Главная / Биология / Инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметогенез)

Инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметогенез)

Дар ғадудҳои ҷинсӣ инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, ки онҳоро гамета меноманд, ба амал меояд. Ҳуҷайраҳои нарина (нутфа) дар наслдон ва модина (ҳуҷайратухм) дар тухмдон инкишоф меёбанд. Ҷудоҷинсӣ аз нигоҳи эволютсионӣ бартарӣ дорад. Ҷудоҷинсӣ сохт ва рафтори волидонро махсус гардонида, ҳамчун омили нави эволютсионӣ, яъне интихоби ҷинсӣ ташаккул меёбад ва нисбати наслҳои худ ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ин ҳолат наринаҳо асосан роли муҳофизат ва ғизоёбиро бозида, дар муҳориба барои ба даст овардани модина иштирок мекунанд. Дар раванди пайдоиш ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ҳам дар сперматогенез ва ҳам дар овогенез давраҳои гуногунро аз сар мегузаронанд (расми 6.4).

6-4

Давраи аввалро даври афзоиш номида, дар ин ҷо ҳуҷайраҳои ибтидоии ҷинсӣ бо роҳи митозӣ тақсим ва миқдоран зиёд мешаванд. Дар сперматогенез афзоиши ҳуҷайраҳои аввалини ҷинсӣ хеле фаъол буда, аз вақти ба балоғатрасӣ оғоз меёбад ва дар тамоми давраи наслдиҳӣ, яъне вақте ки ҳайвонот дар афзоиши ҷинсӣ иштирок дорад, давом мекунад, сипас, тадриҷан дар дами пирӣ қатъ мегардад. Ҳуҷайраҳои аввалини ҷинсии модина дар мўҳрадорони дараҷаи паст дар давоми ҳаёташон инкишоф меёбанд. Дар ширхўрон, аз ҷумла дар одам, ин гуна ҳуҷайраҳо дар батни модар инкишоф ёфта, нисбатан фаъоланд ва дар ҳолати оромӣ то пухта расидани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ маҳфуз мемонанд.

Давраи дуюм давраи сабзиш аст. Дар гаметаҳои норасидаи нарина сабзиш чандон ба назар намерасад ва андозаи онҳо низ хурд мебошад. Баракс, ҳуҷайратухми оянда, ки оосит ном дорад, ҳаҷман садҳо, ҳазорҳо, баъзан миллионҳо маротиба калон мешавад.

Дар баъзе ҳайвонот оосит бо суръати ниҳоят тез, масалан, дар давоми чанд рўз ё ҳафта инкишоф меёбад, дар намудҳои дигар бошад, давомоти сабзиши он моҳҳо ва солҳоро дарбар мегирад. Сабзиши ооситҳо аз ҳисоби моддаҳое, ки ҳуҷайраҳои

дигари организмҳо пайдо мекунанд, ба амал меояд. Масалан, дар моҳиҳо, обхокиҳо ва бештар дар хазандагону паррандагон массаи асосии тухмро зардӣ ташкил мекунад.

Зардӣ дар ҷигар дар шакли маҳлули махсус синтез шуда, ба воситаи хун ба тухм мегузарад. Дар он ҷо вай ба оосити сабзанда дохил шуда, дар шакли зардии серқабат ҷамъ мегардад. Fайр аз ин, дар ҳуҷайраи ҷинсии оянда сафедаҳои гуногун, ҳамчунин миқдори зиёди КРН (нақлиётӣ, рибосомӣ, ахборӣ) синтез мешаванд. Зардӣ дар шакли моддаҳои ғизоӣ (равғанҳо, сафедаҳо, ангиштобҳо витаминҳо ва ғайра) буда, барои инкишофи ҷанин лозиманд. КРН синтези сафедаҳоро дар давраи оғози инкишоф таъмин мекунад, зеро дар ин вақт КРН-а худ ҳанўз ба фаъолият шурўъ накардааст. Давраи дигар ё сеюм, давраи пухтарасӣ ё мейозӣ аст, ки дар расми 6.5 нишон дода шудааст. Ҳуҷайрае, ки ба давраи балоғат шурўъ мекунад, дастаи хромосомааш диплоидӣ буда, миқдори КДН дучанд гардидааст (2п,4с).

Дар раванди афзоиши ҷинсӣ организмҳои ҳар намуд дар наслҳои худ миқдори муайяни хромосомаҳои хосро нигоҳ медоранд. Ин ҳолат дар натиҷаи тақсимшавии мейозӣ ба амал меояд, чунки дар рафти пухта расидани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ миқдори хромосомаҳо кам (редуксия) ва аз ҳуҷайраи дастаи диплоидӣ (2n) ҳуҷайраи гаплоидӣ (1n) пайдо мешавад. Баъди бордоршавӣ, яъне омехташавии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, дастаи хромосомаҳо боз миқдори пешинаи худро пайдо мекунанд (2n).

Қонуниятҳои ҷараёни мейоз дар ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модина моҳиятан монанданд. Бинобар ин, аввал қонуниятҳои умумии мейоз ва сипас, ҷиҳатҳои фарқкунандаи сперматогенез ва оогенезро дида мебароем. Моҳияти мейоз аз он иборат аст, ки ҳар як ҳуҷайраи ҷинсӣ нисфи хромосомаҳоро мегирад, яъне дастаи хромосомаҳо гаплоидӣ (тоқ) аст.

Аз тарафи дигар, мейоз даврае мебошад, ки омезиш (комбинатсия)-и нави генҳо дар натиҷаи якҷояшавии хромосомаҳои волидон ба амал меояд. Ба таври дигар гўем, дар мейоз омезиши ҳиссачаҳои ирсӣ ҳамчунин дар натиҷаи ивазшавӣ (доду гирифт)-и хромосомаҳои гомологӣ ба амалмеояд. Мейоз ду давраи тақсимшавии пайиҳамро дарбар мегирад, ки қариб дар байни онҳо фосила нест. Мейоз ҳамчун митоз чор марҳила – профаза, метафаза, анафоза ва телофазаро аз сар мегузаронад.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …