Главная / Гуногун / Инкишофи илм дар асрҳои XVII-XVIII

Инкишофи илм дар асрҳои XVII-XVIII

Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бо вуҷуди ҳараҷу мараҷи сиёсӣ ва вазнин шудани шароит илму фанни тоҷик ривоҷ дошта як зумра олимон ба таълифу таснифи асарҳои илмӣ ва тадрис дар мадрасаҳо машғул буданд. Баъзе аз олимон баробари фаъолияти илмӣ ба шеъру адаб низ сарукор доштанд. Дар даврони мазкур натанҳо улуми расмии динӣ, балки илмҳои сирф дунявӣ, монанди ҳайъат, зич, ҳандаса, ҷабру муқобала (алгебра ва муодилаҳо), кимиё ва ғайра низ инкишоф меёфтанд.

Намоёнтарин олими ин давр Мулло Турсуни Фароизи Самарқандӣ бо илмҳои дунявӣ ва дақиқ машғул буд. Ӯ дар соҳаи гуногуни илмҳои математика, астрономия, химия ва ғайра маҳорат дошт. Ва дар улуми динӣ — фиқҳ (қонунҳои динӣ), ҳадис ва тафсир низ соҳибфан буд. Фароизӣ асарҳои зиёд эҷод кардааст. Чанде аз онҳо чунин номҳо доштанд: “Масоили ҳисобия” (“Масъалаҳои ҳисоб”), “Шарҳи сироҷият ул-ҷабрия” (оид ба алгебра ва муодилаҳо), “Ҷомеъ-ул-ҳисоб”, “Шарҳи виқоя” (оид ба фиқҳ) ва ғайра буданд.

ilm

Олим ва шоири намоёни ин давр Қозӣ Лутфулло Шокири Бухороӣ низ дар улуми динӣ ва ғайридинӣ забардаст буда, дар фиқҳу ҳадис, калому тафсир, ҳикмату ҳайъат, мантиқ ва наҳву сармф мутасаддӣ буд. Вай дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд дарс ҳам мегуфт. Ин олим ба фанҳои фалсафа (ҳикмат ва мантиқ) ва табиатшиносӣ низ тавачҷӯҳ дошт. Ӯ ҳамчун шоир шуҳрати бештаре пайдо кардааст.

Олим ва шоири боистеъдоди аср Миршарифи Муисифи Самарқандӣ буд. Ӯ дар мадрасаи Бухоро ба машқи ҳандаса (геометрия), танзим (ситорашиносӣ), арқоми зич машғул шудааст.

Дар ин давр машҳуртарин олими соҳаи дин Мирмуҳаммадшарифи Шаҳрисабзӣ, ки мударрис ва аълами Бухоро буд, бо тахаллуси Шариф шеър низ эҷод мекард.

Дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII баробари намояндагони бузурги адабиёт ва илм таърихнависони бузург низ буданд. Маҳмуд ибни Валӣ яке аз таърихнависони маъруфи ин давра мебошад. Асари ӯ “Баҳр- ул-асрор фӣ маноқиб-ул-ахбор“ як навъ энциклопедияест, ки аз чор ҷилд иборат буда, таърихи давраи аз Чингизхон то Ҷониёнро дарбар мегирад. Муаллифи дигар Ҳочи Муҳаммад Салим асари таърихиро бо номи “Силсилат-ус-салотин” таълиф кардааст. Ӯ бо хонҳои Бухоро хешутаборӣ дошта, солҳои дароз дар дарбори сулолаи Аштархониён ҳаёт ба сар мебурд, Асари мазкур веқеаҳои таърихиро аз соли 1468 то соли 1711 дар бар карда, соли 1730 навишта шудааст.

Азбаски Муҳаммадсалим аз хешовандони хонҳои Бухоро буд, воқеаҳои зиёди дарборӣ, хархашаҳои байниҳамдигарии хонадони сулолаи Аштархонӣ ва муносибатҳои онҳо бо давлатҳои ҳамсоя, махсусан бо Эрону Ҳиндустон ва хокҳои қазоқу Хоразм ҷабру истисмори аҳолии зеридасти онҳо, ошубҳои халқӣ ва монанди инҳоро, ки аз пеши назари муаллиф гузаштаанд, хело хуб баён кардааст.

Дигар асари муҳиме, ки дар ин давра таълиф ёфтааст. “Таърихи Сайид Роқим” мебошад. Муаллифи асар Мулло Шарофуддини Самарқандӣ вокеаҳои таърихиро бо як тартиби муайян тасвир накарда бошад ҳам дар бораи одамони машҳур, дар хусуси бинокорӣ ва осори адабии асрҳои XV- XVIII маълумоти хеле пурқимат медиҳад.

Аз таълифоти дигаре, ки дар ин давра навишта шудааст, асари Муҳаммадюсуф Муншӣ “Таърихи Муқимхонӣ” мебошад. Ин асар дар солҳои ҳукмронии набераи Субҳонқулихон—Муҳаммад Муқимхон (1702-1707) дар Балх навишта шуд. Бинобар он муаллиф бобҳои алоҳидаи асарашро ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии вилояти Балх, таърихи хонҳои Бухоро, хусусан, сулолаи Аштархониён, муносибати байни Бухоро ва Балх бахшидааст.

Муҳимтарин асари таърихии ии давра “Убайдуллонома”-и Мирмуҳаммадамини Бухорӣ аст, ки комилан ба даври ҳукмронии Убайдуллохон ( 1702 -1711) бахшида шуда воқеоти гуногунро, аз ҷумла, ислоҳоти пул, ки боиси норозигии аҳолӣ дар Бухоро ва cap задани шӯриш гардид, дар бар гирифтаасг.

Дар ин давр асарҳои дигари таърихӣ низ навишта шудаанд, ки яке аз онҳо асари Хӯҷамқулбеки Балхӣ “Таърихи Қипчоқхонӣ” мебошад. Ин асар сарчашмаи таърихии судманд ба шумор меравад. Чунки муаллифи он шоҳиди воқеаҳои тасвиркардааш мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …