Главная / Илм / ИСҲОЛ

ИСҲОЛ

isholИСҲОЛ (Diarrhoea), дарунравӣ, ихроҷи зиёди наҷосати обакии рӯда. И. аксуламал (реаксия)-и муҳофизӣ буда, ҳангоми он аз организм моддаҳои заҳрнок, микроорганизмҳои бемориовар, луоб, маҳсули пӯсиш, баъзе доруҳо хориҷ мешаванд. И. аломати диг. бемориҳо мебошад. Бемориҳои шадиди сироятӣ, мас., исҳоли хунин, тифи шикам, паратифҳо, вабо, заҳролудӣ аз хӯрок, газаки музмини рӯда (энтероколити музмин, колит), решмарази рӯда ва ғ. ба пайдоиши И. мусоидат мекунанд.
Ихтилоли ҳазми хӯрок дар роҳи болоии меъдаю рӯда (ҷудо нашудани шираи меъда, нарасидани шираи ғадуди зери меъда ва талха, ихтилоли ҷаббиш дар рӯдаи борик) боиси носомонии қазои ҳоҷат мегарданд. И. метавонад аз ихтилоли кори асаб, шӯри эҳсосот, бим, изтироб ва ғ. низ ба вуҷуд ояд. Ба мизоҷ мувофиқат накардани баъзе хӯрокҳо (шир, тухм, сабзавот, мева) боиси ихтилоли кори рӯда мегарданд. Дар аснои заҳролудӣ аз рангу бор, маҳлулҳо, пестисидҳо, доруҳо низ И. ба амал меояд.
Сабаби пайдоиши И.-ро фақат дар асоси маълумоти лабораторӣ, бактериологӣ, тадқиқоти рентгенологӣ ва эндоскопӣ муайян кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳангоми И. ба духтури бемориҳои сироятӣ муроҷиат кардан зарур аст. Ба духтур муфассал баён кардани аломатҳои беморӣ – исҳол (чанд маротиба мариз маҷбур аст, ки ба ҳоҷатхона равад), пайдоиши ҳисси дард зимни қазои ҳоҷат, ранг, бӯй ва ғилзати наҷосат хеле муҳим аст. Ба наҷас омехта шудани луоб ва хун барои ташхис аҳамияти калон дорад; ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки хун ба наҷосат омехта, луоб хунолуд, лахтаи хун сиёҳчатоб аст ё не. Агар И. такрор шавад, бояд аниқ намуд, ки кадом омилҳо ба он мусоидат мекунанд (хӯрокворӣ, дору, вазъи рӯҳию эҳсосот ва ғ.).
Бисёр одамон ба беморхонаи амрози сироятӣ бистарӣ шуданро нахоста, ба духтур муроҷиат намекунанд. Чунин ақида нодуруст аст, чунки аз як тараф дар дохили беморхона сироят ёфтан номумкин аст, аз диг. тараф – фақат шахсонеро ба беморхона ҷойгир мекунанд, ки онҳо барои атрофиён манбаи сироят бошанд ё аз сабаби бад будани саломатӣ ба ёрии духтурони беморхона мӯҳтоҷанд. Масъалаи дар беморхона табобат кардани беморро фақат духтур ҳал мекунад. То ташхиси беморӣ маризро ба қадри имкон аз диг. аъзои оила ҷудо карда, дар хонаи алоҳида ҷой медиҳанд, ба ӯ коса, пиёла, табақ, қошуқ ва сачоқи алоҳида ҷудо мекунанд; дастаки дарро бо маҳлули гандзудо ҳар замон пок карда меистанд. Беморони И. бояд хӯроки серравған, тунду тез, шир, сабзавот ва меваро кам истеъмол намоянд. Худмуолиҷа, хусусан беназорат истеъмол кардани антибиотикҳои гуногун норавост. Зеро онҳо зуҳури клиникии бемориро тағйир дода, дуруст ташхис кардани онро душвор мегардонанд, аксуламалҳои гуногуни номатлубро ба вуҷуд меоваранд ё касалиро музмин менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …