи он мард мисли ин ки як дунё ѓусса рўи дили Аскар рехт. Марги падар ёдаш омад. Акнун дастони ў сахт меларзиданд. Аз хунукӣ не, аз тарсу ваҳм не, баръакс, аз зўрии нафрат. Ба хона омад. Бибӣ умед аз ош канда, хоб рафта буд. Дар хона дили Аскар лаҳзае осудагӣ наёфт. Берун баромад. Дар ҳавлӣ наѓунҷид. Кўча низ барояш танг буд. Бо ҳазору як хаёли наву ношинос гашту гашт… Ва боз ба хона баргашт. Акнун ў мебоист ягон кори ѓайри чашмдоште мекард. Башаст аз ҷояш бархост.

– Ман меравам, худи ҳозир ин масъаларо ҳал мекунам!

– Аскар, ист, ист! Чӣ мехоҳӣ? Куҷо меравӣ? – бетоқатона пурсид модар

– Ба ҳукумат меравам

– Ақлатро-ку нахўрдаӣ?

– Ақлам дар ҷояш, қарорам қатъӣ!

– Ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! Охир ту ҳоло кўдакӣ.

– Ман медонам чӣ гуфтанамро, – Аскар беш аз пеш меларзид.

– Барои худат дарди сар нахар. Ҳамаашон сару таҳ як карбосанд.

– Қонун чӣ мешавад, қонун?

– Қонун?! – лабонашро бурма кард модар. – Магар ҳоло Қонун амал мекунад?

– Барои он амал намекунад, ки дурўягӣ мекунем, муросо менамоем. Инаш Раис, ваяш Вазир…

– Хайр, писарам, ѓам махўр, ҳамааш хуб мешавад, – ўро тасаллӣ додан мехост модар. .

Аммо ин суханон баръакс ѓашашро овард.

– Кай хуб мешавад?

– Ҳамон рўзе, ки аз вазифа парид.

Ў сўи модар нигоҳи аҷибе партофт:

– Бузак намур, ки баҳор меояд.

Изтироби шадиде дили модарро фаро гирифт. Бо мансабдоре сар ба сар шудан кори Рустами Достон буд. Ҳатто сараш чарх зад.

– Писарам…

– Суханамро набуред! Қасам ба номи Худо хўрда мегўям, ки то Раис ҷазо нагирад, аз поён то боло ягон идора намемонад, ки наравам!

Шуҷоати писар ба модар таъсир кард. Вай ба худ омад ва бо эҳтиром ба писараш нигарист ва аз пешонааш бўсид.

29 марти соли 2009

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …