Главная / Илм / ИШОНҚУЛОВА Бӯстон Остоновна

ИШОНҚУЛОВА Бӯстон Остоновна

nophotoИШОНҚУЛОВА Бӯстон Остоновна (тав. 06. 09. 1948, ш. Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1999), проф. (2001), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1972) ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Ординатор (1972 – 74), ассистенти кафедраи фармакология (1974 – 76), аспирант (1976 – 79), ассистент (1979 – 92), дотсент (1992 – 95) ва аз с. 1995 мудири кафедраи фармакологияи ҳамин донишгоҳ. С-ҳои 2000 – 05 ноиби ректор оид ба корҳои таълимӣ буд. Дар мавзӯи «Самараи таъсири кортизон ва ибупрофен ба инкишофи артрит ҳангоми роҳҳои гуногуни тазриқи онҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз с. 1991 самти фаъолияти илмиашро дигар намуда, ба омӯзиши растаниҳои доруии Тоҷикистон машғул шуд. Доир ба ин масъала чанд таълифоти илмӣ дорад. Дар мавзӯи «Фармакологияи баъзе растаниҳои доруии қандфарори Тоҷикистон ва маъҷуни зиддидиабетии онҳо» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 200 китобу мақолаҳои илмӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни фармакология, аз ҷумла 32 дастуру тавсияи методӣ ва 4 дору – «Юнибет», «Фитобет», «Шираи ангурғӯра», «Шираи хушки ангурғӯра». Дар бисёр семинарҳои байналхалқӣ иштирок кардааст.
Ос.: Сравнительная характеристика антидиабетического действия герани холмовой и софоры японской. Известия АН РТ, Д., 1994; Динамика аллоксанового диабета при терапии сбором «Фитобет». Маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2004, № 6; Вклад Авиценны в развитии фармакологии и фармакотерапии. «Ворисони Сино», Д., 2007, № 8 – 9; Влияние плодов софоры японской на динамику течения экспериментального сахарного диабета. Маҷ. «Вестник

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …