Главная / Ҷамъият / Имоми Аъзам Абўҳанифа

Имоми Аъзам Абўҳанифа

Дар бораи одами мағруре, ки мавҷудияти Худоро рад карда буд ва дар бораи он ки Имоми Аъзам Абўҳанифа ба ў чӣ ҷавоб дод:

Дар замонҳои қадим дар Бағдод як одами бисёр машҳур зиндагӣ мекард. Ўро Имоми Аъзам Абўҳанифа мегуфтанд. Ў бисёр олими барҷаста буд ва шогирдони бисёр дошт. Дар байни мардум ў аз эҳтироми бузург бархурдор буд.

Инчунин дар ҳамин вақт як марди мағруре зиндагӣ мекард, ки худро донандаи ҳамаи масъалаҳо меҳисобид. Ў тасдиқ мекард, ки Худо вуҷуд надорад ва ба ҳар ҷое, ки меомад, дар ин бора баҳс оғоз менамуд.

 Ин марди мағрур дар бораи Абўҳанифа хабар ёфт ва хост, ки бо вай баҳс доир намояд. Ў ба Бағдод омад, Абўҳанифаро пайдо кард ва ҳамон саволи худро бидод: «Оё Худо ҳаст ё Ў вуҷуд надорад?»

Абўҳанифа ҷавоб надод, танҳо гуфт, ки вай фардо дар вақти муайян ба фалон ҷой биёяд ва дар он ҷо ба саволи худ ҷавоб меёбад. Маълум аст, ки аз байни Бағдод дарёи Даҷла равон аст, ки шаҳрро ба ду қисм ҷудо мекунад.

Рўзи дигар дар вақти муайяншуда Абўҳанифа наомад. Марди мағрур то дер ўро интизор шуд ва ҳамон вақте ки рафтанӣ буд, ногаҳон Абўҳанифа пайдо гашт. Марди мағрур ўро бидиду овоз баланд кард: «Барои чӣ ту дер омадӣ? Ба фикрам ту метарсӣ, ки бо ман баҳс кунӣ!»

Абўҳанифа ба ў чунин ҷавоб дод:

– Не, ман наметарсам. Ту медонӣ, ки ман дар тарафи он сўи дарё будаи шаҳр зиндагӣ мекунам. Ва шабона тўфон пулро аз болои дарё канда бурд. Ва ман ба дарё наздик омадаму талаб намудам, ки ин пул худаш бе ёрии коргарон, сохтмончиён ва муҳандисон барқарор шавад. Фармон додам, ки дарахтҳо ва сангҳо рост биистанд. Ба дурустӣ, ин кор вақти муайянро аз ман гирифт ва ман ҳарчанд ки дер мондам, вале ба ҳар ҳол ин ҷо расида омадам.

Марди мағрур фарёд кард:

– Ту дурўғ мегўӣ! Оё пул метавонад бе ёрии коргарон, сохтмончиён ва муҳандисон худ аз худ сохта шавад? Оё касе, ки ба ин бовар мекунад, ноқисақл нест?

Абўҳанифа гуфт:

– Эй одам, бедор шав! Ту тасдиқ мекунӣ, ки пул худ аз худ сохта намешавад. Пас, ба фикри ту, ин коинот чӣ гуна худ аз худ пайдо шудааст? Зеро худ аз худ ҳатто як барге дар дарахт ба ҷунбиш намеояд. Аммо ту то ҳол дарнаёфтаӣ, ки ҳеҷ чиз бе сабаб худ аз худ пайдо намешавад! Ў бо ҳамин марди мағрурро муттаҳам кард.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …