Главная / Гуногун / Инқилоби Синхай дар Чин

Инқилоби Синхай дар Чин

9 майи соли 1911 дарбори Теин дар бораи сохтмони роҳҳои оҳани нав фармон баровард. Баъди якчанд рӯз-20 майи соли 1911 байни ҳукумати Чин ва консорсиуми байналхалқӣ, ки ба он банкҳои Англия, Фаронса, Германия ва ИМА дохил буданд, барои сохтани роҳи оҳани Ханкоу – Гуанчжоу ва Ханкоу – Сичуан ба маблағи зиёда аз 6 млн ф.ст. вомбарг созишнома ба имзо расонд, ки он сабабгори асосии тобистони ҳамон сол дар Чин вусъат ёфтани ҳаракати инқилобӣ мегардад. Соли 1911 ин инқилоб ба худ номн “Синхай”-ро гирифтааст.

6 сентябри соли 1911 дар Чэнду, воқеъ дар музофоти Сичуан сипоҳиёни манчурӣ ба сӯи мардуми ҷамъшуда оташ кушоданд. Ин воқеа косаи сабри мардумро лабрез кард.

xinhai-revolution

Бегоҳии 10 октябри соли 1911 дар зери роҳбарии узви созмони инқилобӣ сержант Сюн Бинкун аскарони баталиони сапёрҳо дар Учан шуриш бардоштанд. Ба онҳо полкҳои дигари гарнизони ин шаҳр низ ҳамроҳ шуданд. Шабона сипоҳиёни аскарон исёнбардоштаи шаҳри Учан ситоди императорро ишғол карда, амалдорони манчурӣ аз шаҳр фирор карда, дар соҳили Янг пинҳон шуданд. Рӯзи дигар аъзои созмонҳои инқилобӣ бо ҳамроҳии Кумитаи маслиҳатии музофот қарор карданд, ки ба ҳукумати инқилобии Хубэй фармондеҳи артиши омехтаи Учан Ли Юанъхун таънин карда шавад.

Дар маҷлиси инқилобчиён ва аъзои ассамблеяи маслиҳатии музофот қарор қабул карда шуд, ки минбаъд мамлакат Ҷумҳурии Чини панҷ миллат – чиноиҳо, манҷурҳо, муғулҳо, дунганҳо ва тибетиҳо номида шавад. Ҳукумати нав қарор кард, ки оиди ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи сулолаи Теин эъломия нашр кунад. Дар ин эъломия гуфта мешуд, ки ҳамаи музофотҳои Чин ва аскарони сипоҳи император ба тарафи инқилоб гузаранд. Дар нотаи аз номи ҳукумати инқилобӣ ба консулҳои давлатҳои хориҷии дар Ханкоубуда фиристодашуда зикр шуда, ки шартҳои созишномаҳои бо давлатҳои хориҷӣ бастаи ҳукумати Теин эътибор доранд. Иштирокчиёни инқилоб бо нияти аз зери зулми манчурҳо озодшавӣ кокулҳои худро тарошиданд.

Баъди ғалабаи инқилоб бар Учан ва эълони истиқлолияти Чин дар давоми моҳҳои октябр – ноябри соли 1911 боз 14 музофоти империяи Теин ҳокимияти манҷурҳоро барҳам заданд. То охири соли 1911 аз 18 музофот танҳо 3 музофот (Чжили, Хэнан ва Ганьсу) бо ном ҳукумати Тсинро эътироф мекарданду халос.

29 декабри соли 1911 вакилони аз музофотҳо омада дар Нанкин Сун Ятсенро, ки якчанд рӯз пештар аз муҳоҷирати дуру дароз баргашта буд, президенти муваққатии Чин интихоб карданд.

Дар ин давра нерӯҳои аксулинқилоб фаъол шуданд. Роҳбари онҳо Юан Ши-кай буд. Дарбори император 3 ноябри соли 1911 барои наҷоти мутлақият конститутсияро эълон ва ҳукумати манчуриро пароканда карда, ба Юан Ши-кай супориш медиҳад, ки ҳукумати навро ташкил кунад.

Юан Ши-Кай дар вазифаи нахуствазир тамоми нерӯҳои ҳарбӣ ва ҷонибдорони худро муттаҳид намуда, аз ҷониби император бар зидди инқилоб ба ҳуҷум мегузарад. 27 ноябр нерӯҳои зиддиинқилобӣ дар зери роҳбарии Юан Ши-Кай Ханъянро мегиранд. Қисме аз роҳбарони ҷумҳуриятхоҳон таклиф карданд, ки бо Юан Ши-Кай сулҳ баста шавад. 17 декабри соли 1911 дар шаҳри Шанхай байни онҳо гуфтушунид cap шуд. Ба ин гуфтушунид мамлакатҳои империалистӣ – Англия, Фаронса, Германия, Ҷопон, Русия ва ИМА дахолат карданд. Онҳо аз тарафҳо ба ҳамдигар гузашт карданро тақозо карданд, то ки инқилоби Синхай шикаст дода шавад.

1 январи соли 1912 Сун Ятсен ба иҷрои вазифаи президенти муваққатии Ҷумҳурии Чин шурӯъ кард. Ӯ дар эъломияи президентии худ гуфт, ки бо барҳам хӯрдани мутлақияти Теин, ӯ ҳам аз вазифаи президентии муваққатии Чин даст мекашад.

Юан Ши-Кай ба дарбори Теин фишор меовард, то ки сулолаи Теин аз ҳокимияти Чин даст кашад. Дар ин сурат ҳокимияти Чин ба дасти ӯ мегузашт. Император Теи Си дигар дар байни халқ ягон такягоҳе надошт. Барои ҳамин 12 феврали соли 1912 ба “Манифест дар бораи дасткашӣ аз ҳокимият” имзо гузошт. Бо ҳамин мутлақияти Теин аз байн рафт.

Баъди ин 1 апрели соли 1912 Сун Ятсен расман эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Вазифаи президентӣ ба дасти Юан Ши-Кай гузашт. Ҳамин тавр инқилоби Синхай шикаст хӯрд. Юан Ши-Кай Дар Чин диктатураи худро барпо намуд.

Сарфи назар аз камбудию нокомиҳояш инқилоби Синхай аҳамияти калони таърихӣ дошт. Якум, он ба ҳукмронии сулолаи манчурҳо дар Чин хотима гузошт. Дуюм, Синхай оммаҳои васеъи аҳолии Чинро ба мубориза барои ҷомеаи демократӣ бедор кард. Сеюм, ғояҳои истиқлолиятхоҳиро дар байни халқ паҳн намуд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …