Главная / Гуногун / Инқилоби Эрон. Ҳаракати демократӣ

Инқилоби Эрон. Ҳаракати демократӣ

Тезутундшавии мухолифатҳои дохилии иҷтимоӣ, зиддиятҳо дар байни империалистони хориҷӣ ва нерӯҳои миллии Эрон ва инқилоби буржуазию демократии Русия ба рушди ҳаракати инқилобӣ дар Эрон сабабгор шуданд.

Моҳи декабри соли 1905 дар Теҳрон бар зидди сӯистеъмолкунии ҳукумати шоҳ намоиши оммавӣ рӯй дод ва дар масҷиди Шоҳ Абдулазим бест ба амал омад. Намоишчиён истеъфои нахуствазири иртиҷоӣ Айнуддавла, Науси белгиягӣ ва ташкили “адолатхона”-ро талаб мекарданд. Шоҳ ваъда дод, ки ин талабҳоро қонеъ хоҳад кард. Дар баробари ваъда ӯ ба таъқиботи намоишчиён роҳ дод. Мардум ҷавобан ба ин риёкории шоҳ корпартоии умумӣ эълон кард. Бозорҳо ва дуконҳо баста шуданд. Якчанд ҳазор нафар одамон дар боғи намояндагии англисӣ бест эълон карданд. Гурӯҳи калони рӯҳониён аз Теҳрон ба шаҳри Қум рафта, аз шоҳ талаб карданд, ки Айнуддавларо ба истеъфо гусел намояд, конститутсияро ҷорӣ кунад ва ба Маҷлис (парламенти Эрон) интихобот гузаронад. Ҳаракати инқилобӣ Табрез, Исфаҳон, Шероз ва шаҳрҳои дигари мамлакатро ҳам фаро гирифт. Дар шароити баамаломада Музаффариддиншоҳ маҷбур шуд, ки гузашт кунад. 29 июли соли 1906 Айнуддавла ба истеъфо рафт, ба ҷои ӯ шахси нисбатан озодандешгар Насруллоҳои Мушируддавла нахуствазир таънин гардид. 5 август дар бораи ҷорӣ карда шудани Қонуни асосии Эрон фармони шоҳ эълон гардид. Баъди ин корпартоию намоишҳо қатъ гардиданд. Вале бо вуҷуди ин Нерӯҳои иртиҷои ба ҷорӣ карда шудани конститутсияи ваъдакардаи шоҳ халал мерасониданд. Аз ҳамин сабаб шоҳ низомномаи интихоботиро тасдиқ накард. Ин рафтори иртиҷопарастон ва шоҳ мавҷи нави қаҳру ғазаби халқро ба вуҷуд овард. Дар зери фишори оммаи халқ Музаффариддиншоҳ оқибат маҷбур шуд, ки низомномаи интихобот ба Маҷлисро тасдиқ намояд. Он аз рӯи системаи табақавӣ (6 табақа шоҳзодагон ва коҷорҳо, рӯҳониён, ашрофони феодалӣ, тоҷирон, заминдорон ва кишоварзон, косибон) интихоботи дузинагиро дар назар дошт.

250px-tabrizrevolutionaries

7 октябри соли 1906 ҷаласаи нахустини Маҷлиси Аввал баргузор гардид. Моҳҳои октябр – декабр Маҷлис қарорҳои қобили таваҷҷӯҳи оммаро қабул кард. Аз он ҷумла оид ба муқаррар намудани нархҳои ниҳои ба ҷои раддияи қарордод дар бораи вомбарги нави хориҷӣ ва ташкили Бонки миллии Эрон қарорҳо қабул кард. Дар як вақт Маҷлис ба таҳияи Қонуни асосӣ машғул шуд. 30 декабри соли 1906 Музаффариддиншоҳ Қонуни асосиро тасдиқ намуд, ки он қисми аввали Қонуни асосии Эронро ташкил мекард. Дар он ҳуқуқ ва ваколатҳои Маҷлис ифода ёфта буданд. Мувофиқи Қонуни асосӣ ҳокимияти шоҳ тавассути Маҷлис маҳдуд карда мешуд. Дар назар дошта шуда буд, ки дар баробари палатаи поёнӣ Маҷлис, палатаи болои Сенат низ ташкил карда шавад. Вале ин фикр танҳо дар болои коғаз монд.

7 январи соли 1907 Музаффариддиншоҳ вафот мекунад ва ба ҷои ӯ ба тахти подшоҳии Эрон писари рӯҳияи ифротидоштааш – Муҳаммадалишоҳ менишинад. Шоҳи нав душмании худро нисбати ҳаракати демократи ва Маҷлис ошкоро ифода намуда, нерӯҳои ҳарбиро бар зидди музаффариятҳои инқилоб ҷамъ кард. Ин кори Муҳаммадалишоҳ дар Теҳрон, Рашт, Исфаҳон ва шаҳрҳои дигари Эрон ҳаракати оммавии эътирозиро ба вуҷуд овард. Дар ин шароит иртиҷопешагон ва шоҳ маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ карда, талаботи Маҷлис дар бораи истеъфои Наус ва Примаи белгиягиро қабул кунанд ва тавассути амри махсуси шоҳ бори дигар ризоияти худро дар бобати дар Эрон ҷорӣ карда шудани конститутсия тасдиқ намоянд.

Бо қабули Қонуни асосӣ ва воқеаҳои январ – феврали соли 1907 давраи аввали инқилоби Эрон ба охир расид. Давраи дуюми он ба болоравии эътирози омма бар зидди зулм ва сӯистеъмолкунии ҳукуматдорони иртиҷоӣ оғоз меёбад. Дар натиҷаи ин шоҳ маҷбур мешавад, ки генерал-губернатори иртиҷопешаи Исфаҳон, амаки худ Зиллассултонро аз вазифааш сабукдӯш кунад. Моҳи апрели соли 1907 аз Табрез сарвари рӯҳониёни муҷоҳид Мирзо Ҳасан, ки ба тарафи иртиҷопешагон гузашта буд, ронда шуд. Инчунин бойкоти молҳои хориҷӣ низ оғоз ёфт. Ҳаракати зиддианглисӣ хусусан дар ҷануби мамлакат, аз он ҷумла, дар Исфаҳон,Шероз, Бушир ва баъзе шаҳрҳои дигар ба амал омада, ба задухурд мубаддал гашт.

Дар ҳама ҷо анҷуманҳо созмон меёфтанд. Дар баъзе шаҳрҳо анҷуманҳо ба ҳукуматҳои маҳаллии шоҳӣ назорат ҷорӣ намуда, вазифаҳои додгоҳро низ адо мекарданд, ба нон нарх мегузоштанд ва қироатхонаю мактабҳо мекушоданд. Дар шимол ва минтақаҳои дигари мамлакат созмонҳои пинҳонкори муҷоҳидон ташкил меёфтанд, ки ба онҳо косибон, тоҷирон, заминдорони хурд, коргарон ва кишоварзон дохил мешуданд. Барномаҳои онҳо ҷорӣ карда шудани ҳуқуқи ннтихоботи умумии бевосита, баробар ва махфӣ, озодии сухан, ҷамъиятҳо, корпартоиҳо, мусодираи заминҳои шоҳ, харида гирифтани заминҳои хонҳо ва тақсими онҳо дар байни кишоварзон, рӯзи кории 8-соата ва таълими умумии ҳатмии бепулро дар назар доштанд.

Соли 1907 дар зери таъсири ҷамоатчигии демократӣ Маҷлис қарор кард, ки нафақаи феодалӣ кам ва унвонҳои феодалӣ бекор карда шаванд. Маҷлис инчунин қонуни мубориза бар зидди ришвахӯрию ханнотӣ, қонун дар бораи анҷуманҳои музофотҳо ва вилоятҳо ва баъзе қонуну қарорҳои моҳияти демократидоштаи дигарро низ қабул кард.

Шоҳ умед дошт, ки дар ҳайати ҷонибдорони конститутсия ҷудоӣ ба амал хоҳад омад. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, соли 1907 нерӯҳои худро ба ҳуҷуми зидди Маҷлис тайёр кард, барои ин кор ӯ аз хориҷа Аминуссултон ном иртиҷопешаро даъват карда, ба ҷои Мушируддавла нахуствазир таъйин намуд. Баҳор ва тобистони соли 1907 дар Арак (Султонобод), Қум, Қарадоғ, Теҳрон ва Шероз бар зидди ҳаракати демократӣ баромадҳои феодалҳои иртиҷоӣ ба амал омаданд, моҳи майи соли 1907 шоҳ аз имзо гузоштан ба иловаҳо ба Қонуни асосӣ саркашӣ кард. Ин рафтори шоҳ дар Теҳрон намоиши оммавӣ ва дар Табрез корпартоии умумиро ба вуҷуд овард. Баъди ин дар зери фишори ҳаракати халқӣ 7 октябри соли 1907 шоҳ иловаҳоро ба конститутсия, ки қисми нисбатан муҳими Конститутсияи Эрон буданд, имзо кард. Иловаҳо ба конститутсия озодиҳо ва дигаргуниҳои дигари демократиро дар Эрон дар назар доштанд. Баробарии мардум дар назди қонун, дахлнопазирии шахсӣ ба моликият, озодии сухан, матбуот, ҷамъомадҳо, маҷлисҳо, принсипи тақсимоти ҳокимият дар байни мақомоти иҷроия, қонунгузор ва додгоҳ аз ҷумлаи онҳоанд. Конститутсия ба шоҳ ҳуқукҳои васеъ дод: озодӣ ва ҷавобгарӣ, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, эълони ҷанг ва бастани сулҳ, таъйин ва ба истеъфо гуселонидани вазирон ва ғайра. Конститутсия исломро ҳамчун дини давлатӣ муқаррар намуд. Аз ҳисоби рӯҳониёни олимартабаи исломӣ иборат аз 5 нафар ҳайати махсус ташкил карда шуд. Он ҳуқуқ дошт, ки ба ислом мувофиқ будан ва ё набудани қонуну қарорҳоеро, ки ба Маҷлис пешниход мешаванд, муайян кунад.

Баъди қабули иловаҳо ба Конститутсия аз инқилоб дуршавии як қисми озодандешон ва бо иртиҷопешагон наздикшавии онҳо cap шуд. Мувофиқи фаҳмиши ин ашхос акнун мақсадҳои инқилоб иҷро шуданд. Барои ҳамин аз идомаи он даст кашидан лозим аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …