Главная / Биология / ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО ВА МУҲИТИ ЗИСТ

ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО ВА МУҲИТИ ЗИСТ

Организм бе муҳити зист вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин ҷост, ки инкишофи организм бе муҳит ва бидуни омилҳои таъсиррасони он ғайримумкин аст. Чуноне ки медонем, тухми мурғ танҳо дар ҳарорати муайян инкишаф меёбад, агар ҳарорати муҳит мўътадил набошад, раванди инкишоф қатъ мегардад. Ҳамчунин барои мавҷудоти обӣ таркиби ионии об муҳим аст. Масалан, миқдори муайяни оксиген, гази карбонат ва ғайраҳо.

Таъсири шароити муҳитро ба организмҳо, ба зинаҳо ҷудо мекунанд, чунончи, ҳадди ақал (минималӣ), ҳадди аксар (максималӣ), мўътадил (миёна). Дар инкишофи ҷанин давраи номусоид низ мавҷуд аст, ки мавриди он ҷанин ба таъсири омилҳои номатлуб тоб намеорад. Аз ҳамин сабаб, ҳар организм дар муҳити хоси ҳамон намуд инкишоф меёбад. Агар шароит тағйир ёбад, инкишоф суст ё қатъ мегардад.

priroda

Масалан, барои инкишофи мўътадили паррандагон ва ширхўрон витамини Д лозим аст. Он дар зери пўст бо таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб пайдо мешавад ё ба организм ҳамроҳи ғизо меояд. Ҳангоми нарасидани ин витамин устухонҳо суст инкишоф меёбанд. (расми 7.11).

Дар раванди танзими фаъолияти организм ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) аҳамияти калон доранд.

Чунончи, дар вақти нарасидани гармони ғадуди сипаршакл сабзиш суст шуда, дар натиҷа узвҳои дигари системаи эндокринӣ низ пурра инкишоф намеёбанд (расми 7.12).

Агар дар таркиби ғизо аминакислотаҳои ивазношаванда набошад, яъне аминокислотаҳое, ки дар организми ширхўрон ва одам ҳосил намешавад, пас рушду инкишоф суст ё  батамом қатъ мегардад (расми 7.13).

Моддаҳои бисёр маълуманд, ки бо таъсири онҳо инкишофи мўътадили ҷанин халалдор карда мешавад, масалан, консентратсияи намакҳо, нурҳои рентгенӣ ва ғайра.

Таъсири омилҳои номусоид дар одам баъзан боиси суст шудани сабзиш ё ба вуҷуд омадани нуқси модарзод мегардад. Ба чунин омилҳои зиёновар истифодаи машруботи спиртдор, нашъамандӣ, тамокукашӣ, бе назорат истифода бурдани доруҳо мансубанд. Машрубот ба фаъолияти мўътадили ҳуҷайраҳо халал расонда, дар натиҷа раванди сабзишу инкишофро ба таъхир меандозад, ҳуҷайраҳои асабро иллатӣ мегардонад. Боздории сабзиши ҷанин ба таъсири дуоксид ва оксиди карбон (Со2, Со) вобаста аст, ки он ба бофтаҳо дохил шудани оксигенро кам менамояд. Тамокукашӣ бо пайдо шудани мутатсияҳои зарарнок боис мегардад, раванди фаъолияти ҷанинро дар батн вайрон мекунад

Таъсири ҷизои камсафеда ба инкишофи калламушіо:

А – калламуше, ки ҷизои он аминокислотаи лизин надорад,

Б – калламуше, ки ба ҷизои он лизин илова шудааст,

В – калламуше, ки ҷизои он аминокислотаи валин надорад,

Г – іамон калламуше, ки ба ҷизои он валин илова шудааст.

Дар таркиби дуди тамоку никотин мавҷуд аст, ки ҳуҷайраҳои асабро заҳролуд гардонида, боиси пайдоиши бисёр иллатҳои ҷисмонӣ мешавад. Дар хотир доштан лозим аст, ки инкишофи организм пеш аз бордоршавӣ оғоз меёбад. Дар давраи кўдакӣ ва синни ҷавонӣ истеъмол кардани машрубот хеле зарарнок буда, ба гаметаҳо таъсири номусоид мерасонад.

Аз ҳамин сабаб, шахсоне, ки ба машрубот ва тамокукашӣ майл доранд, фарзандони гирифтори бемориҳои модарзодӣ ба дунё меоранд. Аз ин ҷост, ки дар таҷрибаи тиббӣ мафҳуми махсус бо номи фарзандони шанбегӣ, яъне кўдаке, ки ибтидои он дар ҳолати мастӣ гузоштааст, паҳн гардидааст.

Албатта, чунин фикр, ки гўё ҳолати ҳушёрӣ танҳо барои издивоҷ лозим нодуруст аст. Алкогол захирашавии қобилияти пурраи инсонро суст гардонида, дар ҳолатҳои лозимӣ қобилияти эҷодкории онро боз медорад. Таъсири омилҳои номусоид ба организм муваққатӣ набуда, балки дар тамоми тўли ҳаёт идома меёбад ва бисёр вақт ба инкишофи насл зарар мерасонад. Дар хотир доштан лозим аст, ки ба ҳамаи тағйироте, ки дар муҳит ба амал меояд, ба организмҳои зинда таъсир мерасонанд. Масалан, сохти доимии худ, фаъолияти узву бофтаҳо, ҳолати физикӣ ва химиявии ҳуҷайра, маҳлули бофтаҳои хун ва ғайраҳоро

нигоҳ медоранд. Хосияти организмҳои зинда, ки дар шароити муҳити тағйирёбанда фаъолияти дохилӣ ва хосиятҳои асосии сохтори худро нигоҳ медоранд, гомеостаз (аз юнонӣhomios – якхела ва stasus – ҳолат) номида мешавад. Асоси гомеостаз ба ирсият вобастагӣ дошта, он дар рафти таҳаввулот (эволютсия) нақш бастааст. Самараи он дар бисёр ҳолатҳо ба маҷмўи ҳиссачаҳои ирсӣ, яъне генҳои организм ва генотип мушаххас алоқаманд аст. Гуногуншаклии генотип дар ҳудуди намуд, боиси тафоввути фардҳо ва реаксияи онҳо ба муҳити беруна мегардад.

Мисоли хоси аксуламали умумии организм ба таъсири омилҳои муҳит – ҳолати стрессӣ мебошад.

Стресс аксуламали организм нисбат ба таъсироти номусоид буда, ба фаолияти ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад ва боиси ихтилоли гомеостаз мегардад. Дар чунин маврид фаъолияти бисёр унсурҳои организм ниҳоят тезутунд мешавад (асабҳо, мушаки узвҳои нафаскашӣ, рагҳои дил, ғадудҳои эндокринӣ).

Таъғирёбии фаъолияти унсурҳои номбурда боиси афзудани қобилияти устувории фардҳо нисбати омилҳои номўътадил хоҳад шуд. Сарфи зиёди нерўи муҳофизатии организм ва афзоиши раванд мубодилаи моддаҳо аз ҷумлаи аксуламалҳое мебошанд, ки шахсро ба ҳолати стресс меоранд. Барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёт одам бояд худро наҷот диҳад, яъне аз таъсири ҳолатҳои стрессовар гурезад ё ба онҳо муқобилият нишон диҳад. ,

Дар натиҷаи меҳнати вазнин дар шароити иқлими қаҳратун одам хаста шуда, рўҳияи ў ба вазъи стрессӣ меафтад. Баъзе одамони пуртоқат дар натиҷаи таъсири дурударози ҳолати тарсу ваҳм системаи танзимгар хароб гашта, ба пайдоиши беморӣ мусоидат мекунад.

Барои халал наёфтани қувваи муҳофизатии организм олимони тиб усулҳоеро дарёфт намудаанд, ки қобилияти одамро ба меҳнат дар муҳити гуногун муайян месозад. Ҳар узв ҳамон вақт нағз кор мекунад, ки агар барои фаъолияти он шароити мусоид фароҳам бошад.

Доимияти сохти ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳо ба механизми танзимкунандаи структураи гомеостаз вобаста аст.

Маҷмўи равандҳое, ки ба барқарор кардани қисмҳои осебдида ё вайроншудаи организм равона шудаанд, таҷдид (регенератсия) номида мешавад (аз лотинии regeneratio – барқароршавӣ). Ду навъи таҷдид вуҷуд дорад: физиологӣ ва ҷубронӣ. Таҷдиди физиологӣ барқарор шудани миқдори ҳуҷайраҳо ё қисми онҳо мебошад. Аз нав барқарор шудани органоидҳои ҳуҷайра (митахондрия, пластидҳо ва ғайра)-ро таҷдиди дохилиҳуҷайравӣ меноманд.

Таҷдиди физиологӣ хоси ҳамаи организмҳои зинда аст, аммо дар ҳайвонот ва растаниҳо он якхела ҷараён намегирад.

Дар бандпоён таҷдиди физиологӣ ба инкишофи онҳо алоқаманд аст. Масалан, дар харчангшаклон ва кирминаи ҳашарот дар давраи тулак скелети берунӣ, ки онро хитин меноманд, ҷудо мешавад, зеро ғунҷоиши хитин барои онҳо мувофиқ нест ва баъди чанд муддат он аз нав месабзад. Дар ширхўрон ва одам эпителияи пўст ҷудо шуда (пўстпартоӣ), дар муддати чанд рўз аз дигар барқарор мегардад. Ҳуҷайраҳои эпителии рўда бошад, дар муддати 1,5-2 рўз пурра аз сари нав иваз мешаванд. Ҳамчунин, ҳуҷайраи эритроситҳо низ иваз мешаванд ва давомоти фаъолияти онҳо аз чор моҳ зиёд нест. Организмҳои зинда дар табиат баъзан дучори омилҳои харобиовар мешавад. Барқарор шудани ҳуҷайраҳои нобудгашта ё вайрон гардидани томии организмҳоро дар натиҷаи осеб дидан, таҷдиди ҷубронӣ меноманд. Дар ҷонварони сохташон содда, масалан, рўдаковокҳо, кирмҳо

ва ғайраҳо қобилияти барқарор кардани қисмҳои гумкарда бо тезӣ сурат мегирад. Чунончи, дар гидра организми том аз ҳисоби 1/200 қисми он ба вуҷуд меояд.

Ба ҳама маълум аст, ки ҳалқакирмҳо (кирми лойхўрак)қобилияти баланди таҷдид дошта, аз як ҳиссачаи тан барқарор мешаванд. Дар ситораҳои баҳрӣ (типи сузанпўстон) нафақат сўзанҳои алоҳида, балки аз ҳисоби онҳо организми солимро сабзондан мумкин аст (расми 7.14). Таҷдиди узвҳои пурра дар мўҳрадорон низ дида мешавад. Агар ба калтакалос ягон ҷонвари дигар таҳдид кунад, думашро мепартояд ва ба ҷои он думи нав пайдо мешавад.

Ин хосияти мутобиқат дар натиҷаи интихоб устувор мегардад, зеро канда шудани дум дар ҷойҳои махсус ба амал меояд. Баъзе мўҳраҳои дум ҷои махсуси канда шуданро доранд. Яъне сўрохие мавҷуд аст, ки мўҳраро ба ду қисм ҷудо мекунад (онҳо бо ҳам бо ёрии тағояки тунуке пайвастбуда, дар натиҷаи зуд қат шудани мушакҳо дум мешиканад).

Дар обхокиҳои думдор, аз ҷумла, самандарҳо дар ҷои бурида шудани қисми поён, қисми нав инкишоф ёфта, то дараҷае ба пешина монанд мешавад. Организмҳои сохташон мураккаб ба монанди ширхўрон, аз ҷумла, одам, қобиляти барқарор сохтани узвҳои берунаро гум кардаанд. Таҷдид баъди лат хўрдан фақат бо роҳи сиҳат шудани ҷароҳат мегузарад. Узвҳои дарунии онҳо бошанд, масалан, ҷигар,

гурда, шуш дар вақти осеб ёфтан бинобар афзудани ҳуҷайраҳо андоза ё массаи худро барқарор мекунанд. Ғайр аз ин, табаддулоти дохилиҳуҷайравӣ боиси зиёд шудани миқдори органоидҳо гашта, фаъолияти ҳуҷайраҳои узвҳои мазкурро метезонад. Таҷдид нафақат дар мавриди осебҳои механикӣ ва заҳролудӣ аз моддаҳои химиявӣ, балки дар натиҷаи бемориҳо низ ба амал меояд. Вируси бемории зардпарвин ҳуҷайраҳои ҷигарро вайрон мекунад.

Дар вақти шифо ёфтан раванди барқарорсозӣ ҷараён гирифта, ҷойи ҳуҷайраҳои фавтидаро пурра мекунад. Ҳуҷайраҳои ҷигар аз таъсири машрубот низ мефавтанд. Дуру дароз ва бисёр истеъмол кардани машрубот хоса барои онҳое, ки бемории зардпарвинро аз сар гузаронидаанд, бисёр зиён дорад. Зеро дар ҷойи ҳуҷайраҳои фавтидаи ҷигар бофтаи пайвандӣ инкишоф меёбад. Дар натиҷа вазифаи ҷигар халалдор шуда, бемории вазнин – серрози ҷигар пайдо мешавад. Таҷдид дар растаниҳо ҳам дида мешаванд. Дар вақти шудгори замин решаҳои ғумой ва дигар алафҳои бегона бурида ва аз ҳам ҷудо мешаванд. Вале баъдтар аз ҳар қисми решаи буридашуда растании нав мерўяд.

Аз як барг растании бегонияро сабзонидан мумкин аст. Ҳамин тавр, таҷдид имкон медиҳад, ки ҳайвоноту растаниҳо ба таъсироти омилҳои беруна устувор истода, зинда монанд. Донистани қонуниятҳои барқароршавии узвҳо дар тиб хеле зарур аст. Масалан, вақте ки дар хўрок витамини А намерасад, дар бофтаҳо раванди таҷдиди ҳуҷайраҳо вайрон мешавад. Ба таркиби хўрок илова намудани ин витамин боиси барқарор шудани ҳолати мўътадили бофтаҳо мегардад. Барои ҳамин, духтурон барои тезондани таҷдид ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ва осебҳо доруҳои табиӣ ва сунъиро истифода мебаранд. Дар натиҷа бемор зуд шифо меёбад. Ҳамин тавр, бинобар омўхтани ҳодисаи таҷдиди биологӣ имконият пайдо мешавад, ки барои саломатии инсон мубориза барем.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Кадом омилҳои муҳити беруна ба инкишофи ҷанин таъсир мерасонанд?
  2. Моҳияти таъсири бади машрубот ва тамокукашӣ барои инкишофи ҷанини одам дар чист?
  3. Фаъолияти кадом системаҳои организм доимияти муҳити дарунаро нигоҳ медорад?
  4. Дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди муҳит дар фаъолияти узвҳо ва системаҳои организм чӣ гуна тағйи- ротҳо ба амал меояд?

Истилоҳот:

  1. Филогенез – инкишофи таърихии гурўҳи систематики муайяни организмҳои зинда.
  2. Монандии ҷанинҳо – ҳодисае, ки монандии намояндагони гуногуни синфҳоро дар ҳудуди тип шаҳодат медиҳад.
  3. Таҷдиди репоративӣ – барқарор шудани ҳуҷайраҳои нобудшуда, ки дар натиҷаи лат хўрдан ё беморӣ ба амал омадааст.
  4. Таҷдиди дохилиҳуҷайравӣ – барқарор ё зиёд шудани сохтори дохили ҳуҷайраҳо, ки барои паст шудани ҷуброни фаъолияти кори бофта равона шудааст.
  5. Трансплантатсия – кўчонидани бофтаҳо ё узвҳо дар растаниҳо, ҳайвонот ва одамон.
  6. Регенератсияи физиологӣ – аз нав барқарор кардани ҳуҷайраҳои нобудшуда, ки дар натиҷаи фаъолияти худи бофтаҳо ба амал омадаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …