Главная / Маданият ва санъат / Барои зодрўз кадом тўҳфа ва чихел интихоб кард?

Барои зодрўз кадом тўҳфа ва чихел интихоб кард?

Дар вақти ба меҳмонӣ рафтан тўҳфа чӣ хел бояд интихоб карда шуда бошад. Тўҳфаро бояд пешаки интихоб намоед фикр карда ба сину сол мувофиқ. Агар тўҳфа худсоз бошад, ба мисоли гулдўзӣ, кашидадўзӣ дар сачоқчаву дастўрхон, чойникпўшаку чойнакмонак, дастқапак тўҳфа арзанда ҳисоб мешавад.

Агар кори дастиат набошад, он гоҳ атру упо, рўймолҳои сарбанд ва ғайра барои хешони наздик беҳтар мешавад. Ҳаракаткун, ки тўҳфаҳоят қиммат набошад, зеро агар соҳибхоназан шароити иқтисодиаш паст бошад то ба ҳолати ўро ногувор нагузоред.

Интихоби тўҳфа
Интихоби тўҳфа

Қабул кардани тўҳфа ҳам кори осон нест.  Шахси бо тамкин ва хушмуомила дар вақти тўҳфаҳоро гирифтан ё баъди кушода дидани тўҳфа хоҳ маъқул бошад хоҳ не, бояд ташаккур ва миннатдории худро намояд. Агар ҷои тўҳфа ширинӣ конфет, маҳсулотҳои қаннодӣ, ё дигар шириниҳоро барад, бояд ба меҳмони нишаста пешкаш кунед. Акнун доир ба ранги тўҳфаҳои рангаш сурхи баландро ба модар, хоҳар, бибӣ, келини нав беҳтар мешад ҳадя кунед.

Барои занҳо гули кушодаро тақдим намоед беҳтар аст. Ба духтарони ҷавон гулҳои рангаш кушод ва гулғунча.

Ба шахсони пир беҳтар мешавад гулҳои зебои шукуфта ё ин ки тубакчаҳои гулдорро, ки дар хона нигоҳ медоранд, тақдим намоед. Дар вақти қабули меҳмон фарзандон ба модару падар бояд хизмат намуда, ҳамаи супоришҳои дар назди меҳмон супурдаро иҷро намояд, бо чеҳраи кушод ҳарчанд аз мактаб ғамгин омада бошед, ё бо дугонаҳоятон қаҳри шуда бошед дар назди меҳмон бо чеҳраи кушод хизмат намоед.

Инро дар хотир доред

Пеш аз таомхӯрӣ дастатонро бо собун шӯед, дар вақти таомхӯрӣ ва ба охир расидани таомҳо даст ва даҳонро бо сачоқча пок кунед

Савол ва супориш

  1. Барои ороиши дастурхон кадом намуди асбобҳоро истифода мебаранд.
  1. Қоидаи дуруст нишаст дар рўи мизро гўед?
  2. Зарҳои дар синфхонаи технология бударо шўед ва кадо маҳлул ё моеъро истифода бурдед гуфта диҳед.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …