Главная / Илм / ИМОЛА

ИМОЛА

imolaИМОЛА (юн. сlysma – шустан), ҳуқна, клизма, як усули табобат. И.-ро асосан барои ба рӯда гузаронидани дору ва ғизо кор мефармоянд. И. дар аснои тадқиқи рентгенологӣ ҳангоми бо рӯдаи рост ворид кардани моддаҳои аксдиҳанда (контрастӣ) низ истифода мешавад. И.-ро фақат духтур таъин мекунад, чунки истифодаи он дар мавриди баъзе бемориҳо (аппендитсит, печиши рӯда ва ғ.) метавонад оқибати нохуш ба бор орад.
Барои И. баллони резинии нокмонанди нӯгаш сахт ё мулоим, қифи найчааш қулфакдори резинӣ, инчунин дӯлчаи Эсмарх (резинӣ ё шишагин мешавад) – ро истифода мебаранд. Бо қулфак суръати ҷараёни моеъро ба низом медароранд.
Имолаи дарунрон дар мавриди қабзият, заҳролудӣ аз хӯрок, пеш аз тадқиқи рентгенологии узвҳои ҷавфи шикам ва коси хурд, қабл аз ҷарроҳӣ, таваллуд, инчунин пеш аз И.-и дору ва ғизодиҳӣ ба кор бурда мешавад. Баъзе И.-ҳои доруфиристӣ дар як вақт дарунрон ҳам мебошанд (мас., И.-и бобунагӣ, равғанӣ ва ғ.). И.-ҳои дарунрони обӣ боиси равонии наҷосат, ангезиши луобпардаи рӯда ва қазои ҳоҷат мегарданд. Миқдори моеъ, суръати воридсозӣ ва фишор ҳар қадар зиёд бошад, таъсири механикии И. ҳамон қадар пурзӯр (25 – 35°С) мешавад. Ба калонсолон барои И. ба ҳисоби миёна 1 л оби гарм кифоя аст. Зарфи моеъро дар баландии 1 – 1,5 м ҷойгир мекунанд. Барои пурзӯр кардани таъсири об дар он собун («Детское», «Банное»), 2 – 3 қошуқ глитсерин ё равғани растаниро ҳал менамоянд. Ба дӯлчаи Эсмарх об ё моеъи таркибу ҳарораташ муайянро меандозанд, қулфакро кушода ҳаворо мебароранд, баъд қулфакро маҳкам карда, дӯлчаро аз кат болотар меовезанд. Ба нӯги И. глитсерин ё вазелин мемоланд. Беморро ба паҳлӯи чап наздиктар ба канори бистар (пойҳоро қат кунонда ва зонуҳоро ба шикам наздик оварда) мехобонанд. Ба зери бемор клёнка гузошта, як тарафи онро ба тағора овезон мекунанд. Агар ба бемор ҳаракат кардан мумкин набошад, ӯро дар ҳолати рӯболо хобиданаш И. кардан мумкин аст; дар ин сурат ба таги бемор тубак мегузоранд. Агар мушакҳои шикам аз ҳад зиёд таранг бошанд, пас бо ёрии корманди тиб ӯро ба оринҷу зону такя кунонда И. мекунанд. Бо ёрии нарангушт ва ангушти ишоратии дасти чап думбаи беморро андаке боло кашида, бо дасти рост нӯги И.-ро 10 – 12 см ба рӯдаи рост дохил мекунанд; баъд қулфакро мекушоянд. Агар об ба рӯда наравад, нӯги И.-ро каме берун кашида, дӯлчаро баландтар мебардоранд ва фишори обро меафзоянд. Баъди ба рӯда фиристодани об 5 – 10 дақ. аз қазои ҳоҷат худдорӣ бояд кард.
Барои И.-ҳои равғанӣ аз равғанҳои растанӣ истифода мебаранд. Онҳоро ба рӯда дар ҳаҷми 200 мл (барои кӯдакон 30 – 50 мл) ворид мекунанд. Барои ин баллонҳои нокмонандро истифода бурда, И.-ро шабона мегузаронанд (рӯдаҳо то саҳар холӣ мешаванд).
Барои И.-ҳои гипертонӣ маҳлули 10% намаки ош ё маҳлули 20 – 30%-и сулфати магнийро истифода бурда, ба миқдори 50 – 100 мл бо баллони нокмонанд ворид мекунанд. Бемор бояд аз қазои ҳоҷат 20 – 30 дақ. худдорӣ кунад.
И.-и сифонӣ нисбатан самарабахш буда, аз 10 – 12 л оби тозаи гарм иборат аст. Ин навъи И.-ро бо ёрии қифи гунҷоишаш 1 л (ва зиёдтар), ки найчаи резинӣ (қутраш 1 см ва дарозиаш 1,5 м) дорад, иҷро мекунанд. Шустани рӯда ба тарзи кори зарфҳои пайваста ё сифон асос ёфтааст.
Имолаҳои табобатиро бо мақсади таъсир расондани дору ба луобпардаи рӯда ва ба организм фиристодани доруе, ки ба воситаи рӯда ҷаббида мешавад, ба кор мебаранд. Доруҳо бо И.-ҳои хурд (100 мл ва аз он хурдтар) беҳтар ҷаббида мешаванд. Пеш аз И.-и табобатӣ И.-и дарунронро истифода бурдан зарур аст.
Имолаҳои ғизодиҳӣ барои таъмини эҳтиёҷоти организм ба об, намаки ош ва моддаҳои ғизоӣ истифода мешаванд. Бо ин мақсад аз маҳлули изотонии хлориди натрий, маҳлули 5%-и глюкоза, инчунин маҳлули аминокислотаҳо истифода мекунанд. Пеш аз ин И.-и дарунронро кор мефармоянд. И.-ҳои ғизодиҳиро, одатан, бо таъиноти духтур дар муассисаҳои табобатӣ ба ҷо меоранд.
Имолаи кӯдакон. Ба кӯдакон И.-ҳои дарунрон, табобатӣ ва ғизодиҳӣ таъин мекунанд. Барои И.-и дарунрон оби ҷӯшидаи гармиаш то 28 – 30°-ро кор мефармоянд. Миқдори оби И. ба синну соли кӯдак вобаста аст. Ба навзодони то 1-моҳа 30 мл, 1 – 3-моҳа – 60 мл, 3 – 6-моҳа – 90 мл, 6 – 9-моҳа 120 – 150 мл, 9 – 12-моҳа – 180 мл, 1 – 2-сола – 200 мл, 2 – 5-сола – 300 мл, 6 – 9-сола – 400 мл, 10 – 14-сола – 500 мл моеъ ворид мекунанд.
Ба кӯдакони то 5-сола моеъро бо баллони нокмонанд мегузаронанд. Ба нӯги И. пеш аз истифода вазелин мемоланд. Моеъро оҳиста (бе фишори сахт) ворид бояд кард. Бе маслиҳати духтур И. кардани кӯдакон ҷоиз нест, зеро кӯдак ба он тез одат мекунад ва И.-и бисёр зарар дорад. И.-ҳои табобатиро баъди 15 дақиқаи И.-и дарунрон ба ҷо меоранд. Дар аснои И.-и ғизогузаронӣ диққат бояд дод, ки маҳлул хунук нашавад ва ба рӯда қатра-қатра равад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …