Главная / Илм / ИНВАГИНАТСИЯ

ИНВАГИНАТСИЯ

invaginatciaИНВАГИНАТСИЯ, яке аз шаклҳои ногузарониши рӯдаҳо. Дар мавриди И. як банди рӯда ба банди дигари он даромада дармемонад. Сабаби И. мумкин аст ташаннуҷи бардавоми ягон қисми рӯда, омос ва ғ. бошад. И. хусусан дар кӯдакони то дусола ва аз 4 то 9-сола бештар мушоҳида мешавад.
И. бо дарди шадиди қабзакунандаи шикам, дилбеҳузурӣ, қай падид меояд. Баъд аз 6 соати оғози беморӣ наҷосати омехта бо луобу хун мушоҳида мешавад. Хуруҷи дард якҷоя бо оромии кӯтоҳмуддат ба вуҷуд меояд. Дар вақти палмосидан, дар ҷониби рости ноф дарди сабук ва як чизи ба ҳасиб монанди ҳаракатнок ҳис карда мешавад.
Барои муолиҷаи И. аз усули ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …