Главная / Гуногун / Иқтисодиёти Федератсияи Россия

Иқтисодиёти Федератсияи Россия

Федератсияи Руссия. Рушди иқтисодиёти Россия дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1,7 фоизро ташкил намуд. Дар моҳи август суръати афзоиш нисбат ба моҳи июл (1,8 фоиз) коҳиш ёфта, бо ҳисоби солона ба 1,0 фоиз баробар гардид. Дар маҷмӯъ афзоиши ММД дар моҳхои январ-августи соли ҷорӣ 1,6 фоизро ташкил кард. Сустшавии афзоиш дар моҳи август бештар аз ҳисоби коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 10,8 фоиз ба амал омадааст, ки сабабҳои он бо паст шудани ҳосилнокӣ ва кам шудани майдони кишти як қатор зироатҳо дар муқоиса ба соли 2017 вобаста мебошад.

ХБА дурнамои рушди иқтисодиёти Федератсияи Россияро таҷдиди назар намуда, рушди онро дар соли 2018 дар сатҳи 1,7 фоиз баҳодиҳӣ менамояд.

moskva-kremel

Агентии рейтинги байналмилалии «Fitch» дурнамои худро нисбат ба рушди иқтисодиёти Федератсияи Россия дар соли 2018 тағйир дода, онро 2,0 фоиз пешгӯӣ намудааст, ки нисбат ба дурнамои қаблӣ 0,2 банди фоизӣ баланд мебошад.

Бояд қайд кард, ки Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия рушди иқтисодиёти кишварро дар соли 2018-ум 1,8 фоиз ва Бонки Россия дар доираи 1,5-2,0 баҳодиҳӣ намудаанд.

Шумораи бекорон дар Россия то сатҳи хеле паст расида, ба 3,5 млн. нафар баробар шуд, ки ин 0,9 фоизи шумораи шахсони дар иқтисодиёт фаъолро ташкил мекунад.

Пас аз эълони Бонки марказӣ ҷиҳати боздоштани хариди асъор дар бозори биржавии Москва барои Вазорати молия ва болоравии нархи ҷаҳонии нафт қурби асъори русӣ аз 10 сентябр инҷониб рубли гардида истодааст.

Дар моҳи август арзиши нафти навъи Brent аз 70 доллар то 85 доллар боло рафта, ба нархҳои моҳи ноябри соли 2014 баробар гардид.

Дар  нуҳ моҳи соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ дар Россия 2,5 фоиз боло рафт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …