Главная / Илм / ИМТИЁЗҲО БАРОИ ЗАНОНИ ҲОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР

ИМТИЁЗҲО БАРОИ ЗАНОНИ ҲОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР

imtiyoz-baroi-zanoni-homilaИМТИЁЗҲО БАРОИ ЗАНОНИ ҲОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР. Қонун ба занони ҳомила ва занони фарзанддор бисёр имтиёзу бартариҳои иҷтимоӣ муқаррар кардааст. Онҳо ба занон барои пайвастани қарзи модарӣ ҳар чӣ бештар бо иштирокашон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ имконият медиҳанд. Аз ҳамин сабаб занони ҳомила ва занони кӯдаки ширмак доштаро ба кор қабул накардан ва дар кадом асосе, ки набошад, бо ташаббуси маъмурият аз кор холӣ кардан, мумкин нест. Ба ин фақат дар мавридҳое роҳ медиҳанд, ки агар корхона, муассиса, ташкилот пурра барҳам дода шавад. Дар ин вақт ҳам ҳатман онҳоро бо кор таъмин кардан лозим аст. Танҳо ва маҳз ба сабаби ҳомила будан ё кӯдаки ширмак доштанашон ба кор қабул накардани занон ё аз кор холӣ кардани онҳо ҷиноят аст ва барои ин шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
Агар зани ҳомила мувофиқи аҳволи саломатиаш мӯҳтоҷи ба кори дигари сабуктар гузаронидан бошад, маъмурият дар асоси хулосаи духтур ба ӯ бояд бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат кори муносиб ёфта диҳад. Занони кӯдакашон ширмак ҳам аз чунин имтиёзҳо истифода мебаранд (онҳоро ба дигар кор мувофиқи аризаашон мегузаронанд ва хулосаи духтур лозим нест). Қонун мафҳуми кори сабуктарро муайян намекунад ва мӯҳлати ба чунин кор гузарониданро маҳдуд наменамояд; ин ба шароити мушаххаси меҳнат, инчунин ба хулосаи духтур вобаста аст (дар он маҳз чӣ гуна сабукӣ зарур буданаш нишон дода мешавад). Дар ҳар ҳолат кори дигар бояд аз кори пештараи зан сабуктар ва ба шароит мувофиқтар бошад. Масъалаи ба кори дигар нагузаронданро баъди дида баромадани комиссияҳои баҳсҳои меҳнатӣ ва таъминоти иҷтимоии иттифоқи касаба ҳал намудан мумкин аст. Агар занон то давраи ба кори дигар гузаштан аз рӯи шароити меҳнат имтиёзҳо дошта бошанд (рухсатии иловагӣ барои кори шароиташ зарарнок, рӯзи кори нормааш номуқаррар, стажи муттасили кор, мукофотпулӣ барои хизмати бисёрсола ва ғ.), онҳо баъди ба кори дигар гузаштан ҳам, нигоҳ дошта мешаванд.
Барои занони ҳомила ва модарони ширхорадор дигар имтиёзҳо низ муқаррар карда шудаанд. Онҳоро ба кори шабона (аз соати 10 бегоҳ то соати 6 саҳар), ба кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, ба кори рӯзҳои истироҳат ва ид, ба навбатчигии баъди вақти кор ва шабона ҷалб кардан манъ аст. Онҳоро ҳатто бо розигии худ ба сафари хидматӣ фиристодан мумкин нест. Ба модароне, ки кӯдаки ширмак доранд, ғайр аз танаффуси умумӣ барои хӯроки пешин, боз баъди ҳар се соат танаффусҳои иловагии 30-дақиқагӣ дода мешаванд. Ҳангоми таваллуд кардани ду ва аз ин зиёд кӯдак мӯҳлати танаффус набояд аз як соат кам бошад. Ин танаффусҳо ба ҳисоби вақти кор дохил мешаванд.
Ба занони ҳомила рухсатии давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд пешбинӣ шудааст. Мӯҳлати он 140 рӯзи тақвимӣ мебошад ва дар ин вақт ёрдампулӣ дар давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд дода мешавад. Дар сурати таваллуди душвор ё ба дунё омадани ду ва зиёда аз он кӯдак рухсатӣ муфоиқан 156 ва 180 рӯзи тақвимиро дарбар мегирад. Дар давоми ин рухсатӣ ҳамаи имтиёзҳои пешинаи зан нигоҳ дошта шуда, худи мӯҳлати рухсатӣ ба стажи умумӣ ва стажи муттасили меҳнат, инчунин ба стаже дохил карда мешавад, ки барои гирифтани имтиёзҳои дигар (мас., рухсатии иловагӣ) ҳуқуқ медиҳад. Пеш аз рухсатии давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд ба зан мувофиқи аризаи ӯ сарфи назар аз стажи меҳнатӣ дар корхона, муассиса ва ташкилоти муайян ҳар сол рухсатӣ дода мешавад. Ба занон ғайр аз рухсатии давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд, то ба синни якунимсолагӣ расидани кӯдак рухсатии иловагӣ низ медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …