Главная / Илм / ИММУНОГЛОБУЛИНҲО

ИММУНОГЛОБУЛИНҲО

immunoglobulinhoИММУНОГЛОБУЛИНҲО (лот. immunis – озод, аз чизе халосшуда ва globulus – кура), сафедаи зардоб ва тарашшӯҳи одаму ҳайвонот, ки мисли подтанҳо буда, дар кори муҳофизати организм аз ангезандаи бемориҳои сироятӣ ширкат меварзанд.
И. ба 5 гурӯҳ ҷудо мешаванд. IgG, IgA, IgM, IgD ва IgE. Дар таркиби зардоби хуни одам миқдори IgG тақр. 1,2 г/100 мл аст (70 – 80%-и ҳамон И.-ро ташкил мекунад). IgA дар зардоби хун ва тарашшӯҳот (оби даҳон, фалла ва ғ.) дар шакли полимерҳо вуҷуд дорад. Дар IgM ба муқобили эндотоксин (липополисахарид)-ҳои бактерияҳои граммусбат ва вирусҳо подтанҳо ошкор карда шудаанд. Миқдори IgD ва IgE дар зардоби хун кам мебошад. IgE подтанҳое дорад, ки дар аксуламалҳои аллергӣ иштирок мекунанд. Дар мавриди баъзе бемориҳо миқдори И. дар зардоби хун тағйир меёбад (барои ташхиси маризӣ муҳим аст).
Ҷузъи асосии доруҳои иммуноглобулинӣ IgG мебошад. Барои пешгирии сурхакон, гепатити вирусии А ва диг. бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин табобати гипогаммаглобулинемия ва агаммаглобулинемия аз доруи «Иммуноглобулини мӯътадили одам» (номи қаблиаш «Гаммаглобулин барои пешгирии сурхакон») истифода мекунанд. Он аз маҳлули 10%-аи гамма-глобулини зардоби хун иборат аст. Вояи муқаррарии он барои истифода 1,5 – 3 мл мебошад (фақат ба мушак мефиристанд). Бо мақсади табобат доруи махсуси «Иммуноглобулини мӯътадили одам барои тазриқи дохиливаридӣ» истеҳсол мешавад, ки вояи истифодаи он 25 – 50 мл аст.
И.-и махсус, ки ба муқобили ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ё заҳри онҳо подтан доранд, аз плазма ё зардоби хуни донорҳо (бо антигенҳои мувофиқ масуниятнок карда шудаанд) ҳосил карда мешаванд. Ба ин гуна доруҳо И.-и зидди кузоз, стафилококкҳо, грипп, энсефалит, сурфакабутак ва ғ. мансубанд.
Барои пешгирии бемории гемолизии навзодҳо, ки бар асари номувофиқии резуси хуни модару падар инкишоф меёбад, иммуноглобулини антирезусӣ истифода мешавад. Онро аз зардоби хуни одаме, ки ба муқобили резус-антиген подтани зиёд дорад, ҳосил мекунанд. Иммуноглобулини антирезусӣ баъди 48 – 72 соати ба дунё омадани кӯдак кор фармуда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …