Главная / Гуногун / Индуксияи ҷанин

Индуксияи ҷанин

Мушоҳидаҳои ҳуҷайратухми бордори қурбоққа имкон доданд, ки тарзи инкишофи ҳуҷайраҳои ин ё он қисми ҷанин омўхта шаванд. Маълум гардид, аз ҳуҷайраҳое, ки дар бластула ҷойҳои муносиб доранд, узвҳои аввалин ба вуҷуд меоянд. Ҳамчунин муқаррар шуд, ки аз кадом гурўҳи ҳуҷайраҳо найчаҳои асаб, хорда, мезодерма, эпетилияи пўст пайдо мешаванд. Дар ҳақиқат дар организмҳои қобили инкишоф (vivo) аз ҳуҷайраҳои муайяни ибтидоӣ узву бофтаҳои муай-

ян ба вуҷуд меоянд, вале дар мавриди берун аз организм парвариш кардани ҳуҷайраҳои ҷанин (дар пробирка – vitro) онҳо ин қобилиятро гум мекунанд.

induksiyai-janin

Умумияти хатҳои узвҳо дар нештаршаклон:

А – гаструла, Б, В – ташаккули найчаи асаб, Г – ташаккули хорда, найчаи рўда ва мезодерма, 1 – эктодерма, 2 – энтодерма, 3 – мезодермаи ибтидоӣ, 4 – ҷавфи рўда, 5 – қабати асаб, 6 – найчаи асаб, 7 – хорда, 8 – ҷавфи дуюмини бадан.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …