Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ТОҶИКИСТОН 2016-2020

БАРНОМАИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ТОҶИКИСТОН 2016-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 456 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

1. МУҚАДДИМА

  1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисгон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 “Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, барои андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда дар миқёси ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
  2. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” яке аз қисмҳои муҳими таркибии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, мақсади он иммунизатсиякунонӣ аз рўи эҳтиёҷоти аҳолӣ мебошад. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Барномаро ба воситаи сохтори худ, ки аз шаш филиал (филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявин иммунопрофилактика” дар вилояти Суғд, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Қўрғонтеппа, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Кўлоб, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Рашт, филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар шаҳри Душанбе) ва 65 марказҳои иммунопрофилактика дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад, амалӣ мегардонад. Барнома хусусияти стратегии умумидавлатӣ дошта, ба масъалаҳои амнияти аҳолии давлат дахл дорад.
  3. Дар Барномаи мазкур мафҳум ва ихтисороти асосии зерин истифода мешаванд:

– иммунопрофилактика – усули муҳофизати инфиродӣ ё оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ бо роҳи ташаккули масунияти сунъӣ;

imunoprofilaktika

– иммунизатсия – ин раванде мебошад, ки тавассути он шахс масъуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад;

– сессияи иммунизатсионӣ – ҷараёни гузаронидани иммунизатсия;

– иммунизатсияи нақшавӣ – гузаронидани иммунизатсия тибқи тақвими миллии иммунизатсия;

– ваксина – маводи тиббии иммунобиологие мебошад, ки барои пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад;

– воя – миқдори муайяни ваксина мебошад, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешавад;

– занҷири хунукитаъминкунанда – ин системаи таъминкунандаи шароити зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи иммунобиологӣ аз муассисаи истеҳсолкунанда то иммунизатсиягиранда мебошад;

– элиминатсия – қатъ намудани гардиши вируси маҳаллӣ ё ба сифр расонидани миқдори ҳодисаҳои муайяни бемориҳои сироятӣ дар ягон минтақаи муайяни географӣ;

– қобилияти иммуногенӣ – қобилияти пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ;

– верификатсия – расман тасдиқ намудан;

– ҳодисаи эндемикӣ – ҳодисаи бемории сироятие, ки бо тариқи озмоишгоҳӣ тасдиқ шудааст ё алоқамандии эпидемиологӣ дорад ва дар натиҷаи интиқоли сирояти маҳаллӣ ба амал меояд;

– интиқоли эндемикӣ – интиқоли мунтазами сироят дар минтақаи муайяни географӣ;

– назорати эпидемиологӣ – шакли ташкили чорабиниҳои зидди эпидемикие мебошад, ки дар асоси таҳлили маълумот имконияти муайян намудани сабаб ва шароити ташаккулёбии бемориҳоро бо мақсади таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, паст ва маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда фароҳам меоварад;

– фалаҷ – бемории шадиди сироятшаванда буда, барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хўрок, об, гуфтугўй ба шахси сиҳат мегузарад. Ба он иллатнок намудани системаи асаб ва пайдошавии фалаҷ хос аст;

– гулўзиндонак – бемории шадиди ниҳоят хатарноки сироятшаванда буда, ба он газаки гулў ва роҳҳои нафаскашӣ бо пайдо шудани пардаи зардобдор дар мавқеи ҳалқ ва заҳролудшавии бадан хос аст. Фавт аз ин беморӣ зиёд мебошад;

– кабудсулфа – бемории шадиди сироятшаванда буда, осеб додани роҳҳои болоии системаи нафаскашӣ, хурўҷи сулфаи давомноки ихтилоҷӣ хоси он аст;

– кузоз – бемории шадади сироятшаванда буда, ба он иллатнок намудани системаи асаб, хурўҷи ларзиши беихтиёронаи мушакҳои бадан хос аст. Кузози навзодон одатан бо фавти кўдак анҷом меёбад;

– сурхча – бемории шадиди сироятшаванда буда, аслан баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва холҳои популёзӣ дар бадан хосиятҳои он мебошанд. Бемории сурхча ба нуқсон меоварад ва хеле хатарнок буда, ба фавт мерасонад;

– гулафшон – бемории шадиди сироятӣ буда, ба воситаи вирусҳо мегузарад. Асосан барои ҳомиладорон ниҳоят хатарнок аст. Агар зани ҳомиладор ба ин беморӣ гирифтор шавад, кўдаки навзоди ў бо нуқсонҳои зиёд – каршавӣ, нобиноӣ, нуқсони модарзодии дил ба дунё меояд. Чунин нишонаҳои сегонаро – алоими гулафшони модарзодӣ меноманд;

– сил – бемории сироятшаванда буда, одатан ба иллатнок шудани шуш, устухонҳо, системаи асаб, узвҳои таносул, роҳҳои пешоббарор ва узвҳои зиёди дигар оварда мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бемориҳои паҳншуда ба ҳисоб меравад;

– гепатити В – бемории сироятшаванда буда, асосан ҷигарро иллатнок мекунад. Ба воситаи вирусҳо аз одами бемор, ҳомили барангезандаи ин беморӣ бо роҳи сўзангузаронӣ, хунгузаронӣ, дандонканӣ, алоқаи ҷинсӣ ба одами сиҳат мегузарад;

– бемории гемофилии типи b – бемории сироятӣ буда, барангезандааш чўбчаи типи b, ки асосан сабабгори бемориҳои газаки шуш ва газаки пардаи мағзи сар мебошад, ба ҳисоб меравад;

– сирояти ротавирусӣ – яке аз намудҳои бемориҳои паҳншудаи шикамрави кўдакон буда, ниҳоят хатарнок мебошад, ки асосан дар фасли тобистон авҷ мегирад. Махсусан, кўдакони то 2 – сола бештар бемор мешаванд ва бе табобати фаврӣ ба ҳалокат мерасанд;

– ваксинаи пентавалентӣ – ваксина бар зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии типи b ва гепатити В;

– ваксинаи пневмококкӣ – ваксина бар зидди бемории илтиҳоби шуше, ки барангезандааш бактерияи пневмококк мебошад;

– ВДБФ – ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;

– ВсДБФ – ваксинаи севалентаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;

– ВдДБФ – ваксинаи дувалентаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;

– ВҒБФ – ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сўзандору гузаронида мешавад;

– СГ – ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон;

– Гепатити В – ваксинаи зидди бемории гепатити В;

– Hib – ваксинаи зидди сироятии гемофилии типи b;

– ВҶТГК – ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз;

– ВҶГК – ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз;

– ВҶГКк – ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз бо микдори камтарини антигенҳо;

– АК – анатоксин бар зидди бемории кузоз;

– СММ – Созмони Милали Муттаҳид;

– БМА/СУТ – Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;

– СУТ – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;

– ХКСММ – Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид;

– АГВИ – Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия;

– АРБ ИМА – Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;

– АҲБҶ – Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон;

– БМИ – Барномаи миллии иммунопрофилактика;

– ВТҲИА ҶТ – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– МД МҶТТҲС – Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”;

– ФМД МҶИ – филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”;

– МИ – маркази иммунопрофилактика;

– КАТС – кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;

– БВИ – барномаи васеи иммунизатсия;

– ҲНБИ – ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;

– КҲБИ – Кумитаи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика;

– ВАО – воситаҳои ахбори омма;

– АГМ – алоими гулафшони модарзодӣ – ин сироятёбии кўдак ба гулафшон аз модари сироятёфта;

– ФШС – фалаҷи шадиди суст;

– ТАС – тартиби амалиётҳои стандартӣ;

– ИСВ – идоракунии самараноки ваксинаҳо;

– МДМ – маҷмўи даромади миллӣ;

– БСЖ – ваксинаи зидди бемории сил.

  1. Дастовардҳои назарраси тандурустии ҷаҳониро дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бе истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим тасаввур кардан душвор аст. Кашфиёти ваксина яке аз кашфиётҳои муҳим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки соҳаи тандурустӣ дар асри XXI ба ҳисоб меравад, зеро бо истифода аз ваксинаҳо ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ тавонист худро аз шумораи зиёди бемориҳои сироятие, ки дар асрҳои гузашта сабаби асосии маъюбӣ ва марги миллионҳо нафар аҳолӣ буданд, эмин нигоҳ дорад.
  2. Барои бомуваффақият татбиқ намудани барномаи миллӣ, таъминоти пурра ва доимии ваксинаҳо, инчунин дигар маводи иммунизатсионӣ зарур аст. Барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба ваксинаҳои ҳаётан муҳим ваксинаҳо тавассути Шўъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид харидорӣ ва дастрас карда мешаванд. Тамоми ваксинаҳое, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешаванд, бояд безарар ва қобилияти иммуногении баланд дошта бошанд, инчунин сертификати сифат ва бехатарии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро доро бошанд.
  3. Таъмин намудани нигоҳдории ваксинаҳо бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ҳангоми нигоҳдорӣ ва интиқолдиҳии ваксинаҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таҷҳизоти муосири занҷири хунукитаъминкунандаро талаб менамояд.
  4. Арзёбии идоракунии самараноки ваксинаҳо дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2012 гузаронида шуда буд, нишон дод, ки идоракунии ваксинаҳо ва мониторинги захираҳо дар мамлакат мувофиқи талабот анҷом дода мешаванд.
  5. Дар минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он дохил аст, барномаҳои самаранок ҳамчун қисми муҳими ташаккули тандурустии ҷамъиятиро дар даҳсолаҳои охир ташкил медиҳанд.
  6. Дар натиҷаи амалигардонии чунин барномаҳо соли 1970 дар миқёси ҷаҳонӣ нағзаки табиӣ маҳв карда шуд ва дар соли 2002 минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун минтақаи озод аз бемории фалаҷ эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ сертификати ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷро ба даст овард.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ

  1. Бо мақсади пешгирии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 205 Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.
  2. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур шароит фароҳам омад, ки омилҳои таъсиррасонанда дар самти паст шудани сатҳи фарогирӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шаванд.
  3. Мақсади асосии ин Барнома ба даст овардани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия, ташкил намудани дастрасии баробар ба иммунизатсия, инчунин беҳтар намудани истифодаи ваксинаҳои мавҷудбуда ва ваксинаҳои нав, ба монанди ваксинаи зидди бемории сироятии гепатити В, ваксинаи пентавалентӣ, ваксинаи ротавирусӣ, ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сўзандору гузаронида мешавад, мебошад.
  4. Аз рўи ҳуҷҷатҳои расмии ҳисоботи оморӣ оид ба иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ соли гузашта сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия бар зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, фалаҷ, сурхча, гулафшон, сил ба даст оварда шуд.
  5. Дар моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашт, ки сабаби хуруҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии вируси воридшудаи фалаҷи ёбоӣ аз шимоли Ҳиндустон хурўҷи бемории фалаҷ дар моҳи июли соли 2010 қатъ гардид. Соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷро такроран ба даст овард.
  6. Дар солҳои охир ҳодисаҳои бемории фалаҷ ба қайд гирифта нашудааст, ки ин бевосита собит менамояд, ки чорабиниҳо барои тасдиқи мақоми ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дуруст ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, хатари ворид шудани вируси фалаҷи ёбоӣ ба ҷумҳурӣ то ҳол вуҷуд дорад. Гардиши вируси фалаҷи ёбоӣ дар мамлакатҳои эндемикӣ, ба монанди Афғонистон, Покистон ва Нигерия давом дорад.
  7. Дар ҷумҳурӣ нишондоди индикатории назорати эпидемиологӣ аз болои бемории фалаҷ >2 ҳодисаҳои фалаҷи шадиди суст ба 100000 кўдакони синни то 15-сола ба даст оварда шудааст.
  8. Соли 2011 баъди се соли ба қайд нагирифтани ҳодисаҳои бемории сурхча дар ҷумҳурӣ ҳодисаи маҳаллии бемории сурхча ба таври озмоишгоҳӣ тасдиқ гардида, ба қайд гирифта шуд. Дар соли 2012 ҳамагӣ 14 ҳодисаҳои бемории сурхча ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз онҳо 12 ҳодиса ба ворид шудани вирус аз Федератсияи Россия ба маҳаллаҳои лўлинишин вобастагӣ доштанд. Бо шарофати сари вақт гузаронидани чорабиниҳои самараноки зиддиэпидемикӣ дар маҳаллаҳои лўлинишин ҳангоми ворид шудани ҳодисаҳои сурхча аз Федератсияи Россия, паҳншавии ҳодисаҳои беморӣ ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ карда шуд.
  9. Соли 2013 як ҳодисаи бемории сурхча дар кўдаки то 1-солае, ки иммунизатсияро бар зидди бемории сурхча нагирифта буд, ба таври озмоишгоҳӣ тасдиқ карда шуд. Дар соли 2014 ҳодисаи бемории сурхча ба қайд гирифта нашудааст.
  10. Бо хулосаи Комиссияи минтақавии верификатсионии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон элиминатсияи сурхча ба даст оварда шуд, вале ба ин дастовард нигоҳ накарда, муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо мақсади ба даст овардани далелҳои тасдиқи элиминатсияи сурхча бояд ҳамаи тадбирҳоро барои ташкил ва гузаронидани сифати баланди системаи назорати эпидемиологӣ ба роҳ монанд:

– дарёфти ? 2 ҳодисаи ба таври озмоишгоҳӣ манфӣ ба бемории сурхча дар минтақаҳои бо 100000 нафар аҳолӣ, инчунин дар минтақаҳои аҳолинишини бо шумораи камтари аҳолӣ мувофиқи нишондодҳои ба он муносиб;

– фарогирии иммунизатсия бо 2 вояи ваксинаи сурхча – гулафшон ? 95% дар ҳамаи сатҳҳо (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои тиббӣ ва минтақаҳои тиббӣ).

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011, 2013 ва 2014 аз бемории гулафшон озод буд. Соли 2012 1 ҳодисаи бемории гулафшон ба таври озмоишгоҳӣ тасдиқ карда шуда буд.
  2. Нишондодҳои индикаторӣ (дарёфти ҳодисаҳо бо истифода аз таҳлилҳои озмоишгоҳӣ на камтар аз ?2 ҳодиса дар 100000 аҳолӣ, бақайдгирии ҳодисаҳои ба таври озмоишгоҳӣ манфӣ на кам аз 80% дар минтақаҳои маъмурии ҷумҳурӣ бо 100000 нафар аҳолӣ) ҳамчун исботи элиминатсияи вируси маҳаллии гулафшон ба даст оварда нашуд.
  3. Назорати эпидемиологӣ аз болои бемории гулафшон дар якҷоягӣ бо назорати эпидемиологӣ аз болои сурхча гузаронида мешавад ва чун пешина такмилдиҳии минбаъдаро бо истифода аз ташхиси озмоишгоҳии тамоми бемороне, ки доначаҳои ба бемории гулафшон монандӣ доранд, талаб мекунад. Назорати эпидемиологӣ аз рўи бемории гулафшон пеш аз ҳама барои пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ пешбинӣ шудааст, ки он дар ҷумҳурӣ аз соли 2000 то ин замон умуман ба қайд гирифта нашудааст.
  4. Аз соли 2010 то соли 2014 ҳар сол пастшавии дарёфти шумораи гумонбаршудагон ба бемории гулафшон ба назар мерасад. Ҳамагӣ дар солҳои 2010 – 56 ҳодиса, 2011-2012 – 20 ҳодиса, 2013 – 30 ҳодиса ва 2014 – 6 ҳодисаҳои гумонбаршуда ба бемории гулафшон ошкор карда шудааст. Нишондоди ҳодисаҳои ба таври озмоишгоҳи манфӣ ба бемории гулафшон аз 0,3 зиёд намешавад, ҳол он, ки бояд 1 ҳодиса ба 100000 аҳолӣ баробар бошад.
  5. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳисоботи расмии оморӣ “Дар бораи бақайдгирии бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ” аз соли 2008 то соли 2015 ҳамчун давлати озод аз бемории гулўзиндонак ба ҳисоб меравад.
  6. Аммо ба қайд нагирифтани ҳодисаҳои бемории гулўзиндонак ба исботи таъсирнопазирии баланди аҳолӣ нисбат ба ин беморӣ тақвият дода нашудааст, чунки иммунизатсияи нақшавӣ дар байни аҳолии синнашон 16, 26, 36, 46 ва 56 – сола бо сабаби нарасидани маблағҳо гузаронида намешавад, ки ин ба паст шудани масунияти аҳолӣ ба ин беморӣ оварда мерасонад.
  7. Дар солҳои 2011-2015 ягон ҳодисаи эҳтимолии бемории гулўзиндонак ба қайд гирифта нашудаст, аммо аз эҳтимол дур нест, ки ягон ҳодисаҳои нишонаҳои клиникӣ дошта ба гулўзиндонак ба назар гирифта нашуда бошад.
  8. Назорати эпидемиологӣ аз болои бемории гулўзиндонак дар ҳамбастагӣ бо назорати эпидемиологӣ аз болои фалаҷи шадиди суст, сурхча ва гулафшон бурда мешавад, ки ин такмилдиҳиро талаб мекунад.
  9. Барои нигоҳ доштани дастовардҳо ва амалисозии мақсаду вазифаҳои дар пеш гузошташуда дар самти нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемориии фалаҷ, элиминатсияи сурхча, гулафшон ва мубориза бар зидди дигар бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бояд тамоми қувватро ҷиҳати мукаммал намудани системаи муназзами тандурустӣ дар маҷмўъ ба кор андохта шавад, ки ин зарурати таҳияи Барномаи нави миллии иммунопрофилактикаро ба миён меорад.

3. МАҚСАДИ БАРНОМА

  1. Барномаи мазкур барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурўҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кўдак, пурзўр намудани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

4. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

  1. Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборат аст:

– нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ (пешгирии ворид шудани вируси ёбоии фалаҷ аз хориҷи кишвар) то соли 2020;

– элиминатсияи сурхча (пешгирии гардиши вируси маҳаллии сурхча) то соли 2020;

– элиминатсияи гулафшон (пешгирии гардиши вируси маҳаллии гулафшон) то соли 2020;

– пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ, ба даст овардани нишондоди ?1 ҳодиса ба 100000 кўдакони зинда таваллудшуда то соли 2020;

– роҳ надодан ба ҳодисаҳои кузози навзодон то соли 2020;

– ноил шудан ба нишондоди паҳншавии ҳодисаҳои бемории гулўзиндонак камтар аз 0,1 ба 100000 аҳолӣ то соли 2020;

– кабудсулфа камтар аз 1 ҳодиса ба 100000 аҳолӣ то соли 2020;

– назорати эпидемиологии сироятёбии гепатити В. Коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди гепатити В мувофиқи тавсияи “Нақшаи амалии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба ваксина дар солҳои 2015-2020” то соли 2017;

– роҳ надодан ба хатогиҳои кормандони тиб, ки ба ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия оварда мерасонанд, то соли 2020;

– васеъ намудани қисмҳои иммунология ва иммунопрофилактика дар ҷумҳурӣ, дар нақшаҳои таълимии таҳсилоти тиббии муассисаҳои давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино”, “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ва “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то соли 2018;

– коркард ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика аз соли 2017.

  1. Барои ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳо стратегияҳои асосӣ истифода бурда шаванд:

– ноил шудан ба сатҳи баланди масъулияти миллӣ барои таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо кормандони баландихтисоси тиб ва захираҳои моддии зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои дар пеш гузошташуда;

– ноил шудан ба баландшавӣ ва устувор нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ (?95%) бо панҷ вояи ваксинаи зидди фалаҷ, ду вояи ваксинаи сурхча – гулафшон, чор вояи ваксинаи гепатити В дар муҳлатҳои муайяншуда мувофиқи тақвими миллии иммунизатсия, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;

– иммунизатсияи нопурраи кўдакони синни то 1-сола аз соли 2016 то соли 2020 бо вояҳои ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз 1 – ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз 3, ваксинаи даҳонии бемории фалаҷ 1ваксинаи даҳонии бемории фалаҷ 3 бояд дар ҳамаи шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ на беш аз 5 %-ро ташкил диҳад;

– устувор намудани барномаҳои иммунизатсияи нақшавӣ бар зидди бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо роҳи тақвияти ҷузъҳои асосии инфрасохтори мавҷудбудаи иммунопрофилактика;

– баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии иммунизатсия;

– коркарди системаи мониторинги фарогирии иммунизатсия бо мақсади кам кардани шумораи кўдаконе, ки курси пурраи иммунизатсияро ба анҷом нарасонидаанд;

– кам кардани сатҳи имкониятҳои аз даст дода ва шумораи зидди нишондодҳои беасос барои иммунизатсия;

– таълими иловагии мутахассисон ва рушди системаи иттилоотӣ, инчунин коркарди маводи таълимӣ ва робита бо ҷомеа;

– истифодаи чорабиниҳои иловагии иммунизатсионӣ (иммунизатсияи маҳдуд дар манбаъҳои бемориҳои сироятӣ);

– тақвияти низоми назорати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бо роҳи гузаронидани тафтишоти мукаммал ва бо тасдиқи озмоишгоҳии тамоми ҳодисаҳои гумонбаршуда;

– ворид намудани назорати эпидемиологӣ аз рўи ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия дар барномаи таълимии кормандони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз болои бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда;

– беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумоти сифатнок ва дақиқ оид ба манфиат ва хатарҳо, вобаста ба иммунизатсияи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи маориф, пешвоёни дин, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, табибони оилавӣ, кормандони миёнаи тиб ва фаъолони касбии омўзонидашуда дар соҳаи тандурустӣ;

– гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома.

5. ТАШКИЛИ КОРГУЗОРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИММУНИЗАТСИОНӣ ВА УҲДАДОРИҲО

  1. Барномаро дар ҷумҳурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Таъмини ҳамоҳангсозии Барнома дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба зиммаи муовини якуми вазир, муовини вазир – сардухтури давлатии санитарӣ гузошта шудааст. Идоракунии барномаи иммунизатсияро раёсатҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кўдак ва танзими оила, ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ амалӣ менамоянд.
  2. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” масъули асосӣ барои амалисозии тамоми самтҳои Барнома ба ҳисоб рафта, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: ёрии ташкилию дастурӣ, хамоҳангсозии амалҳои хизматрасониҳои тиббӣ оид ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, амалисозии чорабиниҳои Барнома, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот доир ба самтҳои асосии Барнома. Дар сатҳи вилоятӣ идоракунии Барнома ба зиммаи сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва дар сатҳҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба зиммаи менеҷерони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сартабибони беморхонаҳои марказӣ гузошта мешавад.
  3. Дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, минтақаҳои Қўрғонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Рашт, идоракунии ташкилӣ – дастурӣ ба зиммаи филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зиммаи Маркази иммунопрофилактика гузошта шудаанд.
  4. Барои амалисозии Барнома, шабакаи мавҷудбудаи Маркази иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуди шаҳру ноҳияҳо истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ, дар маҷмўъ зиёда аз 3000 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд бо иммунизатсия машғуланд. Дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд бар зидди бемориҳои фалаҷ, сил ва гепатити В иммунизатсия гузаронида мешавад.
  5. Иммунизатсия яке аз хизматрасониҳои асосии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб рафта, маҷмўи асосии фаъолияти худро дар самти иммунизатсияи кўдакон, наврасон ва калонсолон амалӣ мегардонад. Дар шаҳрҳо иммунизатсия аз ҷониби марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои тибби оилавӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд, дар деҳот аз ҷониби марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ гузаронда мешавад. Барои иммунизатсияи минтақаҳои дурдасти аҳолинишин гурўҳҳои сайёр ва мобилӣ аз ҳисоби кормандони тибби шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ташкил карда мешаванд.
  6. Ба муассисаҳои дар боло қайдгардида уҳдадориҳои зерин гузошта мешаванд:

– тартибдиҳии нақшаи иммунизатсияи кўдакон мувофиқи фармоиши тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, № 643 “Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда”;

– баҳисобгирии миқдори зарурии тамоми намуди ваксинаҳои барои фарогирии иммунизатсияи гурўҳи мақсаднок пешбинишуда бо дарназардошти захираи онҳо;

– риояи қатъии усулҳои бехатар гузаронидани иммунизатсия;

– баҳисобгирии иммунизатсия (дафтари қайди иммунизатсия), таърихи инкишофёбии кўдак (шакли 112), корти қайди иммунизатсияи кўдак (шакли 63), шиносномаи иммунизатсияи кўдак ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ – ҳисобот оид ба иммунизатсия ва баҳисобгирии ваксинаҳо (шакли 2);

– назорат ва баҳисобгирии ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;

– риояи қатъии тартиби амалиётҳои стандартӣ оид ба занҷири хунукитаъминкунанда;

– истифодаи оқилона, назорати даромаду хароҷоти ваксинаҳо, сўзандоруҳо ва қуттиҳо барои бехавф маҳв намудани маводи тазриқии истифодашуда (дафтари назорати ваксинаҳо, сўзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар);

– таъмини системаи пайгирӣ аз рўи кўдаконе, ки иммунизатсияро ба пуррагӣ нагирифтаанд (яъне вояи ваксинаи навбатиро сари вақт қабул накардаанд);

– асосноккунии зидди нишондодҳо, гузаронидани иммунизатсияҳои пешгирикунанда ва таҳлили зидди нишондодҳои мавҷудбуда;

– фарогирии баланди иммунизатсияи кўдакон дар соли аввали ҳаёташон;

– гузаронидани таҳлили ҳармоҳаи иҷрои нақшаи иммунизатсияи солона, моҳона, имкониятҳои аздастдодашуда бо тартибдиҳии диаграммаҳои мониторинги иммунизатсия ва иммунизатсияи ба итмом норасонида;

– баҳодиҳии мунтазами сатҳи дастрасӣ (сатҳи фарогирии иммунизатсияи кўдакони то 1-сола (?95%)) ва самаранокии (иммунизатсияи ба итмом норасонида (?5%)) хизматрасонии соҳаи иммунопрофилактика;

– муҳокима намудани масьалаҳои иммунопрофилактика дар шўрои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

  1. Ташкил кардан ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии иммунизатсия:

а) вазифа – баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва самаранокии иммунизатсия барои ҳар як кўдак, паст кардани имкониятҳои аздастдода ва иммунизатсияи ба итмом норасонида, дар он хусус, ки ягон кўдак бе асос иммунизатсия ногирифта намонад;

б) стратегия – ноил шудан ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани фарогирии иммунизатсия барои кўдакони синну соли то 1-сола ва иммунизатсияи такрорӣ (?95%) мувофиқи вазифаҳо оид ба сатҳи фарогирии иммунизатсия (замимаи 1);

в) гузарондани иммунизатсияи нақшавӣ бо истифода аз:

– сессияҳои доимӣ;

– сессияҳои сайёр;

– ташкил намудани бригадаҳои мобилӣ бо истифода аз манбаъҳои иловагии маҳаллӣ барои нақлиёт ва сўзишворӣ;

г) тақвими миллии иммунизатсия – ҳуҷҷатест, ки муҳлат ва тартиботи ба аҳолӣ гузарондани иммунизатсияро муқаррар мекунад (замимаи 2);

ғ) барои ташкили коргузории иммунизатсия, аҳамияти аввалиндараҷа ба дуруст ва пурра бақайдгирии тамоми кўдаконе, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунанд, мавҷудияги ҳуҷҷатҳо барои ҳар як кўдак, бақайдгирии аниқи кўдаконе, ки иммунизатсия гирифтаанд ва онҳое, ки иммунизатсияро мувофиқи муҳлатҳои дар тақвим пешбинишуда нагирифтаанд, дода мешавад. Ҳамаи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бояд нақшаи иммунизатсияи кўдаконро дошта бошанд;

д) дар нақша маълумоти рақамӣ оид ба шумораи аҳолӣ, миқдори ваксинаҳои зарурӣ, чорабиниҳо ва манбаъҳои лозима барои гузарондани иммунизатсияи нақшавӣ бояд нишон дода шавад. Диққати махсус бояд ба пуррагии сатҳи фарогирии иммунизатсия дар байни гурўҳҳои осебпазир (маҳаллаҳои душворгузар, бо ақаллиятҳои этникӣ, географӣ, бо кормандони тиб таъмин набудани баъзе аз муассисаҳои тиббии дурдаст, маҳаллаҳои лўлинишин) дода шавад:

– тақвият додани сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани зидди нишондодҳои беасос ва кафолат додани он, ки танҳо кормандони тибби шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ метавонанд хулосаи охиронро оид ба нишондодҳои зид диҳанд;

– бо мақсади дарёфти мушкилоти вобаста ба дастрасӣ ва паст будани самаранокии хизматрасониҳои иммунизатсионӣ ва муайян намудани ҳудудҳое, ки ба чораҳои аввалиндараҷа ниёз доранд, инчунин андешидани чораҳо барои бартараф намудани онҳо, дар сатҳи ҳар як муассисаи тиббии шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, “Таҳлили миқдории маълумот” ҷорӣ карда шавад.

  1. Ваксинаҳо:

а) дар маҷмўъ, тамоми хизматрасониҳои иммунопрофилактика дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ройгон гузаронида мешаванд:

– ташкил намудани таъминот бо ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ, бартарияти муҳими барнома ба ҳисоб меравад;

– дастраскунии ваксинаҳое, ки барои амалигардонии барномаи миллӣ лозиманд, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ба воситаи филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ва Маркази иммунопрофилактика дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Тамоми ваксинаҳо аз ҷониби Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Копенгагени Шоҳигарии Дания ҷойгир буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” харидорӣ карда мешаванд;

– барои бомуваффақият амалисозии Барнома, таъминоти пурра ва доимии ваксинаҳо ва дигар маводи иммунизатсионӣ лозим аст;

б) талабот ба ваксинаҳо – тамоми ваксинаҳое, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешаванд, бояд безарар, қобилияти иммуногении баланд дошта, дорои сертификати сифати мутобиқати талаботи байналмилалӣ ба маводи иммунобиологиро дошта бошанд:

– ваксинаҳое, ки аз ҷониби Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид барои иҷрои мақсадҳои барномаи васеи иммунизатсия дар Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд, сифати боварии комилро доро мебошанд. Тамоми ваксинаҳое, ки тавассути системаи Созмони Милали Муттаҳид харидорӣ карда мешаванд, дорои сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд;

– ба тамоми ваксинаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, аз тарафи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ сертификати мутобиқат дода мешавад;

– арзёбии идоракунии самараноки ваксинаҳо дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2012 гузаронида шуда буд, нишон дод, ки идоракунии ваксинаҳо ва мониторинги захираҳо дар ҷумҳурӣ мувофиқи талабот амалӣ карда мешавад;

в) вазифа – баланд бардоштани идоракунии самараноки ваксинаҳо ва идоракунии сифат;

г) қисми асосии системаи идоракунии самараноки ваксинаҳо ва идоракунии сифатро тартиби амалиётҳои стандартӣ ташкил медиҳад, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия карда шудааст;

ғ) бо мақсади таъмин намудани идоракунии самараноки ваксинаҳо ва назорати сифат дар соли 2015 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар якҷоягӣ бо Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, тартиби амалиётҳои стандартиро коркард намуданд, ки дар нуҳ меъёр (қабули ваксинаҳо, мониторинги ҳарорат, ҳаҷми нигоҳдорӣ, бино, таҷҳизот ва нақлиёт, хизматрасонии техникӣ ва таъмир, назорати захираҳо, тақсимот, борбандии яхдонҳои сайёр, идоракунии ваксинаҳо ва идоракунии барномавии умумӣ) ба шароити миллӣ мутобиқ карда, ба филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, Маркази иммунопрофилактика, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва роҳбарони соҳаи иммунопрофилактика барои дар амал татбиқ намудан пешниҳод карда шуданд.

  1. Занҷири хунукитаъминкунанда ҷузъи муҳими иммунопрофилактика ба ҳисоб меравад, зеро ҳамаи ваксинаҳо бо мурури вақт, махсусан ҳангоми таъсири гармӣ ва баъзеи онҳо бо сабаби таъсири яхбандӣ, фаъолияти худро гум мекунанд:

а) вазифа – риояи қатъии талаботи ваксинаҳо дар ҳама марҳилаҳо, ҳангоми интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ дар яхдон ё дар хонаяхдон, инчунин ҳангоми истифодабарии он дар вақти гузарондани иммунизатсия дар муассисаҳои тиббӣ;

б) стратегияҳо – ташкил намудани занҷири хунукитаъминкунанда, ки се ҷузъи муҳимро дар бар мегирад:

– мутахассиси омўзонидашуда, ки бевосита бо таҷҳизоти хунукитаъминкунанда кор мекунад;

– таъминот бо таҷҳизоти хунукитаъминкунанда барои нигоҳдорӣ ва интиқолдихии ваксинаҳо;

– амалӣ намудани тартиби назорат аз рўи тақсимот ва истифодабарии ваксинаҳо;

в) барои таъмин намудани занҷири хунукитаъминкунанда дар солҳои 2016-2020:

– идома додани бозомўзии мутахассисон дар тамоми сатҳҳо оид ба тартиби амалиётҳои стандартӣ доир ба таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда;

– дар сатҳи анбори марказӣ ва анборҳои вилоятӣ ваксинаи даҳонии зидди бемории фалаҷ (ВДБФ) дар ҳарорати -15 -25 С°  нигоҳ дошта мешаванд (ҳарорати мувофиқ барои нигоҳдории ваксинаҳои дигар +2+8 С° );

– дар марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббию профилактикӣ нигоҳдорӣ ва интиқоли тамоми ваксинаҳо дар ҳарорати +2 +8  С°  таъмин карда шавад;

– муқаррар намудани ҳисоботи мунтазам оид ба мавҷудият ва ҳолати техникии таҷҳизоти хунукитаъминкунанда;

– банақшагирии хизматрасонии техникии таҷҳизоти хунукитаъминкунанда ва таъмири онҳо, дастур додани мутахассисоне, ки бо ин таҷҳизот кор мекунанд;

– вобаста намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дастгирии иловагии харидории таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда ба муассисаҳои тиббии дахлдор (замимаи 3);

– таъмин намудани иҷрои тартиби амалиётҳои стандартӣ оид ба таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда;

– дар тамоми муассисаҳои тиббие, ки ваксинаҳо нигоҳ дошта мешаванд, “Нақшаи чорабиниҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда”, ки метавонад ба бехатарии ваксинаҳо таъсир расонанд, тартиб дода шавад.

  1. Иммунизатсияи бехатар бояд дар ҳама ҷо, тибқи сиёсати миллӣ ва пешниҳодҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, бо риояи қоидаҳои асосии бехатарӣ, гузаронида шавад:

– дар ҷои тозаи махсус ҷудокардашуда (ақаллан дар мизи алоҳида);

– дар ҷараёни омодашавӣ ва гузаронидани иммунизатсия ба сўзан бояд даст нарасонанд, инчунин ба рўйпўшҳои тамйизнабуда сўзан бояд нарасад;

– барои тоза кардани ҷои иммунизатсия, танҳо пахтаи тамйизёфта истифода бурда шавад;

– ваксинаро танҳо ҳамон вақте, ки кўдак ба иммунизатсия тайёр мебошад ба сўзандору гирифтан лозим аст;

– дар давоми сессияи иммунизатсионӣ ваксина бояд дар зери қабати поролонии ҷузвдони ҳароратӣ (термосумка) нигоҳ дошта шавад;

– ваксинаҳои зинда бояд танҳо бо ҳалкунандаҳои ҳамон истеҳсолкунандаи ваксина ҳал карда шаванд;

– ваксинаҳои зинда (ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ), сурхчагулафшон) баъди ҳалкуниашон танҳо дар давоми шаш соат бояд истифода бурда шаванд;

– зарфҳои бо ваксинаҳои ҳалшуда аз нурҳои офтоб ҳимоя карда шаванд;

– вояи пурраи ваксинаро бояд ба ҷойи муайяншуда ва ба таври дуруст ворид кард (китф, рони пой, зери пўст, дохили пўст, дохили мушак);

– талафи ваксинаҳо мувофиқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бояд ба инобат гирифта шавад (замимаи 4).

  1. Мониторинг ва баҳодиҳӣ:

– мониторинг – ин назорати мунтазам аз рўи нишондодҳои “индикаторӣ”-и аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсиядодашуда мебошад, ки имконияти баҳодиҳии сифат ва самаранокии иҷрои самтҳои асосии Барномаро амалӣ мегардонад;

– мониторинги мунтазам ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома барои ошкор намудани он қисмҳое, ки ба такмилдиҳӣ ниёз доранд, зарур мебошад, инчунин барои дастрас намудани маълумоте, ки мувофиқ ва сифатнок будани маълумоти пешниҳодгардидаро тасдиқ мекунад;

– ин махсусан барои баҳодиҳии мақсад ва вазифаҳои дар Барнома гузошташуда оид ба паст ва маҳв намудани бемориҳои сироятии пешгиришаванда то соли 2020 муҳим аст;

– мониторинг, таҳлили фарогирии иммунизатсия ва назорати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бояд дар сатҳи ҳамаи минтақаҳои маъмурӣ ва муассисаҳои тиббӣ амалӣ гардонида шавад (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сохтори госпиталӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳрҳо ва дар сатҳи ҷумҳурӣ). Системаи мониторинги боэътимод дар бар мегирад: фарогирии иммунизатсия, сифат ва бехатарии ваксинаҳо, тазриқҳои бехатар, занҷири хунукитаъминкунанда ва назорати эпидемиологӣ аз болои ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;

– илова ба мониторинги нақшавӣ, мебояд таҳлили амиқи даврии системаи иммунопрофилактика ва назорати эпидемиологиро аз рўи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронд, ки ин имконияти баҳодиҳии сифатнокӣ, пуррагӣ, қобили истифода будан ва самаранокии онро фароҳам меоварад;

– мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурўҳҳои мониторингиро барои гузаронидани мониторингҳои мунтазами фаъолияти соҳаи иммунопрофилактика дар муассисаҳои тиббии дахлдор, бо воситаҳои нақлиёт ва сўзишворӣ таъмин намоянд.

6. НАЗОРАТИ ЭПИДЕМИОЛОГӣ

  1. Дар ҷумҳурӣ ба системаи назорати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ҳамаи муассисаҳои тиббии амбулаторӣ ва статсионарие, ки аҳолӣ метавонад муроҷиат кунад, ворид шудаанд. Барои фаъолияти босамари ин система, ҳамоҳангии дақиқи доимии байни онҳо бояд ба роҳ монда шуда бошад.
  2. Мақсади фаъолияти системаи назорати эпидемиологӣ дар марҳилаи маҳв намудани бемории фалаҷ, элиминатсияи сурхча, гулафшон, кузози навзодон – ин бақайдгирии ҳар як ҳодиса мебошад.
  3. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз даст надодани ягон ҳодисаи беморӣ, ҷустуҷўи фаъоли ҳодисаҳо бо роҳи ташрифи ҳарҳафтаина ба муассисаҳои тиббии таҳти назоратбуда, ки аксар вақт беморон барои муоина ва муайян намудани бемориҳое, ки аломатҳои монанд доранд, муроҷиат мекунанд, назорати эпидемиологӣ бурда мешавад.
  4. Назорати эпидемиологӣ аз рўи сурхча, гулафшон, алоими гулафшони модарзодӣ, гулўзиндонак, ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия дар ҳамбастагӣ бо назорати эпидемиологии фалаҷи шадиди суст бурда мешавад.
  5. Назорати фаъоли эпидемиологӣ – ин стратегияе мебошад, ки барои “фаъолона ошкор намудани ҳодисаҳои бемориҳои бо воситаи иммунизатсия идорашаванда ва ҷамъ намудани маълумот аз тарафи кормандони тиббе, ки мунтазам ба муассисаҳои тиббӣ ташриф меоранд” (ба ҷои “ғайрифаъолона” интизор шудани ҳисоботи чунин ҳодисаҳо) ба роҳ монда шудааст.
  6. Фаъолияти системаи назорати эпидемиологӣ:

– истифодабарии муқаррароти стандартии муайян намудани ҳодисаҳо, ки аз тарафи Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ коркард шудааст;

– ошкор кардани ҳодисаҳо;

– бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ;

– расонидани хабарнома оид ба дарёфти ҳодисаҳо ба идораҳои боломақом дар муддати ?24 соат;

– гузаронидани тафтишоти эпидемиологии дақиқ дар муддати ?48 соат аз лаҳзаи дарёфт бо пур намудани шакли тафтишотӣ;

– гирифтани мавод барои ташхиси озмоишгоҳӣ ва интиқоли он ба ташхисгоҳ;

– гузаронидани таҳлили озмоишгоҳӣ дар озмоишгоҳҳои боварибахши Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;

– таҳти назорат гирифтани беморон бо фалаҷи шадиди суст, сурхча, гулафшон, гулўзиндонак, ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия; – чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар манбаи беморӣ, иммунизатсияи маҳдуд дар маҳаллаҳои аҳолинишин;

– пуррагӣ ва саривақтии хабарномаҳои “сифрӣ”-и ҳафтаина бо ҳисоботи моҳона;

– фарогирии иммунизатсия сол ба сол, дар минтақаҳои маъмурӣ, муассисаҳои тиббӣ;

– иммунизатсияи ба итмом норасида дар минтақаҳои маъмурӣ, муассисаҳои тиббӣ, сол ба сол;

– шумораи ҳодисаҳо ва нишондодҳои бемориҳо мувофиқи синну сол, ҷинс ва вазъи иммунизатсионӣ;

– назорат ва таҳлили нишондодҳои стандартии сифатнокии назорати эпидемиологӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия шудааст, бо қабул намудани қарорҳои мушахасс;

– омўзонидани кормандони тамоми сатҳҳо оид ба масъалаҳои назорати эпидемиологӣ;

– нигоҳ доштани алоқа бо мутахассисоне, ки маълумоти авваларо пешниҳод менамоянд.

7. ВОРИДКУНИИ ВАКСИНАҲОИ НАВ

  1. Аз давраи ташкилёбии барномаи васеи иммунизатсия дар соли 1974 миллионҳо ҳодисаҳои фавт, маъюбӣ, ки сабабгорашон шаш адад бемориҳои мақсадноки барномаи васеи иммунизатсия буданд, пешгирӣ карда шудаанд (сил, гулўзиндонак, кузоз, кабудсулфа, фалаҷ ва сурхча). Айни ҳол, ваксинаҳо бар зидди дигар бемориҳои сироятӣ низ истеҳсол мешаванд, ки барои тандурустии ҷамъиятӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ё дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 сар карда ваксинаи гепатити В, соли 2008 – ваксинаи пентавалентӣ, соли 2009 – ваксинаи сурхча-гулафшон ва аз соли 2015 ваксинаи ротавирусӣ ба Тақвими миллии иммунопрофилактика ворид карда шуданд.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани стратегияи Созмони Милали Муттаҳид “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” дар давоми солҳои 2016-2020 дар қатори ваксинаҳои мавҷудбуда мақсади ворид намудани дигар ваксинаҳои навро дорад:

а) аз соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз нав ҷорӣ намудани иммунизатсия дар байни:

– наврасон ва калонсолон бар зидди гулўзиндонак ва кузоз бо анатоксини ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо;

– занҳои ҳомила бар зидди кузоз бо анатоксини бар зидди бемории кузоз;

б) иваз намудани ваксинаи сурхча – гулафшон ба ваксинаи сурхчапаротит-гулафшон;

в) аз соли 2017-ум ворид намудани ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сўзандору гузаронида мешавад;

г) ворид намудани ваксинаи пневмококкӣ аз соли 2018;

ғ) ворид намудани ваксинаи зидди саратони гарданаки бачадон аз соли 2020.

8. САФАРБАРКУНИИ ИҶТИМОӣ

  1. Стратегияҳои асосӣ – ин таҳияи маводи иттилоотию таълимӣ барои кормандони тиб ва аҳолӣ мебошанд.
  2. Барои ноил шудан ба стратегияҳо:

– беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти эътимоднок оид ба бартариҳо ва хатарҳои иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда барои кормандони тиб ва аҳолӣ;

– давом додани омўзиши кормандони тиб оид ба муоширати байни шахсиятҳо;

– васеъ истифода бурдани иқтидори рўзноманигорон барои баён намудани масъалаҳои иммунизатсияи нақшавӣ;

– ворид намудани дарсҳои омўзишӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмин намудани вақти кофӣ барои фаҳмондадиҳии оилаҳое, ки кўдаконашонро ба иммунизатсия меоранд;

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чораҳоро оид ба зиёд намудани барномаҳои тарғиботӣ дар бораи моҳияти иммунизатсия ва бехатарии ваксинаҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио ва интернет) биандешад;

– Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” – пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашавандаро дар фаъолияти худ ҳамчун яке аз афзалияти асосии кори худ дохил намояд.

9. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

  1. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии иммунизатсия, Кумитаи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика бояд тибқи тартиби муқарраргардида кори худро бо ташкилотҳои байналмилалӣ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо) барои дастгирии минбаъдаи Барнома тибқи муқаррароти қонунгузорӣ давом диҳад.
  2. Ҷустуҷўи шарикони нав барои мусоидат намудан ҷиҳати амалисозии Барнома.

10. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия ҳамчун Барномаи афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2005 ҷумҳурӣ дар масъалаи таъминот бо ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ – ҳамчун давлати аз донорҳо вобаста ба ҳисоб мерафт. Аз соли 2005 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани маблағро барои хариди ваксинаҳо ва дигар маводҳои иммунизатсионӣ оғоз намуд. Аз он вақт сар карда, ҳиссаи маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи иммунопрофилактика ҳарсола зиёд шуда истодааст.
  2. Барнома дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети соҳаи тандурустӣ барои иммунизатсия пешбинӣ шудаанд ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар самти пешгирии бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда фаъолият мекунанд, маблағгузорӣ карда мешавад: таъмин намудани харидории ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ, таҷҳизоти хунукитаъминкунанда, назорат аз рўи бемориҳои сироятӣ, омўзиш ва ғайра. Барои амалӣ гардонидани Барнома ва қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ барои солҳои 2016-2020 ҳамагӣ 34885327 (сию чор миллиону ҳаштсаду ҳаштоду панҷ ҳазору сесаду бисту ҳафт) доллари ИМА зарур аст. Аз миқдори умумии маблағҳои зарурӣ 19469735 (нуздаҳ миллиону чорсаду шасту нуҳ ҳазору ҳафтсаду сию панҷ) доллари ИМА (56%) аз ҳисоби Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, 3900000 (се миллиону нуҳсад ҳазор) доллари ИМА (11%) аз ҳисоби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон барои солҳои 2016-2019 ва 5000000 (панҷ миллион) доллари ИМА (14%) аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети соҳаи тандурустӣ барои харидории ваксинаҳо пешбинишуда, дастгирӣ карда мешавад. Маблағи норасоии амалисозии Барнома бошад 6515592 (шаш миллиону панҷсаду понздаҳ ҳазору панҷсаду наваду ду) доллари ИМА (19%)-ро ташкил медиҳад, ки ин маблағҳо ҳам аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, амалӣ карда мешаванд (замимаи 5).
  3. Барои амалисозии ҳамаҷонибаи Барнома зарур аст:

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон давом дода, барои рушди стратегияҳо ва расидан ба дастовардҳои мустақилонаи иқтисодии (худмаблағгузорӣ) Барнома ва хизматрасонии иммунизатсия бояд чораҳо андешад;

– ба сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳрҳо, менеҷерони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сартабибони беморхонаҳои марказӣ бо дархост баромадан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои зиёд намудани саҳми онҳо дар маблағгузории Барнома (инчунин барои харидории яхдонҳо, хизматрасонии техникӣ, омўзишҳо, фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар хароҷот).

Замимаҳои 1-5

               Замимаи 1

Вазифаҳо оид ба сатҳи фарогирии иммунизатсия

Ваксинаҳо 2016 2017 2018 2019 2020
1) БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) 98% 98% 98% 98% 98%
2) ВҶТГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз) 95% 95% 95% 95% 95%
3) Пентавалентӣ 95% 95% 95% 95% 95%
4) ВҶГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) 95% 95% 95% 95% 95%
5) Сурхча/гулафшон 95% 95% 95% 95% 95%
6) ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) 95% 95% 95% 95% 95%
7) Ротавирусӣ 95% 95% 95% 95% 95%
8) ВҒБФ (ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сӯзандору гузаронида мешавад) 95% 95% 95% 95% 95%
9) Гепатити В 98% 98% 98% 98% 98%

Замимаи 2

Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ваксинаҳо

 

 

Синну сол
Иммунизатсия Иммунизатсияи такрорӣ
*ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) 0-дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд, 2,3 ва 4-моҳагӣ 12 – моҳа
**Гепатити В дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд
БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) 3-5 рӯзи баъд аз таваллуд 6,16 – сола
Пентавалентӣ (ВҶКГК, Hib, гепатити В) 2-3-4 – моҳа
Сурхча — гулафшон 12 – моҳа 6 – сола
ВҶКГК-4(ваксинаи ҷабидашудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) 16-23-моҳа
Гулӯзиндонак ва кузоз (ВҶГК) 6 – сола
Гулӯзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо (ВҶГК-М) 16-26-36-45-56 – сола
Ротавирусӣ 2-3 – моҳа
Ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ

***(ВҒБФ)

3 – моҳа

* Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи сифрии ВДБФ-ро нагирифта бошад, бояд ӯ иммунизатсияро дар давоми 14 рӯзи баъд аз таваллуд гирад.

** Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи гепатити В нагирифта бошад, бояд ба ӯ дар давоми 7 рӯзи баъди таваллуд иммунизатоия гузаронида шавад.

*** Ҷорикунии ваксинаи ВҒБФ аз соли 2017-ум ба нақша гирифта шудааст.

Замимаи 3

Талабот ба яхдонҳо барои муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Минтақа Марказҳои саломатии деҳотӣ (адад) Бунгоҳҳои саломатӣ (адад)
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 159
Минтақаи Рашт 8 101
Минтақаи Кӯлоб 7 84
Минтақаи Қӯрғонтешга 228
Вилояти Суғд 16 178
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла: 125
н. Рӯдакӣ 41
ш, Ваҳдат 31
н. Файзобод 15
ш. Ҳисор 14
ш. Турсунзода
н. Варзоб 22
н. Шаҳринав 2
Ҳамагӣ: 51 875

                                                                                                                                                                               Замимаи 4

Вазифаҳо оид ба нишондоди талафи ваксинаҳо

Ваксинаҳо 2016 2017 2018 2019 2020
1) БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) 25% 25% 25% 25% 25%
2) ВҶКГК (ваксинаи ҷабидашудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) 20% 20% 20% 20% 20%
3) Пентавалентӣ 5% 5% 5% 5% 5%
4) ВҶГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) 20% 20% 20% 20% 20%
5) Сурхча/гулафшон 20% 20% 20% 20% 20%
б) ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) 20% 20% 20% 20% 20%
7) Ротавирусӣ 5% 5% 5% 5% 5%
8) ВҒБФ (ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сӯзандору гузаронида мешавад) 20% 20% 20% 20% 20%
9) Гепатити В 5% 5% 5% 5% 5%

                                                                                                                                                                                         Замимаи 5

Талабот ба ваксинаҳо ва маводи тазриқӣ барои

иммушазатсияи нақшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваксинаҳо

 

 

Соли 2016 Соли 2017 Соли 2018 Соли 2019 Соли 2020
Гурӯҳи мақсад-нок (нафар) Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди сарфиёт ва 25% захираи эҳтиётӣ (воя) Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА Гурӯҳи мақсаднок (нафар) Миқдори умумии вояҳо 6о ҳисоби

нишондоди

талаф (воя)

Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА Гурӯҳи мақсаднок (нафар) Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА Гурӯҳи мақсаднок (нафар) Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА Гурӯҳи мақсаднок (нафар) Миқдорк умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА
БСЖ

(20 – воягӣ)

274000 455525 31887 282768 376081 26326 291817 388117 27168 301155 400536 28038 310792 413353 28935
Пентавалентӣ

(1 – воягӣ)

274000 1078875 2805075 282768 890719 2315869 291817 919224 2389982 301155 948638 2466459 310792 978995 2545387
ОПВ

(20 – воягӣ)

274000 1616600 339486 282768 1334665 280280 291817 1377376 289249 301155 1761251 369863 310792 1817610 381698
Гепатити В

(1 – воягӣ)

274000 359625 136658 282768 296906 112824 291817 306408 116435 301155 316213 120161 310792 326332 124006
Ротавирусӣ

(1 – воягӣ)

274000 719250 14744″ 282768 593813 1217317 291817 612816 1256273 301155 632426 1188961 310792 652663 1227006
ИПВ

(10 – воягӣ)

274000 404150 767885 282768 333666 633965 291817 344344 654254 301155 355363 675190 310792 366735 696797
Сурҳча

гулафшон

(10 – воягӣ)

262000 435575 252634 270384 359611 208574 279036 371118 215248 247298 711899 412901 297180 734681 426115
АКДС

(10 – воягӣ)

262000 435575 87115 270384 359611 71   922 279036 37Ш8 74224 287965 382993 76599 297180 395249 79050
АДС –

(10 – воягӣ)

225000 374062 44887 232200 308826 37059 239360 318708 38245 247298 328906 39469 255212 339432 40732
Ваксинаҳо     6344326     5237873     5405495     5470955     5646026
Сӯзандоруҳо     223815     184780     190696     168666     174062
Фрахт+хиз-матрасонӣ+ буфер     1323769     1092902     1127878     1128979     1165105
Маблағи умумӣ     7891910     6515 555     6724069     6768600     6985193

 Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2016, № 456

тасдиқ шудааст

Нақшаи

чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

р/т Чорабиниҳо Иҷрокунандагон Муҳлати татбиқ Маблағ бо доллари ИМА Сарчашмаи маблағгузорӣ
1. Такмили соҳаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи тақвияти базаи моддию техникӣ
1.1. Беҳтар намудани заминаи моддию техникии марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 93750,00 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
1.2. Нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
1.3. Назорати фаъоли эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
1.4. Мониторинг ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
1.5. Тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҷустуҷӯ намудани шарикони нав барои расонидани кумак дар амалигардонии Барнома Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020
2. Такмили барномаҳои омӯзишӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва инчунин баланд бардоштанн сатҳи дониши мутахассисони соҳа, махсусан тайёрии тодипломӣ ва баъдмидипломии мутахассисон
2.1. Васеъ намудани қисмҳои иммунология ва иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
2.2. Ворид намудани сессияҳои омӯзишӣ оид ба қисмҳои соҳаи иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
2.3. Мунтазам гузаронидани семинарҳои таълимӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 15000,00 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ

 

 

 

3. Харидорӣ, интиқол ва таъмин намудани нигоҳдории ваксинаҳо бо

риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда

3.1. Таъмини талаботи аҳолӣ бо ваксинаҳои сифатнок Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 34, 885, 327 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
3.2. Беҳтар намудани системаи занҷири хунукитаъминкунанда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 6250,00 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
3.3. Тартиб додан ва ҷорӣ намудани “ТАС оид ба ИСВ” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳон пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
3.4. Баргузор намудани омӯзишҳои таълимӣ дар байни кормандони тиб оид ба ТАС Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
3.5. Мониторинги мунтазами иҷрои ТАС оид ба ИСВ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
3.6. Гузаронидани баҳодиҳии ИСВ ва пешниҳод намудани тавсияҳо барои такмили он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
4. Сафарбаркунии иҷтимоӣ
4.1. Таҳияи маводи иттилоотию таълимӣ барои кормандони тиб ва аҳолӣ оид ба самаранокии иммунизатсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 500 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
4.2. Омӯзипш кормандони тиб оид ба ташвиқот ва сафарбаркунӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
4.3. Истифода намудани рӯзномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои ташвиқоти иммунизатсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 200 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
4.4 Беҳтар намудани дастраснокии маълумоти сифатнок ва дақиқ оид ба манфиатҳои иммунизатсия дар байни аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2016-2020 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
5. Ворид намудани ваксинаҳои нав
5.1. Ворид намудани ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ (ИПВ) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2017 Кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
5.2. Аз нав амалӣ гардонидани иммунизатсия дар ҷумҳурӣ дар байни наврасон ва калонсолон бар зидди гулӯзиндонак ва кузоз бо ваксинаи ВҶГКк Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2017 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
5.3. Ворид намудани анатоксин бар зидди кузоз дар байни занони ҳомила (АК) Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

2017 Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
5.4. Иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-паротит-гулафшон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2017 Маблағхри пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ
5.5 Ворид намудани ваксинаи пневмококкӣ ба тақвими миллии иммунизатсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2018 Кумаки ташкилотҳои байналминалӣ
5.6. Ворид намудани ваксинаи зидди саратони гарданаки бачадон ба тақвими миллии иммунизатсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2020

Кумаки ташкилотҳои байналмалалӣ

 

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …