Главная / Гуногун / ИШҚ ВА НАФРАТ

ИШҚ ВА НАФРАТ

Имрўз кишвари мо дар як марҳилаи пурвоқиа ва ояндасозу некфарҷом қарор дорад. Ин айём тақозо мекунад, ки адибон дар сафи пеш бошанд. Ва бисёр хуб аст, ки адибон аз ин тақозои давр барканор набуда, розу ниёз ва орзуву ормонҳои халқро ба риштаи назму наср мекашанд. Зиёда аз ин боиси ифтихор ва хушнудист, ки ҳар сол бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз шаст номгўй китоб ба табъ расида, пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ мегардад. Инак, дар дасти банда китоби Мирзо Файзалӣ “Шов-шови мардум”, ки соли ҷорӣ бо теъдоди ҳазор нусха рўи чопро дид.

Мирзо Файзалӣ!

Ин ному насаб ба ҳама шинос аст.

Гўё ҳамин дирўзакак буд, ки Мирзо Файзалӣ қалам ба даст гирифта, ба майдони адабиёт ворид гардид. Аммо чун ба гузашта менигарем, мебинем, ки аз байн чил сол сипарӣ гардидааст.

Чил сол!

Кам аст ё зиёд?!

Дар назди таърих, албатта, хеле кам аст. Аммо барои шоире, ки “қатрае аз хуни ҷигар кам” карда эҷод кардааст хеле ва хеле бисёр аст. Мирзо Файзалӣ бо маҷмўаи “Шери тағош” шерона қадам монда, маҷмўаҳои зиёди назмиву насри офарида, пешкаши хонандагон намуд. Раҳи шоирӣ на танҳо ҳамвор нест, балки хатарнок ҳам ҳаст. Заҳмат, машаққат ва ҷустуҷўро талаб мекунад.

Имрўз Мирзо Файзалӣ дар адабиёти тоҷик ҳамчун адиби ҳаҷвнигор шинохта мешавад. Ин жанр на танҳо истеъдод, балки ҷасоратро ҳам талаб мекунад. Зеро ҳаҷв ин гапи рост, танқид аст. Ба кӣ танқид форидааст? Худи шоир ҳам иқрор мешавад:

          “Гаҳе ҳаҷви маро танқид гуфтанд,

          Ба авзои замона зид гуфтанд”.

Аз ин рў ҳаҷв кори шоири шердилу ҷигардор аст. Худи ҳамин далел гувоҳӣ медиҳад, ки шоир ба тақдири ватанаш бетараф нест. Боз муҳим он аст, ки Мирзо Файзалӣ то кунун ба ин жанри адабиёт содиқ мондааст.

Дар китоби “Шов-шови мардум” беҳтарин ашъори ҳаҷвиаш, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, гирд омадаанд. Маҷмўа бо унвони шеъри “Бузурге ғайри халқи худ надорам” оғоз мешавад, ки ба пиндори мо рамзист. Ин шеър як навъ арзи садоқат ва эҳтирому сипосгузории шоир ба халқаш аст.

          “Ба ҳаҷвам нафъ бар халқам расонам,

          На маддоҳи ду-се тан нокасонам.

          Бузурге ғайри халқи худ надорам,

          “Манам аз халқ, халқ аз ман!” шиорам”.

Бале, ў ҳуқуқ дорад бигўяд: “Манам аз халқ, халқ аз ман!”. Зеро шоир бо заҳмати тоқатфарсо, вале ҳалол пояҳои баланди эҷодиро фатҳ кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Мирзо Файзалӣ шоири рўз ва рўзгори худ буда, хеле ҳассосу дардошно мебошад. Печидагиҳои ҳаётро дарк мекунад, дар онҳо фурў меравад ва дард мекашад. Аз ин рў ҳаҷви ў лутфу зарбу оҳанги махсус дорад. Ва ин аз ишқи дили ў, аз муҳаббати модар ва меҳри ватан сарчашма мегирад.

          “Сухан аз донишу фарҳанг гуфтам,

          Зи хайри сулҳу шарри ҷанг гуфтам.

          Сухан аз дўстӣ, ваҳдат бигуфтам,

          Зи шаъну шавкати миллат бигуфтам.

          Сухан аз арзиши олам бигуфтам,

          Зи қадру қимати одам бигуфтам”.

Ин шеъри самимӣ гувоҳи он аст, ки зиндагӣ барои Мирзо Файзалӣ як саҳнаи воқиаҳо ва рўйдодҳо мебошад. Ва чӣ метавон кард, ки дар ин саҳна падидаҳои носолиму носавоб ва зараровар хеле зиёданд. Ва шоир ба сўз мегўяд:

          “Ба ҳар ҷо гул бирўяд, хор ҳам ҳаст,

          Куҷо ганҷ аст, он ҷо мор ҳам ҳаст”.

Боиси хушнудист, ки Мирзо Файзалӣ ба рўйдоду ҳодисаҳои зиндагӣ назари бетафовут надорад. Ба ҳама гуна зуҳуроти носолим, нопокону риёкорон, чоплусону мансабталошон, ҳасуду порахурон, кинаву адоват ва хашму ғазаб созиш намекунад.

          “Ба тундӣ ҳаҷв кардам сарваронро,

          Ҳасуду порахўр, бадгавҳаронро.

          Бахилу беадабро карда коҳиш,

          Накардам ҳеҷ бо ин турфа созиш”.

Ишқ ва нафрат!

Ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Боз мегўянд, ки аз ишқ то нафрат як ваҷаб аст. Ишқу нафрати Мирзо Файзалӣ бошад, паҳлўи ҳаманд. Шоир ба Меҳани худ муҳаббат дорад ва ба ҳамон андоза нисбат ба душманон нафрат дорад. Ў намехоҳад, ки душманон сар боло кунанд ва донишу суннату санъатро аз худ карда, меҳру ихлос ва сабру тамкинро, ки асрҳо хоси миллати тоҷик буду бо он ифтихор доштанд, аз байн бубаранд.

Шеърҳои Мирзо Файзалӣ дар назари аввал хеле равону содда менамоянд. Чун ба умқи онҳо фурў меравӣ, дармеёбӣ ки шеърҳои ў рўҳу равони инқилобӣ доранд. Ҳар шеъри ў марҳамест, ки ба захми дўстон мерасад ва ханҷарест, ки дили душманонро мешикофад. Барҳақ ақлу ҳисси аҳли ҷомеаро ба бозсозӣ, ба такони бузурги инқилоби фикрӣ раҳнамо мешаванд.

Дар шеърҳои Мирзо Файзалӣ тазодҳои зиндагӣ мақоми воло, нақши хоса дорад. “Тоҷикам ман!” – гуфта ифтихор мекунем. Вале амалу рафторамон тамоман дигар аст. Шеъри “Эътироз” далели қатъиест дар нисбати ҳукми мазкур.

   “Ватан ҳасту замин ҳасту ба мо аммо фаросат нест,

   Ҳукумат ҳаст, девон ҳаст, лек аз мо итоат нест”.

Гузашта аз он баъзеҳо аз ифодаи “фарҳанг” ҳазар мекунанд, онро чун як мафҳуми қариб бемаънӣ чандон ба инобат намегиранд. Зиёда аз ин, ба идроки эшон, пул бошад, фарҳангро харидан мумкин. Чунин пиндошт, албатта, як дарёфти пуч асту бас! Ва оқибати он нек нахоҳад буд. Ва Мирзо Файзалӣ хушдор медиҳад, ки киштаат ҷав бошад, ҷав медаравӣ, гандум бошад, боз ҳамон гандум. Ин ҳама ҳиссиёту андешаҳо дар либоси бадеӣ арзи вуҷуд мекунанд. Яке аз шеърҳои маҷмўа, ки “Сухани дардолуд” ном дорад, ба ин гуфтаҳо гувоҳ шуда метавонад. Дар ин шеър ақли солим ва рўҳи инсёнкор нидо мекунад, ки ба кохи бузурги фарҳанг, ки тайи ҳазорсолаҳо бо хуни дил пайрезӣ шудааст, хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ин шеър бо шеваи таассуфу дард, хитобу ҳушдор ва дилсўзона ба қалам омадааст:

          “То замонро майл бар фарҳанг нест,

          Қалбҳоро тозагӣ аз занг нест,

          Бар ҷавонон кайф ҷуз аз банг нест,

          Ҳеҷ парвое ба ному нанг нест,

          Зиндагониро дигар оҳанг нест”.

Ин мавзўъро идома дода, дар шеъри “Шов-шови мардум” расму оинҳои бофтаю сохтаро мазаммат карда мегўяд:

                    “Як расму оини нав

                    Афзуд дар Тоҷикистон,

                    Қатори арўсталбон,

                    Ҷорӣ шуд раисталбон”.

Мисраъҳои поён низ ба ҳамин маънӣ далолат мекунанд:

                    “Не оҳангаш дилнишин,

                    Не матни шеъраш ҳалол,

                    Лекин сарояндаро

                    Унвон – “Ситораи сол”.

                              *       *       *

                    “Ҳарчанд буд мушкил,

                    Аз роҳи худ нагаштем,

                    Мо дар баландии нарх

                    Аз Амрико гузаштем!”

Бад-ин минвол, рўҳи замона ва дарки тозаи ҳақиқати воқеӣ ғолибан ашъори маҷмўаи “Шов-шови мардум”-ро фаро гирифтааст.

4

Лоиқи таъкид аст, ки дар ашъори Мирзо Файзалӣ бузургдошти сухан мақому мавқеи хоса дорад. Шоири ҳассосу ватандўст ҳифзу эҳтиром ва поку беолоиш нигоҳ доштани суханро фарз медонад ва ҳастии муқобилони онро на дар бақои онҳо, балки дар фанопазирӣ мебинад. Ва амри дили худро бо ин мисраҳо рўшан менамояд:

         “Сухан ҷон аст, ҷон нақди илоҳист,

         Сухан гар хор шуд, рамзи табоҳист.

         Намебояд суханро хор кардан,

         Нисори як-ду-се пулдор кардан”.

Бале, солҳои охир мардум рў ба молу сарват оварда, қадру қимати инсон коҳиш ёфт, касодии маънавӣ рў зад. Суханвар беэътибор ва сухан хор гардид. Шоир дар ин падидаҳои номатлуб пеш аз ҳама тамаъҷўёнро гунаҳгор медонад. Ин тамаъҷўёни бе шаъну шарафро ба ҷуз нафъи худ дигар ҳадафе нест. Ҳарчанд дар сина кина мепарваранд, забонашон дар мадҳ булбул мегардад.

          “Тамаъҷўён суханро хор созанд,

          Маҳи беайб аз маккор созанд.

          Зи садри порахору дузду ғофил

          Тарошанд одами бофаҳму оқил”.

Баъзе ашхоси дигар худро султони иқлими сухан медонанд. Бо сари баланду забони дароз чунон рафтор мекунанд, ки гўё Рўдакии сонӣ бошанд. Ин падидаи номатлуб шоирро сахт ба ташвиш овардааст ва дар шеъри “Кори ҳар буз нест хирман кўфтан” зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Шеъри “Қолабӣ” давоми мантиқии шеъри боло мебошад. Дар он шоир симои чунин ашхосро хеле ҳаққонӣ ба риштаи тасвир кашидааст:

       “Гоҳ шоир, гоҳ носир,

       Гаҳ мунаққид,

       Гоҳи дигар публисист.

       Бо чароғи барқ кобӣ,

       Дар вуҷудаш заррае аз ҷавҳари аслии

                                        шеъру шоирӣ чизе наёбӣ,

       Дар ҳақиқат ин худодӣ дар ў нест…

       Шеърҳои қолабиаш тахта-тахта,

       Аксари ашъори ўро нест сакта,

       Лек ҳамчун хиштҳои лоини дар кўраи

                                                               оташ напўхта,

       Нест эҳсосе дар онҳо,

       Сўзи қалби поку ҳассосе дар онҳо…”.

Вале шоир бо ин мисраъҳо қаноат накардааст. Ҳукми одилонаю оқилонаи айёмро хеле моҳирона бо либоси назм оростааст:

       “Зинда аст ў,

       Лек ашъораш саросар

                                     бе ҷаноза, бе кафан,

       Дар миёни ҷилдҳои касмахон,

                          мурдаю пўсида мехобанд дар гўри сухан”.

Ҳаққо, ки аз ин росттар сухане нест!

5

Шоир масъулияти мансабдоронро дар назди ҷомиа ва мардум басо бузург мешуморад. Дар баробари ин худнамоиву ғафлатгароӣ, бетафовутию бепарвоӣ, ришвахорию шиорбозии бархе аз онҳоро зери тозиёнаи мазаммат мегирад. Шоир асоси сифатҳои манфии онҳоро дар нафси саркаш мебинад, ки воқеан сабаби бадбахтиҳои зиёди мардуми мост. Қайд мекунад, ки нафсу мансаб дар ҳама давру замон бо ҳам пайванд будааст. Ва онро аждаҳои ҷисму ҷон хондааст. Нафси бад инсонро ба касифӣ мебарад. Танҳо имон метавонад инсонро аз нафси бад раҳоӣ бахшад.

Аммо, чӣ мегўед, ки барои курсии мансаб шуда, шаъну шарафи худро паст мезананд ва ҳатто имонро ҳам мефурўшанд. Ин андеша дар шеъри “Гоҷ” хеле боварибахш тасвир мегардад:

     “Мансаб гирифт гоҷе ҳай “Урра! Урра!” гуфта,

     Мансабдиҳандаҳоро “арбобу тўра” гуфта.

     Сад бор пеши сардор ў кард чоплусӣ:

     “Ту аспи қўразебӣ, ин банда курра” гуфта.

     Ҳар гоҳ пайташ омад, зад бар раис хушомад:

     “Ту меваи расида, моем ғўра” гуфта.

     Дар пои ҳар амалдор афканд хешро зор,

     “Шатранҷи зиндагиро эшон фигура” гуфта.

     Барбоси хўҷаинро бар сайри кўча бурда,

     Мекард фахри беҳад “мо ҳарду ҷўра” гуфта”.

Мазомине, ки дар боло тазаккур додем, дар шеърҳои “Тавону дар намон”, “Худхоҳ”, “Мансабэҳтиром”, “Беҳурматӣ”, “Кундфаҳм”, “Афсонаи нав”, “Дар талоши мансаб”, “Нокас” ва амсоли ин низ инъикос ёфта, як навъ ранги мушаххас гирифтаанд.

Чунин ашхос мансабро харида, якбора хулқу атвораш дигар мешавад. Масти мансаб “даҳ дарбеҳи эзораш”-ро аз ёд бурда, худро фозил мешуморад. Карру фарраш ба сад шутур бори гарон мегардад. Дар порагирӣ буққаи мастро мемонад. Бо ҳилаю найранг молу сарвати беҳисоб ҷамъ меоварад. Вале бар хилофи пиндошти худ, бо сеҳри қалами шоир хандахариш ва касиф мегардад.

     “З-ин ҳама бар ў насиба ҷуз азоби гўр нест”.

6

Агар бигўем, ки асрори ҳама нокомиҳо ва бадбахтиҳои мо дар ашъори Мирзо Файзалӣ нуҳуфтааст, зиёдаравӣ нахоҳем кард. Бале, хидмати шоир дар таҳқиқи бадеии дардҳои ҷомеа бағоят бузург аст. Муҳимтар аз он шеърҳо равону нишонрас ва ҳамеша фикри шоир, матлаби ў мўъҷаз ва аниқу равшан иброз мегардад. Ба ин сатрҳои Мирзо Файзалӣ таваҷҷўҳ фармоед:

          “Умри мо бо маҷлису лақ-лақ гузашт,

          Бо ҳаёҳу, қарсаку вақ-вақ гузашт.

          Аз қафои чанд тан ҳангомаҷў,

          Бо шиору урраю байрақ гузашт”.

                               *       *       *

    “Шаҳру деҳ пур шуд зи аҳли доктору номзад,

    Нест аммо тоҷиконро як нафар кайҳоннавард.

    Кори илмӣ бингарӣ – “Ҷунбидани боли малах”,

    Ё “Чаро фасли зимистон ях бубандад оби сард”.

                               *       *       *

          “Зиёӣ – ганҷи тиллоии миллат!”,

          Валекин бенаво, бехона бошад.

          Замона ин суханҳо кард исбот:

          “Макони ганҷ дар вайрона бошад”.

                               *       *       *

          “Тоҷирам, найрангу ҷоду мекунам,

          Чашмбандӣ бо тарозу мекунам.

          Ин тарозу роҳати ҷони ман аст,

          Давр ронам, то ба фармони ман аст”.

                               *       *       *

    “Дар гулистони маъонӣ зоғҳо қар-қар кунанд,

    Андалеби хушнаво аз эътибор афтодааст”.

Аслан ин сатрҳо ба шарҳу баён ё тафсир эҳтиёҷ надоранд. Чунон, ки худи шоир гуфта:

          “Ба доно як ишорат” халқ гуфта,

          Гумонам, нест ҳоҷат бар дигар ҳарф”.

7

Яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти Мирзо Файзалиро нақиза ташкил медиҳад. Бо боварӣ гуфта метавон, ки ў дар ҷумҳурӣ ягона шоирест, ки ба ин жанр ҷиддӣ машғул аст. Дар ин китоб чилу нўҳ нақизаи шоир ба табъ расидааст. Мирзо Файзалӣ ба шоирон ихлосу меҳру муҳаббати бекарон дорад. Онҳоро аз дилу ҷон дўст медорад. Ифодаи ин эҳсосот дар нақизаҳояш хеле самимона ва барҷаста сурат гирифта, ба дилу шуури хонанда таъсири амиқ мегузорад. Вай ба ашъори як зумра шоирони мо, мисли Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Ашўр Сафар, Қутбӣ Киром, Камол Насрулло, Сайидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Алӣ Бобоҷон, Маҳмадалишо Ҳайдаршо, Юсуф Аҳмадзода, Бобо Ҳоҷӣ нақиза гуфтааст. Дарвоқеъ, ин масъала бояд яке аз мавзўъҳои асосии рўз қарор гирад. Зеро бе якдигарро дўст доштану эҳтиром гузоштан ба ҷое расидан, тинҷу осоишта зиндагӣ кардан муҳол аст. Танҳо нақизаи “Қарз”-ро пешкаши хонанда мекунам:

                                  “Ба ту ман қарз хоҳам дод ҷавониро,

                                  Ба уммеде, ки баргардонӣ бозаш.

                                                                                           Лоиқ.

            Ба наздам омадӣ бо қомати хам,

            Диҳам то ки ҷавонӣ қарз бар ту.

            Бигир онро, забонхат нест лозим,

            Ҷавонӣ, ҷони ман, моҳона не-ку?!

            Вале, дониста мон, дар вақти пирӣ

            Ҷавониям ба кор ояд бароям.

            Асо бар даст, ман бар хонаи ту

            Варо вопас гирифтан мебиёям.

Ҳарчанд, ки сухан рўирост ва бепарда гуфта шудааст, касро водор месозад, ба зиндагии худ ба чашми андеша, бо нигоҳи худшиносӣ нигоҳ кунад.

Модом ки гап аз хусуси нақиза рафт, бо таассуф қайд карданиам, ки нақизаҳои Мирзо Файзалӣ аз тарафи мунаққидони адабиётамон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд.

Танҳо адабиётшинос Саломи Нуриёни Баравнӣ дар як мақолааш нисбати нақизаҳои шоир фикру мулоҳизаҳояшро баён кардаасту халос.

8

Дар маҷмўаи “Шов-шови мардум”, асосан, шеърҳои хуб гирд оварда шудааст. Вале шеърҳое ҳам вомехўранд, ки шоистаи он нестанд, ки ба ин маҷмўа гирд оварда, ба хонанда пешкаш мешуданд. Чунончи, шеърҳои “Арзи чанбаршох”, “Бечора мурғонем мо”, “Азоби хонашинӣ”, “Таксисаворӣ”, мутаассифона, кўҳна шуда, ҷавобгўи талаботи имрўза нестанд. Инчунин, дар баъзе шеърҳо норасоиҳои ҷузъӣ низ ба назар мерасанд. Чунончи, шеърҳои “Аз Макка ҳоҷӣ омад”, “Тақсими кўмак”, “Дурўя”, бо вуҷуди дорои мавзўи муҳим буданашон, баланду пастиҳои зиёде доранд. Онҳоро аз ҳисоби баъзе такрорҳо ихтисор кардан мумкин буд.

Мирзо Файзалӣ шоирест, ки пайваста барои пешрафти сифати шеъраш мекўшад. Ва ин байт гувоҳи он аст, ки Мирзо Файзалӣ аз шоирӣ тамаъ наҷустааст ва даъвое надорад:

          “Манам аз шоирони байни мардум,

          Худаш донад қиёси ҷав зи гандум.

          Хати эҷоди ман гуфтори халқ аст,

          Баёни лутфи шаккарбори халқ аст”.

Барҳақ, китоби “Шов-шови мардум” хеле хушмўҳтаво буда, сазовори мутолиа ва таҳаммулу андеша мебошад. Зеро хонанда сурату сирати душманонро аз оинаи таҳқиқ дармеёбад. Сониян, мебояд қайд намуд, ки ин ба хонанда ҳам дарси ибрат мегардад. Чӣ хубу нишонрас гуфта Мирзо Бедил:

          “То чашм ба ибрат накушодаст касе,

          Гардан ба итоат наниҳодаст касе.”

Хулосаи ҷамъбасткунандае барои ин гуфтори кўтоҳ беҳтар аз худи гуфтаи шоир нест, ки симои шоирӣ ва мақому мавқеи ўро муайян месозад:

          “Ба роҳи хизмати халқам диҳам ҷон,

          Ба пеши пои ў сидқан ниҳам ҷон”.

2 майи соли 2007

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …