Главная / Гуногун / Интихоби тарзи инъикос намудани элементҳо  дар менюи «ПУСК»

Интихоби тарзи инъикос намудани элементҳо  дар менюи «ПУСК»

 

Дар ҳолати зикрнашуда «по умолчанью»  дар менюи «ПУСК» чунин элементҳо ба монанди «Панель управления», «Мой компьютер», «Мои документы», «Мои рисунки», «Моя музыка», «Мои сетевӣе соединения», «Справка и поддержка» ва инчунин фармони «Выполнить» инъикос карда мешавад. Windows XP-ро чунин ҷўр кардан мумкин аст, ки на ҳамаи ин эелементҳо дар менюи «ПУСК» инъикос карда мешаванд.

Барои ин кор амалҳои зеринро иҷро мекунем,

  • Нишондоди мушакро ба болои тугмачаи «ПУСК» оварда, тугмачаи рости мушакро пахш мекунем;
  • Дар равзанаи муколимавии «Свойства панель задач и меню ПУСК» замимаи меню «ПУСК»-ро интихоб мекунем;
  • Тугмачаи «Настройка»-ро пахш менамоем ва равзанаи муколимавии «Настройка меню ПУСК» инъикос меёбад;
  • Дар равзанаи муколимавии «Настройка меню ПУСК» лавҳи «Дополнительный»-ро фаъол месозем;
  • Аз рўйхати «Элементӣ меню ПУСК» элементи даркориро (масалан «Мои рисунки»)-ро интихоб намуда, мекашем. Дар лавҳи «Переключатель» ба яке аз лавҳаҳои зерин мегузорем;

а) «Отображать как ссылку» – барои инъикоси элемент ба намуди шиорҳо бо элементи асосӣ. (дар равзанаи алоҳида);

б) «Отображать как меню» – барои инъикоси элемент ба намуди менюи маълумкардашуда. (дар ҳолати пахш намудани тугмачаи мушак дар ин элемент);

в) «Не отображать этот элемент» – барои он, ки элементи мазкур дар менюи «ПУСК» инъикос нагардад;

  • Барои интихоби ҳар як элемент амалҳои а, б, в – и қадами 5-умро такрор мекунем;
  • Дар охир тугмачаи ок-ро пахш мекунем;

Илова намудани барномаҳо дар менюи «ПУСК»

Агар  мо  бихоҳем ба менюи «ПУСК» ягон баномаи дилхоҳро илова намоем ва ин барнома дар менюи «ПУСК» доимо инъикос карда шавад, амалҳои зеринро иҷро мекунем:

  • Тугмачаи «ПУСК»-ро барои даъвати менюи «ПУСК» пахш мекунем;
  • Баъди инъикос шудани менюи асосӣ тугмачаи «Программы»-ро барои даъват намудани менюи барномаҳо пахш мекунем;
  • Нишондоди мушакро ба элементи барномаи зарурӣ (лозимӣ), ки онро ба менюи «ПУСК» илова мекунем, мегузоре ва тугмачаи рости мушакро пахш мекунем;
  • Дар менюи инъикосшуда лавҳи «Закрывать в меню»-ро пахш мекунем. Дар натиҷа барномаи интихобнамудаи мо дар менюи «ПУСК» пайдо мегардад;

Дар ҳолати аз компакт-диск ба компютер ягон барнома васл мекунем, намунаи ин барнома дар тугмачаи «Программы» ҷой мегирад. 

Эффектҳои махсус

Дар Windows XP  як қатор эффектҳо мавҷуд мебошанд ва онҳо барои инъикос ва даъват кардани элементҳои муҳим истифода бурда мешаванд. 

Эффекти «CLEAR TYPE»

            Яке аз эффектҳои Windows XP ин  эффекти «Clear type»- мебошад, ки он  элементҳоро муоинашаванда менамояд.

Барои фаъол намудани технологияи «Clear type» амалҳои зеринро иҷро менамоем:

  • Равзанаи муколимавии «Свойства, экран»-ро даъват намуда, аз он замимаи «Оформление»-ро интихоб мекунем;
  • Барои кушода шудани равзанаи муколимавӣ тугмачаи «Эффекты»-ро пахш менамоем;
  • Дар майдони «Применить следуюғий метод сглаживания экранных шрифтов» байрақчаро барқарор менамоем;
  • Аз рўйхати инъикосёфта лавҳи «Сrear type» -ро пахш менамоем;
  • Дар охир тугмачаи ок-ро пахш мекунем; 

Равзанаи муколимавии «Эффекты»

Дар ҳолати пахш намудани тугмачаи «Эффекты» дар равзанаи муколимавии «Свойства, экран» Windows XP дар равзанаи муколимавии «Эффекты» фаъол гардонида мешавад.

Барои тағйир додани эффектҳои махсус амалҳои зеринро иҷро менамоем:

  • Равзанаи муколимавии «Свойства, экран»-ро даъват карда, аз он лавҳи «Оформление»-ро интихоб менамоем;
  • Тугмачаи «Эффекты»-ро барои даъвати равзанаи муколимавии «Эффекты» пахш менамоем;

Расми «Эффекты»

  • Дар охир тугмачаи ок-ро пахш мекунем;

Дар равзанаи муколимавии «Эффекты» як қатор эффектҳои махсус мавҷуд мебошанд, ки барои эффектҳои гузариш барои меню, инъикоси соя, инъикос намудани нишонаҳои калон дар мизи корӣ, инъикос намудани мавҷудоти равзана дар ҳолати кўчонидани (кашидани) равзана, инчунин пинҳон намудани тугмачаҳои фаъолкунии меню истифода бурда мешаванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …