Главная / Илм / ИЛОҚӣ

ИЛОҚӣ

nophotoИЛОҚӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1068), Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ мулаққаб ба Шарафуззамон (Шарафуддин), табиб, яке аз шогирдони Ибни Сино. Дар Бухоро таҳсили илм кардааст. И. бахшида ба тиб ва таърихи он як қатор асарҳо эҷод намудааст, ки аз онҳо «Куллиёту-л-тибби Илоқӣ» («Куллиёти тибби Илоқӣ»), «Фусулу Илоқӣ фи-куллиёти тиб» («Куллиёти тиб»), Бобҳои Илоқӣ дар «Мухтасари Илоқӣ» ё «Мухтасару-л-қонун», «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» («Китоби сабабҳо ва аломатҳо»), «Муолиҷоти Илоқӣ» маълум ва дастрасанд. И. дар асарҳояш оид ба сабаб, аломат, ташхис ва усулҳои пешгирию муолиҷаи бемориҳои гуногун маълумоти фаровон гирд овардааст. Ду нусхаи дастхати «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» дар китобхонаҳои Бейрут (Лубнон) ва Искандария (Миср), ду нусхаи дастхати «Куллиёти тибби Илоқӣ» ва «Фусулу Илоқӣ фи куллиёти тиб» дар китобхонаҳои Париж ва Санкт-Петербург маҳфузанд.
И. дар ҷанги Қатавон дар панҷфарсангии Самарқанд кушта шудааст.
Ад.: Муҳаммад Муъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 5, Теҳрон, 1379 ҳ. ш.; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …