Главная / Гуногун / ИМКОНИЯТҲОИ КОМПЮТЕР

ИМКОНИЯТҲОИ КОМПЮТЕР

Компютер – пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рўзғори хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Компютер низ аз якчанд қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат буда, барои иҷро намудани ягон мақсади муайян хизмат мерасонад.

Маҳз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро ба автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хўрокпазӣ хеле монанд месозад. Вале дар баробари монандӣ компютер боз хосиятҳои махсусро низ соҳиб аст, ки онҳо онро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.

exnologiyai-info-2

Хосияти аз ҳама асосии компютер ин суръати беандоза баланди ҳисоббарории он мебошад. Худи мафҳуми компютер низ маҳз бо ҳамин хосияти он алоқаманд аст: сomputeқ ҳисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерҳои аввалин дар як сония метавонистанд садҳо ҳазор ададҳоро ба ҳам ҷамъ созанд. Компютерҳои ҳозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он низ зиёдтар ададҳоро ҷамъ намоянд. Аслан, вақте ки сухан дар бораи зудкории компютер меравад, ҳатто аз калимаи сония истифода ҳам намебаранд.

Дар чунин мавридҳо аз калимаҳои микросония ё наносония истифода мебаранд:

1сония=1миллион микросония=1миллиард наносония. Компютерҳо дар баробари хеле зудкор буданашон, боз таҷҳизоти беандоза боэътимод ба шумор мераванд. Масалан, шахсе, ки бо ёрии қаламу коғаз баъзе ҳисобкуниҳоро анҷом доданӣ аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд хатогӣ содир намояд. Пас аз якчанд соати корӣ бошад, ў аз хастагӣ метавонад ба миқдори зиёдтари хатогиҳо роҳ

диҳад. Фарқи компютер аз инсон дар он аст, ки компютер ҳисоббарориҳоро зудтар ва аниқтар иҷро менамояд ва якчанд соат ё ҳатто рўзҳо бе танаффус кор карда, аз хастагӣ шикоят наменамояд.

Дигар арзиши хеле муҳими компютерҳо аз он иборат аст, ки онҳо имконияти қабул кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани информатсияю командаҳоро доранд. Ин хосияти компютерҳо онҳоро ба мошинҳои беҳамто ва бе мислу монанд табдил медиҳад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки он чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини муқаррарии чопкунии механикӣ ё электрикӣ метавонад, пагоҳ матни имрўз чопнамудаашро ба хотир орад? Албатта ҳеҷгоҳ на! Аммо компютер ба ин кор қодир аст. Он бо ёрии як ё якчанд команда метавонад чунин матнро даҳҳо маротиба ва барои даҳҳо шахсони гуногун барқарор намояд.

Хосияти марказӣ ва муҳимтарини компютер дар он аст, ки он мошини оддӣ набуда, балки мошини электронӣ аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳам, онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) мегўянд. Компютерҳо ҳамаи вазифаҳояшонро бо ёрии программаҳо ба таври автоматӣ, яъне бе иштироки одам иҷро менамоянд. Идоракунии аксарият мошинҳои ғайри МЭҲ бошад, асосан ба ўҳдаи инсон гузошта шудааст.

Саволҳо:

  1. Компютер бо дигар мошинҳо чӣ монандӣ дорад?
  2. Хосиятҳои фарқкунандаи компютер аз дигар мошинҳо дар чист?
  3. Компютерҳои ҳозиразамон тақрибан дар як сония чӣ қадар амалро иҷро карда метавонанд?
  4. Боэътимодии компютер чӣ маъно дорад?
  5. Компютер вазифаҳои дар наздаш гузошташударо дар асоси чӣ иҷро менамояд?
  6. Ихтирои компютерро бо кадом дастоварҳои беҳтарини инсоният муқоиса намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Вазифаҳо ва хосиятҳои компютерро бо вазифаҳо ва хосиятҳои телевизор, мошини барқии чопкунӣ ва автомобил муқоиса намоед ва дар дафтар ҳамаи умумиятҳо ва фарқиятҳои онҳоро номбар кунед.

 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …