ИШУРИЯ (Ischuria; юн. ischo – нигоҳ доштан ва uron – пешоб), пешоб карда натавонистан. Асосан дар мардҳо, баъзан дар занҳо ва кӯдакон мушоҳида мешавад. И. бо сабабҳои дучор омадани монеа дар роҳи пешоб (бисёр вақт аденома, омос ё думбали ғадуди простата, санг ва омоси пешобдон, танг шудани роҳи пешоб бинобар илтиҳоб ё осеб, иллати узвҳои кос ва пешоброҳа) ё инкишофи бемориҳои ҳароммағз ва мағзи сар рух менамояд. Заҳролудии шадид аз машрубот, суиистеъмоли доруҳои хобовар ва мухаддирот низ метавонанд боиси И. гарданд. Дар баъзе ҳолатҳо И. бар асари осеби рӯҳӣ, аз сар гузарондани ягон ҷарроҳӣ ва зодан низ пайдо мешавад (И.-и баъди ҷарроҳӣ, И.-и баъди таваллуд).
Вобаста ба зуҳуроти болинӣ И. гуногун мешавад. И.-и шадид ногаҳон ва бо дарду хоҳиши зуд-зуд пешоб кардан падид меояд. Ҳангоми муоина дар мавзеи зиҳор дамидагие ба мушоҳида мерасад, ки он далели аз ҳад зиёд пур будани шошадон аст. И.-и шадидро аз анурия фарқ кардан лозим. Дар мавриди И.-и музмини пурра бемор мустақил пешоб карда наметавонад (пешоб солҳои дароз аз катетер меояд). Ҳангоми И.-и музмини нопурра мариз метавонад пешоб кунад, вале шошадон пурра холӣ намешавад (пешоби боқимонда бисёр буда, баъзан ба ҳазорҳо миллилитр мерасад). Ҷараёни И.-и музмини нопурра ноаён аст ва фақат баъди инкишофи оризаҳо ба мушоҳида мерасад. Он боиси дар пешоброҳа банд гаштани пешоб ва халал ёфтани фаъолияти гурда мешавад. Яке аз шаклҳои И., ки И.-и ногаҳонӣ ном дорад, бо банд шудани пешоб, вале ғайриихтиёр чакра-чакра чакидани он падид меояд. Сабаби беморӣ суст шудан (атония)-и мушакҳои девораи пешобдон ва ёзидани ҳалқамушак (сфинктер)-ҳои он аст.
И.-и шадид ёрии таъҷилӣ (ба пешобдон гузоштани катетер) мехоҳад. Маризро бо мақсади табобати минбаъда ба беморхона фиристодан лозим аст. Ҳангоми И.-и баъди ҷарроҳӣ ва баъди таваллуд метавон аз чунин усулҳои муқаррарии пешобронӣ истифода бурд, мас., бо оби гарм шустани аъзои таносул, кушода мондани ҷумаки об (садои рехтани об боиси омадани пешоб мешавад), ба масона фиристодани 5 – 10 мл маҳлули 1 – 2% новокаин. Дар сурати самараи дилхоҳ надодани усулҳои мазкур, пас пешобро бо катетер мегиранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …