Главная / Илм / ИСҲОЛИ ХУНИН

ИСҲОЛИ ХУНИН

isholi-khuninИСҲОЛИ ХУНИН (Dysenteria), дизентерия, шигеллез, бемории сироятӣ буда, бар асари шигеллаҳо пайдо мешавад. И. х. бо падидаҳои заҳролудӣ ва осеби рӯдаи ғафс ҷараён мегирад. Ангезаи И. х. ба ҷинси Shigella мансуб аст. Шигеллаҳо 4 намуд доранд:
Sh. dysenteria (бактерияҳои Григорев – Шиг, Штутсер – Шмитс ва Ларҷ – Сакс), Sh.flexneri, Sh.boydi ва Sh. sonnei.
Шигеллаҳо аз ҷиҳати морфологӣ ба ҳамдигар монанд мебошанд. Андозаи онҳо 0,3 – 0,6 × 1 – 3 мкм аст; ҳаракат намекунанд, спора ва капсула надоранд, дар муҳити ғизоӣ хуб рушд менамоянд. Шигеллаҳо ҳангоми таҷзия шудан, эндотоксин хориҷ карда, боиси заҳролудӣ мегарданд. Онҳо қобилияти ҳосил кардани экзотоксин низ доранд, мас., энтеротоксинҳо (тарашшӯҳи моеъ ва намакҳоро ба ҷавфи рӯда метезонанд), ситотоксин (ба мембранаи ҳуҷайраҳои эпителия осеб мерасонад). Бактерияҳои Григорев – Шиг дар баробари ин нейротоксин низ ҳосил менамоянд. Вобаста ба ҳарорат, намнокӣ, pH-и муҳит, намуд ва миқдори микроорганизмҳо бактерияҳои И. х. аз чанд соат то чанд моҳ зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ беҳтар мезиҳанд.
Бактерияҳои И. х. аз таъсири антибиотикҳо (тетрасиклинҳо, левомитсетин, ампитсиллин), доруҳои нитрофуранӣ ва бисептол маҳв мешаванд. Маводи гандзудо (гипохлоридҳо, хлораминҳо, лизол ва ғ.) шигеллаҳоро дар муддати чанд дақиқа нобуд месозад.
Манбаи сирояти ангезандаҳои И. х. одам аст. Хусусан ашхоси мубталои шаклҳои сабук ва ниҳонии И. х.-и шадид, ҳамчунин одамони гирифтори И. х.-и музмин хавфноканд. Чунин одамон худро солим ҳис карда, ба духтур намераванд. Вале онҳо паҳнкунандаи асосии бактерияҳоанд.
Ангезандаи И. х. ба воситаи ғизо, нӯшокиҳо (шир, компот, салат), об, дасти ифлос, бозичаҳо сироят менамояд. Дар паҳн кардани ангезандаи беморӣ мақоми магасҳо калон аст. Ба И. х. одамони синну соли гуногун, вале бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Маризӣ бештар моҳҳои июл – сент. хуруҷ меёбад.
Ба пайдоиши И. х.-и шадид токсемия таъсири калон мерасонад. Ангезандаҳо ба организми одам фақат аз даҳон дохил мешаванд. Онҳо дар роҳи болои узвҳои ҳозима зери таъсири шираи меъда ва флораи рӯда қисман маҳв мегарданд. Бактерияҳои зинда аз ин садди физиологӣ мегузаранд ва ба пайдоиши беморӣ мусоидат мекунанд. Онҳо сараввал ба рӯдаи борик дохил мешаванд ва меафзоянд.
Заҳре, ки бинобар таҷзияи бактерияҳо ихроҷ мегардад, ба хун мегузарад. Заҳр дар хун гардиш карда, ба узву бофтаҳо ва силсилаи асаб таъсир мерасонад. Дар натиҷа мариз табларза мекунад, ҳарорати бадан баланд, иштиҳо кам мешавад. Эндотоксин ба рагҳои девораи рӯда осеб мерасонад (ҳиперемия, варам, хуншорӣ). Шигеллаҳои зинда ба ҳуҷайраҳои рӯда мегузаранд ва дар онҳо меафзоянд. Онҳо ҳуҷайраҳоро маҳв карда, садди табиии луобпардаҳоро бартараф месозанд, барои ба узву бофтаҳо гузаштани заҳр роҳ мекушоянд. Дар натиҷаи афзоишу таҷзияи минбаъдаи шигеллаҳо миқдори заҳр (эндотоксин) дар рӯда ва хун зиёд мешавад. Мушакҳои суфтаи рӯдаи ғафс ташаннуҷ (спазм) меёбанд; ҳиперемия, ихтилоли гузарониши рагҳо, афзудани луобҳосилшавӣ, пайдоиши захм ба назар мерасанд, фаъолияти ҷаббандагии он халалдор мешавад. Нишонаҳои ҳамаи ин дард кардану тофтани шикам, дарунравӣ, қабзият, наҷосати хунолуд мебошанд.
Ҷиҳати хоси И. х. инкишофи дисбактериоз (тағйир ёфтани таносуби байни бактерияҳои муфиди рӯда ва намудҳои дигари бактерияҳо) аст. Дар рӯда афзоиш ёфтани бактерияҳои уфунӣ (пӯсишовар) ва диг. микробҳо боиси заҳролудии организм ва илтиҳоби луобпарда мегардад.
Ҳангоми И. х. дар баробари заҳролудии силсилаи асаб ва ихтилоли фаъолияти рӯдаҳо амали ғадудҳои аъзои ҳозима, ғадуди зери меъда, рӯда, ҳамчунин ҷигар хеле суст мегардад. Мубодилаи обу намак, карбогидратҳо, сафедаҳо, витаминҳо халал меёбад.
Ҳини И. х. тағйироти морфологӣ асосан дар қисми поёни рӯдаи ғафс рух менамояд. Раванди илтиҳобии хунрез (геморрагӣ) бисёр вақт дар дастгоҳи фоликулавӣ низ ба мушоҳида мерасад. Дар натиҷа баъзе қисмҳои луобпардаву фоликуллаҳо дучори некроз мегарданд. Бинобар ин, ярачаҳои гуногуншакл пайдо мешаванд, ки онҳо баъди шифо ёфтанашон карахш намебанданд. Дар ҷигар, миокард, ғадуди болои гурда ва гурдаҳо пурхунӣ, варам, тағйироти дистрофии ҳуҷайраҳо ба назар мерасанд. Чӣ қадаре, ки заҳролудӣ возеҳ бошад, фаъолияти узвҳо ҳамон қадар бештар халал меёбад.
Давраи ниҳонии И. х. 1 – 7 (бештар 2 – 3) рӯз аст. Беморӣ маъмулан ба таври шадид оғоз меёбад. Дар падидаҳои сарири (клиники)-и И. х. метавон ду алоим (синдром)-и асосиро фарқ кард: заҳролудии умумӣ ва иллати рӯдаи ғафс. Зуҳурот ва мӯҳлати пайдоиши онҳо як хел нест. Баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, камиштиҳоӣ, сардард, беҳолӣ, брадикардия (дилзании оҳиста), паст шудани фишори хун нишонаҳои заҳролудии умумӣ мебошанд. Онҳо метавонанд қабл аз аломатҳои ихтилоли рӯда ба вуҷуд оянд.
Нишонаи иллат ёфтани роҳи меъдаву рӯда дард кардани он аст. Аввал дард доимӣ ва суст буда, ба шикам паҳн мешавад; баъд он шиддат меёбад, ба зери шикам (бештар аз чап ё зери ноф, гоҳо аз рост) мегузарад. Дард, одатан, пеш аз қазои ҳоҷат авҷ мегирад. Дарди тобдиҳанда (тенезмаҳо) низ мавҷуд аст. Он аз мавзеи рӯдаи рост оғоз ёфта, ба чорбанд мегузарад. Дарди тобдиҳанда дар вақти қазои ҳоҷат ва 5 – 15 дақ. баъди он мушоҳида мешавад. Сабаби чунин дард илтиҳоби қисми ампулавии рӯдаи рост аст. Тоб додани шикам, зуд-зуд хоҳиши қазои ҳоҷат пайдо шудан, бисёр нишастан, эҳсоси нопуррагии қазои ҳоҷат ва ғ. далел бар осеби қисми канори (дистали)-и рӯдаи ғафс мебошад. Ҳангоми молидану зер кардани шикам, рӯдаи ғафс, хусусан мавзеи рӯдаи сигмашакл, дард мекунад. Наҷосати бемор якҷоя бо луобу хун меояд (одатан хун бо луоб омехта намешавад).
Вобаста ба аломатҳои болинӣ И. х.-ро ба чунин шаклҳо ҷудо кардан мумкин аст: шадид (муқаррарӣ ё колитӣ, ғайримуқаррарӣ ё гастроэнтероколитӣ, зерсарирӣ), музмин (такроршаванда, бардавом), носомони (дисфунксия)-и баъдидизентериявии рӯда.
Исҳоли хунини шадид. Шакли сабуки он дар 70 – 80%-и беморон мушоҳида мешавад. Вазъи мариз бад нест, ҳарорати бадан мӯътадил ё рӯзҳои аввал андаке баланд (37, 1 – 37,8°С) аст, шикам сахт дард намекунад ва тоб намедиҳад. Бемор дар як шаборӯз 3 – 5 (бисёраш 10) маротиба ба қазои ҳоҷат меравад; наҷосат омехта бо луобу хун аст. Чунин одамон бинобар солиму бардам будан, ба духтур муроҷиат намекунанд. Вале онҳоро зуд ошкор кардан лозим аст (бо роҳи пурсиш, муоина, тадқиқи бактериологии наҷосат), чунки ҳомили ангезандаи маризӣ мебошанд.
Дар аснои миёна будани дараҷаи вазнинии беморӣ (дар 20 – 25%-и маризон) саломатӣ табоҳ мегардад, шикам ва сар дард мекунад, табларза ба вуҷуд меояд, ҳарорати бадан баланд, хоб ва иштиҳо гум мешавад. Гоҳо аломатҳои заҳролудии умумӣ 12 – 24 соат қабл аз оғози носомониҳои рӯда падид меоянд. Бисёр беморон 2 – 5 соат пештар аз оғози беморӣ зуд-зуд (дар як шаборӯз то 10 маротиба) ба қазои ҳоҷат мераванд; наҷосат обакӣ буда, бо луобу хун меояд, шикам сахт тоб медиҳад; забон хушк аст (онро ҳалолати хокистарранг мепӯшад), рӯдаи ғафс дард мекунад.
Дар мавриди вазнин будани беморӣ (дар 3 – 5%-и беморон) ҳарорат ба 39 – 40°С (ва зиёдтар) мерасад; шахс тасф мекунад ё баръакс, хунук мехӯрад, беҳол мешавад, ҳаракат карда наметавонад. Иштиҳо батамом нест шуда, ранги рӯй мепарад, набз тез, фишори шараён паст мегардад. Бемор дар як шаборӯз 30 – 50 маротиба қазои ҳоҷат мекунад, гоҳо дар ҷои хоб дарун меравад.
Шакли ғайримуқаррарии И. х.-и шадид чун гастроэнтерит ё гастроэнтероколит ҷараён мегирад. Бештар ҳангоми сироят ёфтан аз шигеллаҳои Зонн ба назар мерасад. Бемор табу тасф мекунад (38 – 39°С), дилбеҳузурӣ ва қай пайдо мешавад, дарун меравад (наҷосати луобу хунолуд).
Шакли зерсарири (субклиники)-и И. х. бидуни аломатҳои заҳролудӣ ва носомониҳои возеҳи рӯда пайдо мешавад. Ин тарзи И. х.-ро, одатан, зимни санҷиши бактериологӣ аз рӯи маълумоти эпидемиологӣ муқаррар мекунанд. Чунин ашхос ба назар «солим» менамоянд, аммо дар сурати муоинаи аниқ, дар онҳо нишонаҳои И. х.-ро ошкор кардан мумкин аст.
Исҳоли хунини музмин. Баъди 2 моҳи аз беморхона баромадани мариз (гоҳо баъди 6 моҳ) хуруҷ мекунад. Ба ҷараёни музмин касб кардани И. х. омилҳое мусоидат менамоянд, ки боиси заъфи муқовамати организм ва тағйири қобилияти вокунишӣ (реактивият) мегарданд, мас., бемориҳои дигар, камхӯрокӣ, ғизои камвитамин, ихтилоли фаъолияти тарашшӯҳии меъдаву рӯда, дер ба беморхона овардани мариз, муолиҷаи нодуруст ва ғ. Дар натиҷа захми рӯда дер шифо меёбад, фаъолияти рӯда ва ҷигар муддати зиёд суст мешавад.
И. х.-и музмин гоҳо хусусияти такроршавӣ дорад. Он баъзан хуруҷ мекунад, гоҳо муддати зиёд аз худ дарак намедиҳад. Чунин беморон хиратабъ буда, зуд ба хашм меоянд, бехобӣ мекашанд, шикамашон дард мекунад, хароб мешаванд. Хуруҷ ва ҷараёни бемории мазкур, одатан, ба мисли И. х.-и шадид аст. Баъди 2 – 3 ҳафта мариз офият меёбад. Сабаби дарунравии беист ҳамеша осеби амиқи роҳи меъдаву рӯда нест. Он бинобар ихтилоли фаъолияти диг. узвҳои ҳозима – ғадуди зери меъда ва талхадон низ инкишоф меёбад. Хусусияти асосии такрорёбии И. х.-и музмин якбора ба мушоҳида нарасидани заҳролудӣ ва аксуламали вараҷавии онҳо аст. Дар байни давраҳои офиятёбӣ ҳолати бемор хуб мебошад, ӯ қобили кор аст, вале фаъолияти рӯдаҳо номураттабанд.
И. х.-и музмин гоҳо беист ҷараён мегирад, бемор аз дамиши шикам, зуд-зуд қазои ҳоҷат кардан (наҷосат бо луоб омехта меояд), беиштиҳоӣ шикоят мекунад. Аз ҳад зиёд хароб шудан, гиповитаминоз ва обварами бесафеда мумкин аст бо фавти мариз анҷом пазиранд.
Фарҷоми И. х. ба синну соли мариз, дараҷаи вазнинӣ, амрози ҳамроҳшуда, оризаҳо ва мӯҳлати оғози муолиҷа вобаста аст. Умуман, онро метавон бемории некфарҷом шумурд.
И. х.-ро дар асоси аломатҳои болинӣ ташхис мекунанд. Дар ин маврид шаклҳои ғайримуқаррарӣ ва ниҳонии онро низ набояд фаромӯш кард. Хоса пурсиши мариз, дар наҷосат вуҷуд доштани луобу хун, маълумоти эпидемиологӣ муҳиманд.
Санҷиши бактериологии наҷосат имкон медиҳад, ки ба кишти ангезандаҳои И. х. ноил гардем. Кишти ангезандаҳо усули нисбатан саҳеҳи ташхис аст. Барои санҷиш наҷосати беморро (то антибиотик таъйин кардан) дар муҳитҳои Плоскирев, Мюллер ва селенитӣ нигоҳ медоранд. Ҳарор. термостат бояд 37°С ва мӯҳлати нигаҳдошт 24 соат бошад. Дар мавриди мусбат будани маълумот микробҳои (колонияҳои) беранг месабзанд (минбаъд хусусиятҳои биохимиявӣ ва ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳо санҷида хоҳад шуд). Усули тадқиқи копрологии наҷосат низ муҳим аст. Ҳангоми он дар таркиби ахлот луоб, фасод, хун ва дар таркиби молишак (мазок) ҳуҷайраҳои рашҳ (экссудат)-и илтиҳоби (лейкоситҳо, эритроситҳо)-ро ошкор сохтан мумкин аст.
Санҷиши ректороманоскопии луобпардаи рӯдаи рост (сигмашакл) имкон медиҳад, ки тарзи тағйироти илтиҳобии қисми канори (дистали)-и рӯда муайян карда шаванд. Усули мазкур барои муқаррар сохтани дигар бемориҳои рӯда – саратони рӯдаи рост, полипоз, бавосир низ муфид аст.
Вокуниши аллергӣ (санҷиши Суверкалов) ба ҷумлаи он усулҳои ташхисе мансуб аст, ки тавассути дизентерин амалӣ гардонда мешавад. Доруро (0,1 мл) ба зери пӯсти соид мефиристанд. Натиҷаи санҷиш баъди 24 соат муқаррар карда мешавад. Мавҷудияти пайсаву сурхлаккаҳо (папулаю эритема)-и диаметрашон 10 × 20 мм далел ба аксуламали мусбати суст (+), аз 20 то 35 мм – мусбат (++) ва аз 35 мм калон – мусбати шадид (+++) мебошад. Ба андозаи 10 – 15 мм сурх гаштани пӯст ва набудани пайсаҳо аломати манфӣ маҳсуб мешавад. Истифодаи усули мазкур дар мавриди бемории сил, бемориҳои аллергӣ, амрози вирусии роҳи нафас, лоғарӣ ҷоиз нест.
Усули серологи (вокуниши агглютинатсия)-ро, ки барои дар зардоби хуни мариз ошкор сохтани подтанҳои махсус истифода мешавад, дар ҳафтаи 2 – 3 беморӣ кор мефармоянд. Солиёни охир бештар аз вокуниши гемагглютинатсияи ғайримустақим (РНГА) истифода мебаранд. Ба натиҷаҳои мусбати РНГА аз рӯзи 5-уми беморӣ метавон ноил гашт. Ҳафтаи дуюм титри подтанҳо (антителаҳо) афзуда, аз ҳафтаҳои 4 – 5 рӯ ба камшавӣ мениҳанд. Титри ақалли (камтарин)-и ташхисии РНГА 1:200 аст.
Ташхиси тафриқи (дифференсиали)-и И. х.-ро бояд ба нисбати салмонеллёз, эшерихиозҳо, заҳролудӣ аз ғизо, вабо, амёбиаз, балантидиаз, лямблиоз, трихомониази рӯда, баъзе гелминтозҳо, кандидоз гузаронд. Аломатҳои заҳролудӣ аз занбӯруғҳо, намаки металлҳои вазнин, колит, сили рӯда, энтероколити музмин ва колити захмӣ ба нишонаҳои И. х. монанд мебошанд. Гоҳо зарурати аз бемориҳои шадиди ҷарроҳиталаб – аппендитсити шадид, суддати (тромбози) рагҳои масориқаӣ (мезентериявӣ), баста шудани рӯда, ҳамчунин аз бемориҳои шадиди гинекологӣ (ҳомилагии хориҷибачадонӣ, аднексит, пелвеоперитонит) фарқ кардани И. х. пеш меояд. Маълумоти аниқ ва муоинаи дақиқонаи бемор баҳри саривақт ва дуруст ошкор кардани И. х. шароити мусоид фароҳам меовард.
И. х.-ро ба таври комплексӣ табобат кардан лозим аст. Аз доруҳое, ки ба ангезандаи беморӣ таъсир мерасонанд, антибиотикҳо ва давоҷоти сулфаниламидӣ муфид мебошанд. Доруҳои мазкурро фақат баъди муқаррар кардани ҳассосияти ангезандаи И. х. кор фармудан мумкин аст. Аз сулфаниламидҳо он доруҳоеро таъин мекунанд, ки аз рӯда ба хун нағз ҷаббида намешаванд (фталазол, сулгин). Хоса якҷоя истифода бурдани антибиотикҳои гуногун, антибиотикҳо бо сулфаниламидҳо нафъ дорад; истифодаи муштараки антибиотикҳои қатори тетрасиклинӣ ё левомисетин бо фталазол ё сулгин низ натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Муолиҷаи И. х.-и музмин бояд дуру дароз ва зина ба зина бошад. Доруҳои химиявиро фақат дар мавриди такрор шудани беморӣ ё хуруҷи он кор мефармоянд. Муолиҷаи зидди бактериявӣ бояд аз 7 рӯз кам идома наёбад ва якҷоя бо ваксинотерапия ё истифодаи васоити муқаввӣ гузаронидани хун, плазма, гаммаглобулин, иммуноген ва доруҳои дигар), витаминшифоӣ ва физиотерапия сурат гирад.
Беморони И. х. бояд ба парҳез дуру дароз риоя кунанд. Дар мавриди тӯл кашидани беморӣ ва зуд шифо наёфтани захми луобпардаи рӯда истифодаи гормонҳои анаболӣ нафъ дорад.
Саривақт ошкор сохтан ва дар беморхона бистарӣ кардани мариз, гандзудои (дезинфексия)-и утоқи хоби бемор, назорати ҷиддии манбаъҳои об, муассисаҳои хӯрокворӣ, нест кардани магасҳо, гандзудоии наҷосат аз ҷумлаи тадбирҳои асосии пешгирии И. х. мебошанд. Ошкор кардани беморони И. х.-и музмин, ҳомилони бактерия ва дар муассисаҳои хӯрокворӣ ба кор роҳ надодани онҳо муҳим аст.
Одамони шифоёфтаро аз беморхона баъди се натиҷаи манфии санҷиши бактериологии наҷосат ҷавоб медиҳанд. Агар онҳо дар муассисаҳои хӯрокворӣ кор кунанд, ё робита дошта бошанд, пас панҷ натиҷаи манфии санҷиши бактериологии наҷосат зарур аст.
Баъди аз беморхона баромадан, маризро барои мушоҳидаи диспансерӣ ба кабинети бемориҳои сироятӣ мефиристанд. Кормандони муассисаҳои хӯрокворӣ ва ашхоси касбу корашон ба онҳо монанд, баъди аз беморхона баромадан, 5 рӯз ба кор роҳ дода намешаванд. Дар ин муддат ду маротиба санҷиши бактериологии наҷосат ва як маротиба тадқиқи копрологӣ гузаронда хоҳад шуд. Баъди ба кор баромадан, чунин ашхос 6 моҳ (одамоне, ки бемори И. х.-и музмин буданд 9 моҳ) зери назорати диспансерӣ қарор мегиранд.

Э. Р. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …