Омӯхтани рангҳои ресмон дар вақти кашидадӯзӣ аҳамияти калон дорад. Дар ҳамаи намуди кашидадӯзӣ мувофиқи ранги матоъ интихоб карда гирифтани ресмон аҳамияти калон дорад, он ба маҳорати кашидадӯзӣ вобаста аст, ки инро мувофиқати рангҳо мегўянд.
Ранги асосӣ сурх, зард, кабуд ба шумор меравад. Баробари ҳамроҳ шудани ду ранги асосӣ ранги иловагӣ хосил намудан мумкин аст. Мисол, баробари ҳамроҳ намудани ранги сурх ва зард ранги норинҷӣ ҳосил мешавад. ҳар дуро бо кабуд омезем ранги сабз ҳосил мешавад.
Тобиши ранг гуфта, хосияти ранг ва тобиши онро муайян мекунад – меноманд нисбати рангҳои хроматикӣ бо ном кабуд, ҷигарӣ ва ғайра. Номи рангҳоро аз тобиши он муайян мекунанд. Рангҳои равшан вобаста ба ранги сафед васиёҳ ки ба он ҳамроҳ мекунанд.
Агар ба ранги сурх сиёҳро ҳамроҳ кунем сурхи қирмизӣ (бардовый) ва агар ба сафед сурхро ҳамроҳ кунем ранги гули каду ҳосил мешавад. Рангҳои равшан ва баста ранги зеборо ташкил медиҳад. Дар вақти интихоби рангҳои нухсаи расми интихобкарда ранги асоси матоъро ба назар гирифта, рангҳои риштаҳои кашидадӯзиро интихоб бояд кард.
Иҷрои кӯки зарбӣ
Асбоб ва таҷҳизот: матоъи канва бо андозаи 2 0 х30 см, ресмонҳои абрешимӣ, қасқон, сӯзани борик бо гӯшаки калон.
Иҷрои кӯки зарбӣ
1.Аз матои канва як ҷузъро бурида гиред, ки андозааш ба нусхаи расми интихобкарда мувофиқ бошад ва ба назардошти ҳаққи чок, ки бари ҳаққи чок 1 см кифоя аст.
2.Нақшаро ба канва ё матоъи сафед мегузаронем.
3.Канваро ба матоъ кӯк задан лозим.
4.Ресмонҳои мўинаро абрешимин 3 қабата истифода баред ва расмро мувофиқи схема иҷро кунед, аз рӯи нақши мувофиқ ранги ресмон интихоб намоед. Схемаи расми қаҳрамонони афсонавӣ.
5.Кӯкҳои иловагиро канда партоед.
6.Маснуоти дӯхташударо аз тарафи чаппа дарзмол намоед.
Тарзи дўхтани гиреҳи зарбӣ
а) намуди расми схема
б) аз рўи схема дўхтани нақш бо гиреҳи зарбӣ
Инро дар хотир доред.
1.Риштаро бо дандонатон наканед зеро сири (эмали) дандонатон рафтанаш ё лабатонро буриданаш мумкин аст.
2.Чокҳои маснуот ё ҷои тугмабоғиро бо тегаи ришгирӣ набуред, зеро он дастатонро буриданаш мумкин.
3.Дарзмолро ба дарзмолгузорак бояд гузошт вагарна он ғалтида поятонро сӯхтанаш мумкин аст.